Мир сайид алии ҳамадонӣ - ноҳияе ободон
Бунёди ноњияи Москва (њозира Мир Сайид Алии Њамадонї) ба солњои 50 - уми асри гузашта рост меояд. Он замон ин мавзеъро Метинтўќай ном мебурданд, ки воќеан њам як тўќайзор буд ва таќрибан дењкадаи ободе надошт. Ин љо макони љонварони вањшї буду бас…
Роњбарияти ваќт бо маќсади бунёди як ноњияи замонавї дар тањдашт камар бастанд. Чун дар ин мањал мардум кам буд, сокинонро аз ноњияњои баландкўњи Даштиљум, Шўрообод, Ховалинг ва Балљувон ба ин макон кўчонданд. Ин сиёсат ба он хотир роњандозї шуд, ки дар ноњияњои кўњистон зиндагї воќеан мушкил буд. Мардум аз надоштани љойи кори доимї, шароити дурусти маишї, набудани мактаб ва муассисањои фарњангї душворї мекашиданд. Њукумат роњи рањої аз ин вазъиятро дар таъсис додани ноњияњои нав дар тањдашт медид.
Ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї аз шумори аввалин ноњияњое буд, ки бо маќсади бењбуд бахшидан ба зиндагї ва рўзгори мардуми кўњистон, таъсис ёфт. Њарчанд ин сиёсат дар баробари бурдборињо, нокомињои зиёде њам дошт, яъне омода набудани мардум ба зиндагии макони нобоб, номутобиќии иќлим, надоштани таљрибаи дурусти пахтакорї ва ѓайра…
Метинтўќай…
Ба ноњияи нав номи пойтахти Иттињоди Шўравї - шањри Москваро лоиќ донистанд. Ин аз љиддияти масъала дарак медод. Яъне, бунёд гузоштан ба ноњияе замонавї ва обод. Ноњияе, ки он як нусхаи хурде аз пойтахти давлати шўравї шуда тавонад…
Ин ќарор сањлу сода набуд. Роњбарияти Тољикистон ва њам Москва ба бунёди ин ноњияи бисёр обод умеди калон доштанд. Хушбахтона, њамин тавр њам шуд. Ноњия дар як фурсати кўтоњ ќомат рост кард ва марказаш ба як шањрчаи зебою замонавї табдил ёфт.
Шањраки Москва на танњо дар минтаќа, балки дар љумњурї ягона маркази маъмурие буд, ки пурра замонавї сохта шуд. Растањои калону барњаво, хиёбонњои дилкашу зебо, кўчаю паскўчањои ботартиб, марказњои маъмурию љамъиятї, ќасрњои фарњангу фароѓатї, шањракро аз дигар марказњои маъмурии ноњияњо фарќ мегузоштанд.
Ноњияи муваффаќ
ноњияе бояд дар тамоми љабњањо пешќадам ва намуна мешуд. Саноатро рушд медод, сохтмони зиёдеро рўи кор меовард, фарњангу маорифро замонавї мегардонд ва кишоварзии аз њама пешќадам медошт. Агар гўем, ки њамин тавр њам шуд, ѓалате нахоњем кард. Дар ин љо корхонањои калони саноатї, аз ќабили заводњои пахтатозакунию равѓанбарорї, коргоњњои коркарди сабзавоту мева ва ангур, оњану бетон, сангу шаѓал ва асфалт ба миён омаданд. Аз ин њисоб иќтидори иќтисодии ноњия хеле боло рафт.
Воќеан, ноњия дар њама љодањо пештоз буд, вале дар кишоварзї пештозтар. Хосса дар пахтакорї. Зимнан, дар замони шўравї ба ривољи пахтакорї эътибори зиёд дода мешуд ва ин аз соњањои имтиёзноки њамон давр буд. Чун ноњия дар саргањи дарёи Панљ ќарор дошт, барои пешрафти соња шароити мувофиќеро фароњам меовард. Мањз њамин омили табиї боис шуд, ки ноњияи Москва солњои зиёд дар радифи пешќадамтарин ноњияњои пахтакор истод ва њамасола наќшаи пахтасупориро яке аз аввалинњо шуда ба сомон мерасонд.
Низоми нави кор
Баробари ба даст овардани Истиќлолияти давлатї дар кишвар ва пазируфтани иќтисоди бозаргонї, низоми куњнаи кор аз байн рафт ва роњи бисёр васеъро барои ривољи соњибкорї кушод.
Аз лињози истењсолот ноњия серљабња шуд. Колхозу совхозњо бо сабаби номутобиќатї ба бозор, аз байн рафтанд ва ба хољагињои хурди дастаљамъию инфиродии дењќонї бадал гаштанд. Соњањои дигар низ худро ба иќтисоди бозаргонї мутобиќ намуда, тадриљан пеш мерафтанд. Айни њол дар ноњия 9 лоињаи давлатии сармоягузорї амалї шуда истодааст, ки маблаѓи умумияшон 7 миллион доллари амрикоиро ташкил медињад. Аз шумори 63 корхонаи саноатї 51 - тояш фаъол аст, ки маљмўи умумии мањсулоташон дар соли гузашта ба 65 миллион сомонї баробар буд. Танњо дар як соли охир барои истифодаи сокинон 1305 метри мураббаъ манзили истиќоматї бунёд шудааст.
Барномаи рушди иљтимоию иќтисодии ноњия барои солњои 2016 -2020 177 лоињаро ба маблаѓи 206,3 миллион сомонї дар бар мегирад. Аллакай аз ин њисоб 56 лоиња ба маблаѓи 87,6 миллион сомонї ба иљро расидааст.
Ба дењќон ваќти кор омад
Мањз дар ин давра истифодаи обу замин пурра ба дасти дењќон гузашт ва ў дар истењсоли мањсулот мухтор гардид. Акнун дењќон худаш интихоб мекунад, ки истењсоли кадом мањсулот барояш манфиатовар аст.
Имрўз ба љои он 7 – 8 колхозу совхози пешин, садњо хољагињои хурди дењќонї ба вуљуд омадаанд, ки дар пешрафти истењсоли мањсулоти кишоварзии ноњия наќши муассир доранд. Дар њамин замина боз хољагињои зиёди чорводории шахсию дастаљамъї амал мекунанд, ки имрўз саршумори чорворо аз 100 њазор њам боло бурданд. Саршумори мурѓ ба 50 њазор расида, истењсоли тухм бештар аз 2 миллион донаро ташкил медињад.
Боѓдорї њам дар њоли рушд ќарор дорад. Танњо дар соли рафта 24 га боѓи нав бунёд ёфт, ки ин нишоне аз пешрафти соња мебошад. Дар ноњия ба ифтихори 30 – солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон омодагињои зиёде мушоњида мешаванд. Ба ин муносибат дар њудуди ноњия бунёди бештар аз 190 иншоот дар назар аст, ки як ќисмаш мавриди бањрабардорї ќарор гирифтааст. То рўзи љашни бузурги миллї бунёди њамаи иншоот пурра ба анљом хоњад расид.
А. ЗАРИФЇ