Мардумписанд
Ба гоњи мулоњиза атрофи масоили мубраме нигоњи љаззобу абрувони камонкашида ба чењраи пуртамкину пурсалобаташ шањомат мебахшанд. Бо донишу заковат, андешањои таконбахшу малакаи баланди суханварї дар љомеа, хосса миёни фаъолзанону модарони хонашини рустоњои дурдасти ноњияи Кўшониён мањбубият дорад. Аз гуфтору масъалагузорињояш дар хусуси татбиќи сиёсати давлат дар самтњои рушди дењот, баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа, дар симои мусоњиб саромади занони бедордилу арљгузор ба арзишњои миллї таљассум меёфт.
Бар замми тарбияи фарзандон дар рўњияи худшиносию хушбинї ва ќавиирода будан дар пешомадњои рўзгор, падар оиладориро дар мадди аввал гузошта, танњо ба шарти тањсилоти ѓоибонаи касбу њунаромўзии духтараш розї мешуд. Муњаббат, ки орзу дошт табиби кўдакон бошад, тасмими ѓайриинтизори падарро имтињони ќисмат гуфту ноилољ тањсили минбаъдаро дар техникуми молиявї, иќтисодии шањри Душанбе идома бахшид. Баъди хатми ин муассиса фаъолиятро аз вазифаи њисобчии Љамоати шањраки Исмоили Сомонии ноњияи Кўшониён оѓоз кард.
- Панди падарро ќабул намудам,- бо ёдоварї аз айёми шубоб ќисса дошт Муњаббат Шукурзода. - Баъди хатми техникум оиладор шудам. Дарки эњсоси модарї, тарбияи фарзандону талошњо дар иљрои шуѓлу масъулиятњои модарї бо гузашти солњо ва тасмимњои ояндабинонаи зодмандон, њамакнун, масали писандидаи ќиблагоњиро пайваста ба фарзандони худ ёдрас менамоям.
Муњаббат баъди 20 соли њаёти оиладорї донишљўи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид. Роњи то ќуллаи мурод тайнамудааш њамвору осон набуд. Љанги тањмилии шањрвандї орзуњои ширинро барбод доду шањраку дењкадањои ободро табдил ба харобазор кард. Муњаббат чун њазорон модарони љигархун ба љуз таманнои сулњу субот дар дил орзуи дигар надошт. Овони фаъолият дар вазифањои њисобчии Љамоати шањрак ва нозири кумитаи андози ноњияи Панљ итминон дошт, ки рўзе нобасомонињо поён ёфта, зиндагї ранги тоза мегирад.
- Паёми сулњовари Сарвари кишвар дар ќалбњо њисси умеду боварї ба ояндаи некро бедор карду андешаи миллиро дар зењнњо љой намуд, - бо њарорат ќиссапардозї дошт Муњаббат. – Иродаи матину садоќату пайравии халќу миллатњои гуногун аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буд, ки дар муддати кўтоњи таърихї ба дастоварду пешрафтњои бузург ноил гаштем. Он шабњои сарди зимистон, ки модарони њомила то субњ дар навбати нон меистоданд, сабаќи бузургест барои наслњои имрўзу ояндаи кишвар, то нагузорем, ки бадхоњон оромиву осудагии зодбумро халалдор намоянд.
Давоми солњои 2009 - 2014 ва баъдан аз соли 2017 Муњаббат Шукурзода роњбарии маркази алоќаи почтаи ноњияи Кўшониёнро ба зимма дорад. Сарфи назар аз мушкилињои иќтисодию омилњои гуногуни иљтимої ў итминон дошт, ки бо сухани таъсирбахшу афкору андешањои созанда метавон мардумро ба мутолиаи китобу рўзномањо љалб намуд.
Дар суњбату вохўрињо бо лањни дилнишину истеъдоди волои суханварї, тањлилњои возењу мулоњизањои мардумписандаш дар дилу дидаи занону духтарони ноњия маъво гирифт.
- Барои шикасти ќолабњои хурофотї, таъмини имкониятњои баробарии гендерї ва иштироки занону духтарони тањсилнодида ба омўзишу фаъолиятњои љамъиятї, пеш аз њама, дастрасии ќишри хонашинро ба рўзномаву маљаллањои даврї фароњам бояд сохт,- лањзае сукут варзида, идома дод Муњаббат. - Дастуру супоришњое, ки вобаста ба китобхонї аз Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї бармеоянд, роњнамоест барои љалби њамагон ба мутолиа ва густариши вохўрию чорабинињои фарњангї - маърифатї миёни сокинони мањаллањои канорї аз марказњои маъмурї.
Ба пиндори мусоњибам, дар пешгирї аз бегонапарастї ва мубориза бо равандњои хатарзо назди модарон масъулиятњои љиддї меистанд. Барои хушбину тавоно ва рўњияи шикастнопазир доштани насли оянда, пеш аз њама, муњити оиларо солиму бо фарзандон муомилаи хубу муоширати оромона бояд дошт,- иброз медорад Муњаббат Шукурзода.
Љ. усмон,