Доғҳои носутурдании ҷанг
Ёдњои бонуи 95 - сола, ки бењин солњои умраш сарфи хидмат ба пирўзї гардидаанд.
9 -уми майи соли 1945 - Рўзи Ѓалаба ба таври њамешагї рўзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатњои музаффар, аз љумла халќи тољик хоњад буд. Ваќте ки хабари шуми њамлаи истилогарони гитлерї расид, тамоми халќ - пиру барно, марду зани тољик њам ба њимояи Ватани пањновари хеш якдилу яктан ба по хест.
Дар таъмини Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї яке аз омилњои муњимтарин аќибгоњ ба шумор мерафт. Тољикистон низ њамчун ќисми таркибии аќибгоњи собиќ Иттињоди Шўравї дар ин комёбї њиссагузор аст. Мардуми тољик дар он солњо размандагони диловарро бо молу амвол ва мањсулоти саноатию зироатї таъмин мекарданд.
Шуљоат ва далерии занони кишвар дар солњои сахту сангини ин љанг ќобили ёдоварии алоњида мебошад. Занону модарон бо мењнати шабонарўзии худ дар аќибгоњ, бо матонату мардонагии хеш дар сафњои Ќуввањои Мусаллањ ва ба Ѓалаба дилгарм кардани љанговарон чї корнамоињое карда буданд! Аз ин љост, ки номњои Ойгул Муњаммадљоноваи лочин, София Ниёзии табиб, Туњфа Фозилова ва София Тўйбоеваи њунарманд, Розия Озоди шоира ва дањњо нафар модарону хоњарон дар таърихи он солњо абадан сабт гардиданд. Имрўзњо дар байни мо онњое зиндагонї мекунанд, ки дар аќибгоњи солњои Љанги Бузурги Ватанї диловарона зањмат кашида, дар Ѓалабаи Бузург сањм гузоштаанд. Онњо љойи падарон, шавњарон ва бародарони ба љанг рафтаашонро холї нагузошта, бо камоли майл уњдадорињои ба зимма доштаашонро шарафмандона иљро мекарданд.
Яке аз он занњои мушкилнописанд, сокини дењаи Матаиби ноњияи Бобољон Ѓафуров Саодатхон Ќурбонова аст, ки алњол ба синни 95 - солагї расидаасту дар њалќаи пайвандон давлати пирї меронад.
Ёдњои талх
Њини вараќгардонии дафтари хотирот симои нуронии бону Саодатхонро абрњои тираи ёдњои он замони талх фаро мегиранд, оби дидааш бе ихтиёр равон мешавад…
Тобистони соли 1941 пас аз итмоми синфи њафт ба њангоми таътили тобистона дар хонаи амакаш, дар шањри Тошканд ќарор дошт. Дар шањр оромї њукмрон буд ва мардум бањравар аз неъматњои тобистон хушу хурсандона мезистанд.
Хабари шуми љанг дар чанд даќиќа дили мардумро сиёњ ва зиндагии маъмулиро барњам зад. Саодатхон бо дидаи гирёну хотири парешон ба хонаи падарї баргашт.
Дар дења хабари љанг мардумро ѓамгин кардаву аз њама бештар модари зорашро ба тањлука андохта буд. Зеро бародари Саодатхон - Мансурљон њанўз як сол пеш ба љанги Финландия рафта, акнун баргаштанаш дар гумон буд. Тадриљан дења аз мардон холї мешуд ва љои онњоро дар сањрову фермањои чорводорї занон ва духтарону бачагон мегирифтанд.
Њисобчии наврас
Саодатхони чордањсоларо, ки саводи хуб дошт, њисобчии колхоз таъйин карданд. «Њама чиз ба фронт, њама чиз барои Ѓалаба!» буд. Занону духтарон ба хотири он, ки наќшаи бар зимма доштаашон барзиёд иљро гардад, шабњо дар сари замин гулхан афрўхта, зањмат мекашиданд. Њисобчї баробари њама кор мекарду њамчунон њаљми кори њар кадомро ба њисоб мегирифт.
Азбаски замони љанг буду ќањтї њукмфармої дошт, бо як бурдаи нон ё донаи зардолуи хушке ќаноат карда, шабонарўзї овораи кори сахти сањро буданд. Бар илова, машќи њарбиро низ меомўхтанд.
- Дар хотир дорам, ки рўзе барои хабаргирї ба хонаи холаам рафтам, - мегўяд Саодатхон. - Он кас дар рўи њавлї нишаста, овораи коре буданд. Кунљковона пурсидам, ки «хола, чї кор мекунед? Гуфтанд, ки «орд месозам».
Баъд фањмидам, ки пўстлохи донаки зардолуро кўфта, орд бехтаанд. Ваќте аз ин «орд» нон пухта хўрдем, мисле ки хок ба дањон бурда бошї. Чанде аз њамсояњо аз хўрдани нони кунљорагї варам карда, љон дода буданд…
Доѓи бародар
Дар ќалби нозуки Саодатхон ѓайр аз азобњои алиму мењнатњои пурмашаќќат хотираи дигаре аз ин љанги хонумонсўз чун доѓи абадї боќї мондааст. Ў бародари ягонаашро, ки панљ сол њамаи азобњои љанги хунинро паси сар намуда, танњо якчанд рўз пеш аз таслим шудани Германияи фашистї шањид гардид, аз даст дод.
Бародараш Мансурљон Ќурбонов, соли 1940 ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, аз рўзњои аввали оѓози љанг дар муборизањо ќањрамонона иштирок намуда, душмани ѓаддорро то худи лонааш таъќиб менамояд. Вале, мутаассифона, рўзи 4-уми майи соли 1945, њамагї 5 рўз пеш аз Ѓалаба аз тири душман ќалби ў абадан аз тапиш бозмонд.
- Њарчанд хати сиёњи бародарам омада бошад њам, модарам то охирин нафасњои умр чашми умед аз роњи баргашти писар наканданд. Ончунон ба баргаштани бародарам умед доштанд, ки њатто нагузоштанд барояш маросими мотам ташкил кунем.
Танњо баъди даргузашти модар ман ба писарам, ки соли 1961 таваллуд шуд, номи бародарамро гузоштаму маросими мотами бародару модарамро якљоя гузарондем…
Бубинед, аз Ѓалабаи Бузург 75 сол сипарї шуда бошад њам, њанўз доѓњои он љанг дар дили мардум мондааст. Пас, шукри ин давру замон, шукри сулњу амонї, шукри Сарвари сулњофару вањдатовари тољикон, Президенти Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро бояд кард!
33 соли мудирї
Саодатхон Ќурбонова баъди анљоми љанг соњиби маълумоти касбї гардид ва дар китобхонаи марказии ноњияи Бобољон Ѓафуров чун китобдор ба фаъолият пардохт. Ва дар ин китобхона муддати 33 сол (1951–1984) вазифаи мудириро бар уњда дошт. Баъди ба нафаќа баромадан њам бо хоњиши мудири китобхона боз дањ соли дигар чун китобдору мушовир хизмат карда, дар омода намудани кадрњои соњибихтисос њиссаи арзанда гузошт.
Ин бонуи саодатманд соњиби 6 фарзанд, 20 набера, 60 абера ва 10 чабера аст. Ў аз пайвандону љигарбандони хеш ќаноатманду хушњол буда, дар њалќаи эшон рўзгори хуш дорад.
Аслинисо Ёдгорї,
шаҳри Хуљанд