Тимсоли бонувони фидокор
Соати гуфтугӯ аз садои дилнавозу ӌаззобияти қиссаҳои зарофатомезаш касро шӯру эҳсоси хуше фаро мегирад. Дар ҳузури ин модари дарёдил, ки умри худро ба сабзкории диёру рушди яке аз хоӌагиҳои овозадори кишвар бахшида, маънии зиндагиро хизмат ба халқу Ватан мегуморад.
Дар симои ин зумра фарзонаҳои даврони авӌу ривоӌи соҳаи кишоварзӣ, ки бо корномаи ибратомӯзи хеш мардумро ба заҳмати ҳалолу фидокориҳои меҳандӯстона ташвиқ мекарданд, пешравони мардумие муаррифӣ меёбанд, ки ҳампайи фотеҳони меҳнат Гавҳарбӣ Пиракова ва Миралӣ Маҳмадалиев дар пешрафту дастовардҳои бузурги хоӌагиҳои машҳури кишвар саҳми сазовор доранд.
Овозаи донишу лаёқати баланди муаллими ӌавон дар кори таълиму тарбия ва пешбарию дигаргунсозиҳои ӌадиди ташкилоти комсомолӣ ва иттифоқҳои касабаи дабистони №17 деҳаи Гулистон солҳо боз мавриди таваӌӌуҳи роҳбарони ноҳия буд. Аз қазо дар яке аз ӌаласаҳои вакилони маҳаллӣ Миралӣ Маҳмадалиеви номдор Сокинамоҳро ба вазифаи раиси Ӌамоати деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ пешбарӣ менамояд.
Бо вуӌуди таӌрибаи зиёди омӯзгорию фаъолиятҳои вакилӣ ва эҳсоси тавону боварӣ дар пешбарии ташаббусҳои ӌамъиятии мактабу маҳалла, роҳбарии деҳоти мазкур бароям масъулияти бағоят ӌиддӣ метофт, - иқрор дошт дар оғоз Сокинамоҳ Одинаева. - Аммо ба қавли «Бе пир марав, ки дар бимонӣ» таклифи раиси соҳибэҳтиромро аз гардишҳои қисмат гӯён, роҳбарии деҳоти мазкурро бар дӯш гирифтам.
- Дар он овон, ки бонувони рустоӣ дар муассисаҳои олӣ ва кору вазифаҳои давлатӣ камшумор буданд, ӌалби ин қишри осебпазирро ба таҳсилоти олӣ ва арсаҳои корзор аз самтҳои муҳими фаъолияти раиси ӌамоат медонистам. Сарфи назар ба тафаккури хурофотии ӌомеаи он давра, ки мардум аз хавфи таънаву маломати ҳамдигарӣ монеи таҳсилоти касбии духтарон мешуданд, ба мо, маъмурони деҳот, муяссар мешуд, ки роҳнамои беҳтарин дурдонаҳои деҳот ба кору ҳунаромӯзӣ бошем.
Сокинамоҳ ҳанӯз аз синни наврасӣ сарбориҳои занони хонашин ва заҳмати миёншикани онон дар сардию гармиҳои саҳрои пахтаро аз ноадолатиҳои иӌтимоии сохтор медонист. Орзуманди пешаи омӯзгорӣ дар симои нахустин муаллимаи деҳа, ки ба тозагӣ аз шаҳри Кӯлоб омада буд, идеали худро медид, ки роҳнамои ӯ дар зиндагӣ бошад. Дар зимни тақвияти донишу маҳорат муаллима дар замири саршор аз шавқу шӯри хонандаи ӌавон ҳисси меҳру садоқати бегазанд ба касби пуршарафро мепарварид. Ба пиндори устоду шогирд, ки суҳбатҳои дилангезашон соатҳои фориғ аз дарс ҳам тӯл мекашид, руӌуи аввалин духтари маҳалла ба таҳсилоти олӣ ҳангомаи зиёдеро дар пай хоҳад дошт. Дар он шабу рӯз такони андешаҳои ҳамдиёрон ё баръакс, тақвияти тафаккури хурофотии мардум нисбат ба ояндаи духтарон аз чӣ гуна донишгоҳро ба итмом расондани Сокинамоҳ вобастагӣ дошт. Бо мурури натиӌагирӣ аз касбомӯзии ӌавондухтарон ва афзудани ҳузури бонувони пешоҳанг дар ӌабҳаҳои гуногун, мардум хоҳони илму ҳунаромӯзии духтарон шуданд.
То истиқболи тулӯи сапедадам, аллакай ҳудуди Ӌамоати деҳоти «Гулистон» - ро як бор давр зада, лаби ӌӯйи мусаффое гарди дасту доман меафшондам, - гузаштаро ба ёд меорад Сокинамоҳ. - Раҳораҳ раис Миралӣ Маҳмадалиевро рӯ ба рӯ меомадам, ки кори ҳаррӯзааш аз санӌишу назораи вазъи корҳои саҳро оғоз меёфт. Аз ҳар дидори сарироҳӣ бо ин марди шариф, ки ҳастии хешро ба кори саҳро бахшида буд, роҳи ҳалли мушкилу муаммоеро дарёфтаам. ӯ аз набзи ӌомеа ва афкору розу ниёзҳои мардуми деҳот ба мисли илму асрори кишоварзӣ огаҳии хуб дошт,- мегӯяд ӯ.
Ба шарофати чунин роҳбарону пешқадамони хоӌагии қишлоқ ноҳияи Восеъ бо ҳосили фаровони пахтаву истеҳсоли барзиёди маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ машҳур гардид. Мутаассифона, дар ҳодисаҳои шаҳрвандӣ дастоварду ободиҳо ва сарвату дороии хоӌагиҳои пахтакор бар боди фано рафт. Ғорати ошкорои молу амволи хоӌагиҳои кишоварзиро дида, фотеҳони сарзамин узлатнишиниро ихтиёр карданд. Сокинамоҳ, ки аз бими силоҳбадастон корҳои идориро шабона анӌом медод, билохира, тарки вазифа карда, ба пешаи омӯзгорӣ баргашт. Мисли солҳои пешин берун аз фаъолияти касбӣ таваӌӌуҳи бонувону ӌавононро ба ободонию кабудизоркунии кӯчаҳо ва накукориҳои дастаӌамъона ӌалб месохт.
Ба қавли ҳамдеҳагон, Сокинамоҳ намоди бедории модари тоӌик аст, ки бо корномаи шоёни таҳсинаш дар ёду қалбҳои наслҳои нав маъво гирифтааст. Солҳои 2002- 2015 ба ҳайси муовини раиси Ӌамоати деҳоти «Гулистон» - и ноҳияи Восеъ, дар ободию шукуфоии маҳалҳо, ӌалби бонувон ба коргоҳҳои дӯзандагию шуғлҳои музднок ва иӌрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои зиёд намуд.
Хонашиниро напазируфт, ки дар овони нафақахӯрӣ ҳам тариқи шартнома бо ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ва самти кор бо занон ва оилаи ӌамоати мазкур ҳамкорӣ дорад. Ҳаммаслакон ба садоқату қаноатпешагии ӯ тан медиҳанд, ки тӯли ним асри хизмати шоиста боре ҳам аз ниёзмандиҳои худ лаб намекушояд. Ҳол он ки то кунун дар ҳавлии падар ба сар дошта, дар саҳни ҳавлии он барои ҳавасмандони ҳунарҳои мардумӣ дукони дӯзандагӣ таъсис додааст.
- Ташаббусҳои хирадмандонаи Сарвари давлатро дар масири рушду пешрафтҳои кишварамон дида, гуфтаҳои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев ба ёдам меояд, ки дар шабу рӯзи Иӌлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоӌикистон гуфта буд: «Акнун бо хотири осуда ба нафақа бароем ҳам мешавад, ки ман таӌассуми ояндаи дурахшони Тоӌикистонро дар симои ин ӌавонмарди асил мебинам». Инак, дар гузори 29 соли даврони соҳибистиқлолӣ ҳар гоҳи дидори Президенти Тоӌикистон пешгӯиҳои пири кор дар гӯшам садо медиҳанд, - мегӯяд Сокинамоҳ Одинаева.
Ӌ. САЙФИДДИН,
ноҳияи Восеъ