ирода
Бонуе, ки атрофаш ҳарф мезанем, воқеан ғолиби зиндагии хеш аст. Агарчи маълул асту бо нуқсони модарзодӣ ба дунё омада, аз қисмат наменоладу ба сози ҳастӣ ҳамӌӯр гардидааст. Аз як дасту по маҳрум тамоми корҳои хонаро ба хубӣ сомон дода, ҳатто чун чевари моҳир вирди забони аҳли деҳа гаштааст. Маблағи бо заҳмати ҳалол ба даст овардаашро сарфи таъмини рӯзгор менамояд.
Ин бонуи бо заҳмат обутобёфта Саодат Хоӌаева 40 сол дорад. Вай дар деҳаи Пушёни Поёни ноҳияи Восеъ ба сар мебарад. Аз миёни фарзандони падар танҳо ӯ бо нуқсон ба дунё омадааст. Волидонаш бо пайванди хешутаборӣ оила барпо намудаанд…
Саодат аз хурдсолӣ саъй мекард, ки қатори дигар аҳли хонавода дар иӌрои корҳои хоӌагӣ баробар заҳмат бикашад. Ӌаҳд менамуд, ки ба корҳои модар ёрӣ расонад. Пас аз анӌоми амалҳо хурсанд мешуд. Баъди издивоӌи бародараш ва омадани наварӯс ба манзили онҳо саҳифаи наве дар зиндагии ин духтарак боз шуд. Ҳамсари бародараш, ки бонуи ҳунарманду покизарӯзгор буд, Саодат аз ӯ ҳунарҳои зиёде, амсоли дӯзандагиву бофандагӣ омӯхт.
- Аз хурдӣ дар баробари як даст бо як пой кор карданро ёд гирифтам. Доим андешае маро канор намегузошт, ки бояд аз уҳдаи худ барояму дастнигари касе набошам. Шукри Худо, то ҳол тамоми корҳои хона, амсоли хонарӯбӣ, хамиру фатирпазӣ, таҳияи хӯрокҳоро худам анӌом медиҳам. Либоси се фарзанд ва шавҳарамро мешӯяму ҳамеша дар андешаи онам, ки онҳо бояд мисли дигарон тозаю олуфта бошанд, -мегӯяд Саодат.
Шавҳараш Тоӌиддин Маҳмадалиев иштирокчии ӌанги Афғонистон буда, қаблан издивоӌи бебарор дошт. Ин маротиб дар интихоби ҳамсар хато накард, ҳоло аз Саодат мамнун асту розӣ.
- Ба як нигоҳ ҳамдигарро хуб мефаҳмем. Шукр, се фарзанд дорему рӯзгори осоишта ба сар мебарем. Ҳамсарам дар баробари ман дар рӯзгордорӣ заҳмат мекашаду пеши сарнавишт наменолад. Ҳамроҳ маҳсулоти кишоварзӣ парвариш намуда, ба фурӯш мебарорем. Саодатро барои қалби бузург, қаноатмандӣ, меҳрубонӣ ва хушбинияш дӯст медорам, - иброз медорад шавҳараш.
Ин ӌуфти заҳматқарин аз зиндагии хоксоронаи хеш ризою қаноатманд, аз камиву костӣ, аз шебу фарози зиндагӣ пеши касе шикоят набурдаанд.
Барои таъмини рӯзгор ва тарбияи фарзандон амаки Тоӌиддин бештар ба кори саҳро шуғл варзида, киштукори замини наздиҳавлигиро асосан холаи Саодат анӌом медиҳад. Саҳни ҳавлӣ ҳам сарсабзу хуррам асту аз заҳматқаринии соҳибони хона дарак меорад.
Андешаи солим
- Агар одам кореро сомон додан хоҳад, бояд пайи иӌрои он ӌаҳду кӯшиш намояд. Иқтидори инсон фаротар аз доираи тасаввури мост, ки на ҳама вақт онро самаранок истифода мебарад. Муҳим андешаи солим ва хоҳиши бузург доштан аст, ки ӌисмро ба ин ё он кор водор менамояд. Бисёриҳо ба корҳои анӌом медодаи ман бо назари тааӌӌуб менигаранд, - иқрор меояд ин бону.
Саодат гулдӯзиву дӯзандагӣ анӌом медиҳад. Барои наварӯсони деҳ гулдӯзиҳои ӯ хушоянданду арзиши дастрас доранд. Гулкориҳои бонуи зиндагидӯст ошёни навхонадоронро зинат медиҳад. Мувофиқ ба табъу завқи ӌавондухтарону бонувони солманд шерозаҳо таҳия карда, ба фурӯш мегузорад ва муштариёни ҳунараш ҳам кам нестанд.
Тарбия
Холаи Саодат се писари меҳрубонашро тарбияи хуб дода, онҳоро дар рӯҳияи меҳнатписандӣ ва ватандӯстӣ ба камол мерасонад.
- Писари калониям, ки ба синфи даҳум мегузарад, орзуи муҳофизи Ватан шуданро дар дил мепарварад. Мо ҳамеша даст ба дуоем, ки фарзандони мо мавқеи худро дар зиндагӣ дарёфта, нафърасони ӌомеа гарданд. Хизмати Модар-Ватанро сарбаландона адо намуда, бо заҳмати ҳалол рӯз гузаронанд. Ба он чизе, ки моро дар зиндагӣ насиб гаштааст, бояд шукрона кунем. Оилаи солим, фарзандон, оромиву осоиштагии кишвар муҳимтар аз ҳама чиз аст, ки луқмаи ҳалол дарёфт менамоему бо хушнудӣ онро тановул мекунем, - мегӯяд холаи Саодат.
Ӯву шавҳараш, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ноҳия сипосгузоранд. Бо вуӌуди ин, барои беҳбудии зиндагӣ якӌоя заҳмат мекашанду мегӯянд, ки кашидани бори зиндагӣ барои як нафар узви хонавода душвор хоҳад омад.
- Соҳибхоназанон, ки маълумоти олӣ надоранд, дар қатори занони таҳсилдида метавонанд нафърасони ӌомеа ва бахусус хонаи хеш бошанд. Дарёфти даромади иловагӣ барои хонавода зиёд аст. Масалан, аз зироаткорӣ, ҳунарҳои гуногуни дастӣ зан метавонад рӯзӣ пайдо намояд. Ба иллати норасоии ин ё он чиз баҳона пеш овардан кори саҳл аст, аммо рӯзгори мисли мо - бонувон бояд барои чунин нафарон ибрат гардад, ки танҳо тавассути эътиқоду боварӣ ба фардои нек ва заҳмати зиёд гавҳари мақсудро ба даст овардаем, -иброз медорад холаи Саодат.
Дирӯзу имрӯз
- Ҳеӌ бовар надоштам, ки зери таваӌӌуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирам. Эшон дар яке аз суханрониҳои хеш заҳмати маро мисол оварданду аз он пас мисли нигин ангуштнамо шудам. Намояндагони мақомоти давлатии ноҳияву вилоят ба кулбаи хоксоронаи мо ташриф овардаву бароямон зиёд мадад расонданд. Хонаамонро пурра таъмир ва тамоми ашёҳои рӯзгорро таъмин намуданд. Зиндагии мо ба пуррагӣ ранги дигар гирифту шароити беҳтаре баҳрамон муҳайё шуд. Аз ҳамаи он нафароне, ки ба мо дасти ёрӣ дароз карданд, хеле миннатдорем, - мегӯяд ин бону.
Холаи Саодат ба суолу пурсуӌӯи беист посухи самимӣ дода, боре аз қисмат, аз маълулии хеш лаб ба шикоят набурд. Ба ҳама чиз назари нек дошту дар чеҳрааш нишоне аз яъсу ноумедиро надошт. Чунин бонувони дарёдил зиндагиро бо рангҳои возеҳ мунаққаш ва дар қалбҳои дигарон ҳисси боварӣ ба хешро бедор месозанд.
Фарзона ВОСЕЕВА,
ноҳияи Восеъ

ӯву шавҳараш, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ноҳия сипосгузоранд. Бо вуӌуди ин, барои беҳбудии зиндагӣ якӌоя заҳмат мекашанду мегӯянд, ки кашидани бори зиндагӣ барои як нафар узви хонавода душвор хоҳад омад.