Хуросон - қаламрави кӯҳу пуштадор ва дашту саҳроҳои аз ӌангалу боғҳои пурмева, садгиёҳу ҳазордона ва рустаниҳои гуногуни сарсабзу серҳосил аз ноҳияҳои номдори ӌануби Тоӌикистон ба ҳисоб меравад, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе - Бохтар воқеъ аст. Чун одату расми аӌдодӣ сокинони минтақаҳои кӯҳу пуштаҳои зебоманзаре, ки аз доманакӯҳои Ҳисори бостонӣ то адиру ёлаҳои Қубодиён тӯл мекашад, дар ягон давру замон зодбуми аӌдодии худро ба макони дигар иваз накардаанд. Магар бар асари ҳодисаҳои табиї, ки боиси харобу аз байн рафтани рустоҳои воқеъ дар мавзеъҳои ноҳамвору аз лиҳози ӌуғрофӣ хавфнок гардида бошад. Бо амри тақдир борону сели ин баҳорон ҳам боиси хароб гардидани рустоҳои воқеъ дар минтақаҳои хавфноки ноҳияи Хуросон гардид. Баъди ӌудо гардидани майдони 6,3 гектар барои бунёди деҳаи нав дар яке аз мавзеҳои хушобу ҳаво корҳои сохтмонии 68 тарҳи манзилҳои истиқоматӣ барои оилаҳои аз офати табии зарардида, оғоз гардид. Ҳаминак, аз субҳи содиқ омаду рафти нақлиёти пурбору мошинҳои мусофирбар ба мавзеи барои деҳаи нав ӌудогардида, канда намешавад. Дар баробари таъмини масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ ва ашёву ӌиҳози гуногуни рӯзгор барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои ҳар хонаводаи дар хаймаҳо сукунатдошта як гурӯҳи иборат аз мутахассисони бинокор ва коргарони ихтиёрӣ сафарбар гардидаанд.
Ба гуфтаи Подшоҳзода Нуринисо, муовини раиси ноҳияи Хуросон, дар ин мавзеи барои бунёди деҳаи нав муносиб то арафаи ӌашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ӌумҳурии Тоӌикистон 68 манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад. Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ҳар як хонаи истиқоматї масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас карда шудааст. Ҳамчунин, то имрӯз аз ӌониби Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон, ташкилотҳои хайрхоҳи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва роҳбарияти мақомоти иӌрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои сокинон хаймаҳо, кӯмакҳои гуногун расонида шуда истодааст. Рафти корҳои сохтмонӣ, санӌиши солимии сокинони хаймаҳо, гурӯҳҳои бинокорон ва ҳалли дигар мушкилиҳои пешомад тавассути Ситоди рафъи ҳодисаҳои табии назорат бурда мешавад.
Барои ҳар чи барвақттар сохта ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони хаймаҳо садҳо тан сокинони касбу кори гуногуни шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ёрии худро расонида истодаанд. Дар баробари кормандони соҳаҳои гуногуни хоӌагии халқи ноҳияи Хуросон, ҳамарӯза даҳҳо гурӯҳҳои ихтиёриён аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят ба ёрии мардуми аз офати табии зарардида меоянд.
Дар майдони иборат аз ҳазорон нафар иштирокчиёни ҳашари оммавӣ як гурӯҳ ӌавонони сарулибоси норанӌипӯш ба чашм мерасанд, ки бо ӌаҳду ғайрати бемисл заҳмат мекашанд. Аз суҳбат бо саркори ин гурӯҳ Зафар Алиев маълумамон гардид, ки онҳо дастаи кормандону ӌавонони ихтиёрии КИ ҲХДТ ноҳияи Ӌалолиддини Балхӣ мебошанд.
– Мо кормандону ихтиёриёни ҲХДТ дар вилояти Хатлон тасмим гирифтаем, ки як манзили истиқоматиро аз таҳкурсии он то ба охир сохта ба истифодаи оилае диҳем, ки дар хаймаи рӯ ба рӯи мо истиқомат доранд,- мегӯяд З. Алиев.
- Сокинони аз офати табиї зарардидаи ноҳияи Хуросон аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯмакҳои шабонарӯзии ташкилоту сохторҳои давлатӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, ба оянда назари нек доранд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳар бори дар ин ё он минтақаи кишвар рӯй додани ҳодисаҳои табиї Сарвари давлат ҳамеша дар барии мардуми худ аст,- мегӯяд сокини яке аз хаймаҳо Рамазон Юсупов ва илова мекунад: – ману се писарам, ки ҳамагӣ соҳиби зану фарзанданд дар як ҳавлӣ истиқомат мекардем. Дар ин шабу рӯзҳо ду писарам дар муҳоӌирати корӣ қарор дошта, боқӣ 15 нафар аъзоёни хонаводаи бе манзили истиқоматӣ мондаи ману фарзандонам зери сарпарастию нигоҳубини давлат қарор дорем.
Ба қавли Р. Юсупов барои сохтмони хонаҳои нав тамоми масолеҳи сохтмониро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ӌумҳурии Тоӌикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон фиристодаанд. Дар бунёди хонаҳо ва дигар эҳтиёӌоти рӯзмара раиси вилоят ва дигар масъулон ба мо кӯмак расонида истодаанд.
Бобои Рамазон бо ҳамсараш нафақахӯранд ва дар шароити зиндагӣ дар хайма ҳам бекор наистода, ба тарбияи наберагонашон машғул мешаванд. Марям набераи панӌсолаи онҳо аз ҳоли ҳозир барои омодагӣ ба таҳсил дар синфи ибтидоӣ шеъру порчаҳо аз маснавию достонҳои ирфониро аз ёд медонад.
- Ман ба бобои азизу меҳрубони тамоми кӯдакони Тоӌикистон Эмомалӣ Раҳмон салому ташаккур мегӯям, ки бо ёрдаму супориши онҳо барои мо хонаи нав месозанд. Ваъда медиҳам, ки то омадани бобоӌони азизамон шеърҳои беҳтаринро аз ёд карда, дар наздаш баромад мекунам, мегўяд Марям.
Аз суҳбату дидор бо сокинони аз офати табии зарардида бармеяод, ки онҳо ин рӯзу рӯзгоронро имтиҳони зиндагӣ пиндошта, баҳри рафъи ин ҳодисаи табии ва бунёду манзилҳои наву идомаи ҳаёти шоиставу осоишта аз як гиребон сар баровардаанд.
- Таваӌӌуҳи Сарвари давлат ва кӯмаку дастгирии доимии Ҳукумати Ӌумҳурии Тоӌикистони ва роҳбарияти вилояту ноҳия ҳар инсони худогоҳро ба андеша водор месозад, ки шукри тақдир ба ӌо оварда, дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ сарӌамъу тиффоқ бошем,- мегӯянд сокинони ноҳияи Хуросон.
Ӌамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Хуросон