- Мард, агарчи борањо мебардораду хона месозад, зан аст, ки бо муњаббату нафосат, бо сидќу вафо манзилро зеб мебахшаду ба он гармиву рўшної фароњам меорад. Ќалби зан бо набзи зиндагї якмаром метападу муњаббаташ чун панљањои нарми хуршед ба дуртарин нуќот якмаром нур меафшонад, - мегўяд модари рўзгордида Шодигул Таѓоева.
Ба љуз мактаби миёна ў дигар љо таълим нагирифта, аммо дар дастовардњои њамсар ва фарзандон наќши бориз дорад. Дуруст аст, ки дарси хуберо аз мактаби бузурги зиндагї омўхтаву барои роњнамоии ањли хонавода дар пастиву баландињои зиндагї талош варзидааст. Айёми нобасомонињо дар пойтахти кишвар ба сар бурдану насли наврасро тарбия кардан хеле душвор буд. Вале падари хонадон, Шодӣ Шоимов, профессори Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. Осимї ва Шодигулхола тавонистанд панљ фарзандро дар рўњияи ватандўстї ба воя расонанд.
-Тарбия нахуст аз оила оѓоз меёбад. Шурўъ аз боѓча, то мактабу донишгоњ ману њамсарам бо омўзгорон робитаи ќавиро ба роњ монда будем. Дар дарсњову љаласањои падару модарон мудом ширкат меварзидем. Фарзандро набояд нозпарвард ба воя расонд. Айёми наврасї, ки давраи мушкилтарини тарбия мањсуб меёбад, њушу ёди фарзандон ба њар чизи лозиму нолозим моил мегардад. Онњоро ба роњи дуруст њидоят намуда, оќибатњои рафторњои номатлубро мефањмондем. Фарзандонро доимо бо сухани хуш рўњбаланд кардан даркор аст. Бо иљрои амали хуби одие, суханони рўњбахши «офарин, писарам, рањмат, мо ба ту бовар дорем»-ро дареѓ набояд дошт. Ба ин роњ њисси бовариву мењр дар дили кўдакон мефизояд,- маслињат медињад модар.
Фарзандони хонадон бештар ба илмњои даќиќ рў оварда, се нафари онњо - Шавкат, Шоњина ва Љамшед таълимдидаи Донишгоњи техникии Тољикистон ва дуи дигар - Шуњрат ва Хуршед дар хориљи кишвар аз илми даќиќ тањсил намудаанд. Онњо имрўз њамчун мутахассисони варзида дар соњањои гуногуни хољагии халќ зањмат мекашанд.
Њоло холаи Шодигул ба синни мубораки 68 ќадам зада, соњиби чор келини бомаълумот, 18 набераву як абера аст. Ва њанўз њам пайи тарбияи наберањо камар бастаасту аз маслињату машварати модаронааш ањли байт бањравар.
Келиндорї
- Ба арўсони хонадон модарвор муносибат мекунам. Аз кору пайкор, аз мушкилињояшон пурсон мешавам. Ба келин дар кушодани гирењи мушкилињо ёрї мерасонам ва аз таљрибаи хеш мегўям. Дида ва шунидаам, ки баъзе хушдоманњо дар њар ќадами арўсони хонадон камбудї мељўянд. Ин амали онњо боиси низоъњои хонаводагї ва билохира, ба људоии оилањо мебарад. Духтарон аксаран аз нозукињои оиладорї бехабар ба шавњар мебароянд ва набояд аз ин гила кард. Бењтар он аст, ки аз тартибу низоми хонаи худ онњоро огањ кунанд ва ба њар кори майда-чуйда хўрдагирї накунанд. Ба писаронам низ маслињат медињам, ки бо њамсарони худ муносибати хубу самимиро ба роњ монанд, њамдигарфањмї ба роњ монда њамроњ бо фарзандон ба сайругашт бароянд. Ваќте мебинам, ки фарзандонам хушбахтанд, ман низ хушбахтам, - иброз медорад Шодигулхола.
Пас аз марги бармањали шавњар бонуи матинирода тавонист, мувозинати оила ва тифоќии онро пойдор нигоњ дорад. Ба аќидаи ў зан бояд дорои маълумоти олї бошад ва дар зиндагї пару боли шавњар шавад.
Оила
- Дар оила, пеш аз њама, бояд њусни тафоњум, мењру муњаббат бошад. Дар зиндагї њама дам, то омадани шавњарам, тамоми корњои хонаро сомон дода, ўро бо чењраи хандон пешвоз мегирифтам. Рўзњои истироњатї њамсари мушфиќам дар корњои хона ба ман ёрї мерасонд. Барои бењбудии вазъи саломатии ањли хонавода ва рафъи мушкилињо зиёд талош мекард. Ман низ бар ивази ѓамхорињои ў мењру муњаббати худро дареѓ намедоштам. Гўш карда тавонистани њамдигар ва њамфикрї байни њамсарон тифоќиро дар хонадон ба вуљуд меорад, - иќрор меояд ин бону.
Шодигул Таѓоева бо хушгуфториву хоксорияш миёни њамсояњо низ соњибэътибор аст. Бар хилофи аќидањои аксарият, ки гўё дар шањр њамсоядорї кам аст, холаи Шодигул бо њамсояњо чун хешовандон муносибати нек дораду дар ѓаму шодии онњо шарик аст.
- Мо бо апаи Шодигул мисли хешу таборем. Дар рўзњои шодиву ѓам њамеша дар бари мост. Ў бо тамоми њамсояњо муносибати самимї дораду дасташ ба њама мерасад. Њатто коргарзанон ўро рўзе набинанд, тариќи телефон суроѓаш мекунанд. Њамеша дараш барои њамсояњо боз аст ва табассуми офтобияш дар чењрааш њувайдо,- мегўяд њамсояаш Мењрибону.
Сабр мебояд
-Зан дар хона эљодгари фазои махсус аст, - мегўяд Шодигулхола. - Тамоми наздикон аз муносибати зан дар оила бояд сабаќи нек гиранд. Зан дар њама њолат бояд босабру ботањаммул бошад. Дар лањзањои душвори њаёт мард ба ў ва ў ба мард такягоњ бошанд. Дар ин њолат метавон, шебу фарози зиндагиро бо сарбаландї убур намуд. Аз зиндагии хеш ризо бошаду шукронаи тансињатї ва оромии замонаро намояд, - зикр кард дар фарљом холаи Шодигул.
меҳрона