Соли гузашта дар вилояти Суѓд 21604 аќди никоњ сабт шуд, ки нисбат ба соли пеш 1177 адад кам аст. Дар њамин њол 4274 аќди никоњ бекор карда шуд, ки назар ба соли 2018 - ум 228 - то зиёд мебошад. Яъне, раќамњо шањодати онанд, ки раванди људошавии хонаводањо рў ба афзоиш аст.
Бо такя ба мушоњидаву муколамањои хеш бо масъулони хадамоти сабти асноди њолатњои шањрвандї, роњбарону масъулони шуъбаву бахшњои кор бо занон ва оила, равоншиносону њуќуќдонон, фаъолони љамъиятї кўшиш кардем то сабабњою омилњо ва оќибатњои пошхўрии хонаводањоро баррасї намоем. Бино ба маълумоти шуъбаи САЊШ-и вилоят сабабњои бекор кардани аќди никоњ асосан мувофиќ наомадани хислатњо, якдигарнофањмї, љанљолњои оилавї, бефарзандї, хиёнат, беморї, муњољират ва њоказо мебошанд. Ситора рост наомад Мувофиќ наомадани хислатњо ва якдигарнофањмї боиси људошавии 2070 оила гардидаанд. - Тибќи тањлилњо сабабњои асосии вайрон шудани оилањо ин рост наомадани хулќу атвори њамсарон ба якдигар, дахолати волидон ва хешовандони наздик ба оилаи онњо, омода набудани њамсарон ба зиндагонии мустаќилона ва вазъи нобоби шароити зиндагии онњо ва хиёнати њамсарон ба шумор мераванд, - мегўяд Обода Каримї, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИЊД-и ноњияи Ашт. Муњољират сутуни оилањоро шикаст Сурайё Ёќубова, шоира ва собиќадори хизмати давлатї, бар он назар аст, ки муњољирати мењнатї низ яке аз сабабњои пошхўрии оилањо гардидааст. Баъзе занони исрофкор ба ќадри зањмати мардони муњољири худ намерасанд. Ў меафзояд: - Заноне њастанд, ки шавњаронашон дар муњољирату онњо рўзи дароз дар кўчаву бозорњо мегарданду заруру нозарур матоъњои касмаёб мехаранд, куртањо медўзанду «аз мўд баромад» гўён боз аз пайи харидани дигар либосу љавоњирот мешаванд. Онњо либосњои ќиматбањо бар тан, тўй ба тўй, маърака ба маърака дар худнамої ва сўзондани чашми њарифон машѓулу фарзандон бе китобу дафтар, бе мизи дарстайёркунї, бе љузвдон, бе либоси мактабї, бе попўши мувофиќи фаслњои сол ва ѓайра сарсону гирёнанд. Оё ӯ фикр мекунад, ки дар ѓурбат шавњараш љои хоби тозаву озода, гарму муносиб дорад? Саломатии хуб дорад, сари ваќт хўроки гарм истеъмол мекунад? Њамин ки пулро гирифтанд, барои маслињати хонаводагї, њисобу китоби буљети оилавї ваќт намемонад, медаванд сўйи бозор… - Мардони муњољир њам моњи беайб нестанд, - мегўяд рўзноманигор Гулљањон Турсунзода, ки дар масъалањои гендерї менависад. – Баъзеи онон, њамин ки дар Россия соњиби пул шуданд, дигар зодгоњу зану фарзандро фаромўш мекунанд, ба айшу ишрат дода шуда, зани дуюм мегиранд. Зўроварии хонаводагї Њуќуќшинос Назира Рањимова яке аз сабабњои парокандашавии оилањоро зўроварї аз тарафи шавњар ва падару модари ў нисбат ба арўси хонадон мењисобад ва далелњо меоварад: - Мањина (номашро таѓйир додаем), аз ноњияи Бобољон Ѓафуров, бо њазор умеду орзу ба шавњар баромад. Аз рўзњои аввали хонадорї шавњар ва волидонаш ўро чун хизматгори хона мењисобиданд. Гумон дошт, ки баъди соњиби фарзанд гаштанаш, бонуи хонадон мешавад, вале баъди ду фарзанд њам тањќиру дашноми шавњар ва хушдоману хусураш зиёд шуданду кам не. Шавњар, нозпарварди падару модар, дар њељ љо кор намекард ва аз њисоби волидон айшу ишрат меронду дар њолати мастї њамсарро латукўб мекард. Мањина дид, ки рўзгори оила рў ба касодї нињодааст, бо иљозати волидони шавњар ва худи њамсараш дар бозор кор ёфт ва даромади муайяне ба даст меовард. Аммо ба љои сипос аз ањли хонадон дашномњои ќабењ мешунид. Боре шавњараш дар њолати мастї ба бозор омад ва ўро дар назди њама «фоњиша» гуфта, зери мушту лагад гирифт. Баъди ин њодиса, хусусан, туњмати хушк, косаи сабри Мањина лабрез шуд ва ба маќомоти дахлдор мурољиат кард. Оќибат онњо људо шуданд ва, азбаски хона ба номи волидони шавњар буд, ў бо ду фарзанд ба хонаи падар баргашт… Обода Каримї, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИЊД-и ноњияи Ашт, иброз дошт, ки онњо бо маќомоти корњои дохилї оид ба пешгирии зўроварї дар оила њамкории зич дошта, дар якљоягї мурољиати шањрвандони аз зўроварї љабрдидаро баррасї менамоянд. Сабаб ва шароитњои зўроварї дар оиларо ошкор мекунанд, оилањое, ки дар онњо мунтазам њодисањои зўроварї љой доранд, ба ќайд гирифта, чорањои пешгирикунанда меандешанд. Оилањои љавон осебпазиранд Тањлилњо нишон медињанд, ки мањз дар 5 соли аввали оиладорї хонаводањои љавон осебпазиртар мебошанд, махсусан, мутобиќшавии арўсон ба муњити нави хонаводаи касони пештар бегона ба душворї сурат мегирад. 5 соли баъдина њам марњилаи имтињони љиддиест барои пойдории оила. Хулоса, аксари мутлаќи хонаводањои пошхўрда мањз дар 10 соли оиладорї аз њам људо шудаанд. Номзади илми фалсафа, дотсент Фаридун Њодибоев: - Барои муайян намудани сабабњои сар задани низоъњои хонаводагї байни љавонон пурсиши афкор дар мавзўи «Сабабњои пошхўрии оилањои љавон аз нигоњи љавонон» гузарондем ва љавобњо аз тарафи мутахассисон – равоншиносон тањлил гардиданд. Натиљаи тањлилњо дар факултетњои геоэкология, филологияи тољик ва забонњои шарќи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров оид ба сабабњои пошхўрии оилањои љавон чунин буд: хонадоршавии барваќт – 26 фоиз; носозгорї бо модаршў – 22 фоиз; муносибати бади тарафайн – 18 фоиз; тафаккури пасти љавонон – 9 фоиз; зўроварї дар оила – 6,7 фоиз; маљбуран хонадоршавї – 5,5 фоиз; шабакаи Интернет ва телефони мобилї – 5,6 фоиз; шароити бади иќтисодию иљтимої – 3,8 фоиз; хиёнат – 2 фоиз; муњољирати мењнатї – 1,9 фоиз. Оќибатњои ногувор Аз 4274 оилаи соли гузашта пошхўрдаи Суѓд 3523 фарзанди ноболиѓ аз сарбонии падар ё модар мањрум гардид: 276 нафар дар тарбияи падар ва 3247 нафар дар тарбияи модар монд. Њол он ки соли 2018 баъди људоии волидон 2893 нафар ноболиѓ аз тарбияи яке аз волидон мањрум шуда буд. Яъне, дар ду соли охир дар вилоят 5421 нафар ноболиѓро ин ќисмат ёр гаштааст. Инчунин, соли гузашта аз тарафи шуъбаю бахшњои сабти асноди њолати шањрвандии шањру ноњияњои вилоят 1738 аризаи модарони танњо аз таваллуди кўдакони навзод ба ќайд гирифта шудааст, ки тарбияашон ба дўши модарон хоњад буд. Мутаассифона, њаљми алимент ночиз аст ва онро низ на њама падарон мепардозанд, тарбияи ноболиѓон барои модарон осон нест. Бо вуљуди мењру муњаббати беканори модар, баъзе аз ноболиѓон саркаш мешаванд. Чї бояд кард? Муассисаву ташкилотњои марбута оид ба маърифати оиладорї, кам кардани пошхўрии хонаводањо корњои тарѓиботию ташвиќотии зиёд мебаранд, мањфилњои гуногуни шавќовар ташкил мекунанд. Ин корњо дар мисоли чанд шањру ноњияе, ки пошхўрии оилањоро нисбат ба соли гузашта кам кардаанд, натиљаи дилхоњ додаанд. Аз љумла, дар ноњияи Ашт мањфилњои «Мактаби хушдоман», «Шўрои муросо», гурўњи доимамалкунандаи «Фардои дурахшон» самар оварданд. Яке аз масъалањои басо муњим, ќонунї кардани бастани ањдномаи никоњ ќабл аз тўй аст, ки солњои сол бањси њатмї будан ё набудани он идома дорад. Аз њуљљатњои кўњи Муѓ маълум гардид, ки дар Суѓди бостон бастани шартномаи никоњ анъана будааст, ки онро кишварњои Ѓарб имрўз мавриди истифодаи њатмї ќарор додаанд. Пас, чаро мо онро ќонунї накунем? Гузаштагон њатто ба забон овардани калимаи «талоќ»-ро дар суханронињои маъмулї мамнўъ медонистанд. Дини ислом њам дар ин маврид хеле сахтгир аст. Бубинед, Имом Абуњомиди Ѓаззолї дар боби савуми «Кимиёи саодат»-и хеш «Дар одоби зиндагонї кардан бо занон аз аввали никоњ то ба охир» менависад: «… Адаби дувоздањум он, ки то битавонад талоќ надињад, ки Худой Таоло аз љумлаи мубоњот талоќро душман дорад». Љўра юсуфЇ,
вилояти Суғд