Машъали сулҳ дар замир
Заминро сарчашмаи таъмини рӯзгор, макони машғулиятҳои дилписанд ва василаи оромиши рӯҳу равони хеш аз гиру дори зиндагӣ мешуморад. Мояи шавқу рағбати беандозаи вай ба шуғлҳои заминдорӣ ба даврони эҳёи навини Тоӌикистон рост меояд, ки бо иродаи фарзанди барӯманди миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар фазои сулҳу оромӣ ҳукмрон гардида, муҳоӌирони иӌборӣ ба хонаву диёри хеш бозомаданд.
Зулҳия, ки ҳанӯз дар баҳори бистудусолагӣ бо тифле дар оғӯш ранӌу талхиҳои гурезагиро чашидааст, ба такрор изҳор медорад, ки бар ивази хайру осоиштагӣ хоки дари хонаи худро аз ҳама сарвати дунё авлотар меҳисобид. Дар он шабу рӯз ҳар қадар ваҳшату касофатии душманони сарзамин ба зовияҳои дуродури водии Вахш доман мегустурд, корвони зиёдаи мардумонаш савору пиёда диёру манзилҳои худро тарк гуфта, рӯ ба фирор меоварданд.
-Ман, ки аз остони падар то хонаи шавҳар ба ӌуз роҳи мактабу кори саҳро ӌойи дигарро надида будам, ғарибию уқубати он рӯзҳоро бадтар аз марг медонистам,- оҳи пурдард мекашад Зулҳия Солеҳова. – Дар он лаҳзаҳои яъсу навмедӣ ягона мунису ғамгусори ман тифли дусолаам буд, ки аз шунидани аввалин вожаҳои кӯдаконааш, ҳисси умеду боварӣ ба ояндаи нек пайдо мекардам. Дар тирамоҳи ҳиӌрат ду рӯйдоди фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст - таваллуди духтарчаам Сайёра ва Раиси Шӯрои Олии Тоӌикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз нахустин суханрониашон муждаи сулҳро шунидем.
Вақте ки аз дарбадарию паноҳандагӣ дар ноҳияву шаҳрҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдату Роғун, ба макони худ баргаштанд, дар деҳи онҳо садҳо гурезаҳо аз дигар ноҳияҳо сукунат доштанд.
-Зиндагӣ бо сидқу вафодорӣ ба аҳду паймоне, ки зимни бозгашт карда будем, ранги дигар дошт,- бо мулоҳиза суханашро идома дод Зулҳия. – Он ваъдаи модари ғурбатзадаро, ки ба Сарвари давлат гуфта буд: «Шумо сулҳ биёред, мо Ватанро бо чанги ангуштонамон обод мекунем», шиори худ намуда, бо заҳмати ҳалолу шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва қаноатмандӣ ба каму беши рӯзгор дар чанд ӌабҳа кор мекардем.
Ба азми раҳоӣ аз гирдоби ғаму кулфати ҳодисаҳои гузашта аз субҳи содиқ то шомгоҳон дар саҳрову қитъаҳои наздиҳавлигӣ кор мекард. Фаровонии ҳосили киштзору боғу роғи Зулҳияву ҳамсари шодравонаш Раҳматалиро дида, баъзе саҳмдорон қисме аз заминҳои худро ба онҳо иӌора медоданд. Бо мурури дастёру ба деҳқонӣ шавқу дилбастагӣ пайдо кардани фарзандон, баракату фаровонҳосилии замину боғистонашон дучанд меафзуд.
- Дар баробари ҳосилдеҳ шудани боғи назди ҳавлӣ боз аз киштукори зироатҳои гуногун дар растаҳои озоди 1,5 гектар боғзори хоӌагии деҳқониамон низ даромади хуб ба даст меовардем. Соле аз фурӯши себу олуболу ва зиёда аз 15 намуди шафтолуи хоӌагии деҳқонӣ техникаи кишоварзӣ харида, мавсими оянда барои фарзандон манзилҳои истиқоматӣ афрохтем. Пас, барои парвариши чорвои калон шароит муҳайё намуда, шаклҳои гуногуни соҳибкории хурду миёнаро ба роҳ мондем.
- Неруи пешбарандаву раҳнамои мо, заҳматкашони деҳот ҳидоятҳои таконбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз дидору суҳбатҳои телевизионии ӯ баҳравар мешавем, - изҳор дошт Зулҳия Солеҳова. – Шукру сипоси беҳад Парвардигорро, ки баъди ҳазорсолаҳои бедавлатӣ Сарвари хирадмандеро насибамон гардонд, ки нахуст бо афкори сулҳӌӯёнаву ваҳдатгаронаи хеш миллату сарзамини тоӌиконро аз хавфи парокандагӣ наӌот бахшид. Баъди сарӌамъӣ ва барқарорсозии харобаҳои ӌанги таҳмилии шаҳрвандӣ, роҳбару роҳнамои мардумсолор баҳри беҳбудии вазъи иӌтимоию иқтисодии ӌомеа хизматҳои бузурге анӌом дода истодааст. Ташаббусҳои тақдирсози Пешвои муаззами мо дар мисоли танзими расму анъанаҳои миллӣ, боло бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон барои садсолаҳои оянда пураҳамият мебошанд,- ифтихормандона иброз медорад Зулҳия Солеҳова.
Инак, бисту ҳашт сол боз зери шиори «Дил ба ёру даст ба кор» саргарми боғдорию заминкорӣ аст, то ба ҳадди имкон дар фаровонии рӯзгори хонаводаву таъмини сабади истеъмолии аҳолӣ саҳме гузошта бошад. Картошкаву помидору дигар зироатҳои расидаи растаҳои боғи сарсабзи ӯ далели огоҳии деҳқонзани ватандӯст аз набзи бозору талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ниёзи аввал аст. Аммо худ иқрор аст, ки муваффақиятҳои хоӌагидорӣ ва бахту бурдбориҳои хонаводаи онҳо аз баракати сармашқи кору зиндагии худ қарор додани Паёму ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ӌамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ӌалолиддини Балхӣ