Њар шахс барои ободу зебо кардани зистгоҳи хеш саъйю кӯшишҳо менамояд, то дар муњити тозаву озода бароњат ба сар барад. Аммо кам нафароне пайдо мешаванд, ки ба покизагии атрофи биноњои истиќоматї чунин таваљљуњи зиёд зоҳир намоянд.
Ќариб ки њар рўз гузори мо ба кўчае ва ё мањаллае меафтад ва аз сањни њавлии биноњои баландошёна ќадам ҳам мезанем. Баъзан бо дидани манзараи њузнангез – бетарафии сокинони биноҳо ба тозагии атроф ва дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани ҷиҳозу абзорҳои майдончаҳо табъи мо хира мегардад. Андешањои зиёде касро фурӯ мепечанд, ки чаро бошандагони ин биноњо ба ободонии њадди аќал назди тирезањои худ эътибор намедињанду мунтазири хидматгузории раёсатњои хизматрасонии коммуналї мешаванд?
Кӯдакон аксаран бе назорати калонсолон нињоли дарахтон мешикананду кабудизорњоро поймол мекунанд. Бояд гуфт, ки дар њар бинои бисёрхонагї њадди аќал як ё ду нафари доро истиќомат менамоянду имкони обод кардани саҳни ҳавлиро доранд. Сабаби ба ин иќдом даст назадани онњо шояд дар он аст, ки меандешанд - кўдакони шўху бебоки бе назорат гузошташуда ин майдончањоро дар фурсати кўтоњ метавонанд ба харобазор табдил дињанд.
Баъзан, хушбахтона, шоњиди он мегардем, ки баъзе нафарон барои ободии атрофи манзили зист ваќт ва маблаѓро дареѓ надошта, заҳмат мекашанду бар ивази он аз касе чизе тамаъ надоранд.
Ёд дорам, ки чанд сол қабл гузорам ба кўчаи Фирдавсї 13/40-и ноњияи Фирдавсии пойтахт афтод, ки атрофи ду бинои панљошёнаро нињолу дарахтони зиёди сояафкан печонида буданд. Дар мадди аввал ин манзара зебову дилкаш ва муќаррарї менамуд ва дар зеҳнҳо андешаи «бояд чунин бошад»-ро ҷой медод. Боварнокарданӣ он буд, ки тамоми ин зебої ва ободкорї мањсули дастони муъљизаофари як бонуи 67 – сола буд.
Сангимоњ Наљмиддинова 21 сол ќабл дар яке аз ин биноҳо сокин шуда, дар айёми бознишастагӣ қарор дошт. Тӯли ин солҳо ӯ пайваста ба шинонидани ниҳолу дарахтон машғул буд ва зиёда аз 200 нињол ва дарахтони сояафкану мевадињанда гирду атрофи ин ду бинои панљошёнаро оро медод.
Ду сафедори бузурги аз ошёнаҳо балантарро 12 сол ќабл шинонида буду зери сояи он пиру барно роҳат нишаста. Суоле маро думболагир кард, ки чаро зани солхўрда, ки фарзанду наберагонаш дар дигар љо зиндагї доштанду ӯ танњо бо њамсафари њаёташ – Хоралї Ѓафуров дар ин љо маскунанд, ин ќадар ѓамхорї нисбат ба ободгардонї ва сарзабзиву хуррамии њавлии назди биноњо доранд?
Маълумам гардид, ки ҳар шаб, то соати 24.00 холаи Сангимоњ бо чароѓи дастї раҳ рӯшан мекарду об мекашонд ва гулу буттаву дарахтонро об медод. Њар як нињоли ин дарахтонро ба маблаѓи 15 - 20 сомонї аз њисоби нафаќаи худ мехарид.
Бо ташаббуси ӯ қитъаи замине, ки ќаблан партовгоњ буд, тоза гардида, ба майдончаи футболбозї табдил ёфт.
Дар як ќитъаи замини кўчаки пушти иморати 5 - ошёна каду, помидор, ќаламфури булѓорї, боимљон, ќаламфури тунд ва кабудињо парвариш меёфтанд, ки бо арақи ҷабини ин хола сабзидаанд.
Нафарони сарватманд кам нестанд, ки њамарўза љињозу лавозимоти гаронбањо харидорӣ намуда, танҳо ба зебоии дохили манзили зисти хеш мароқ зоҳир менамоянд ва ба обод кардани саҳни хонаи хеш беэътиноянд. Аммо ба зани солхӯрдае, ки ба охирин нафаќаи худ нињоли гулу дарахтон мехараду атрофи зистгоҳи дигаронро ободу зебо мегардонад, ба амалҳои ӯ чӣ гуна метавон баҳо дод? Саховат? Њимматбаландї? Не, ин дили бузурги инсонист, ки зиндагии якранги дигаронро тароват мебахшанду аз касе чизе тамаъ надоранд.