Тоҷикобод
Ноњияи Тољикобод чун як љузъи таркибии Љумњурии Тољикистон, дар водии Рашт љойгир буда, табиати зебову нотакрор дорад. Ноњия аз шарќу шимол бо ноњияи Лахш, аз ѓарбу шимол бо ноњияи Рашт ва аз љануб бо ноњияи Сангвор њамсарњад мебошад. Ноњия дар канори дарёи Сурхоб воќеъ буда, маркази ноњия аз сатњи бањр дар баландии 1600 метр љойгир аст. Масоњати умумии ноњия 73 њазору 400 километри мураббаъ буда, аз шањри Душанбе дар масофаи 240 километр дурї мавќеъ гирифтааст.
Тољикобод аз як шањрак ва панљ дењот: шањраки Тољикобод, дењоти Ќалъаи Лаби Об, Мунаввар Шогадоев, Нўшор, Лангари Шоњ ва Ширинчашма иборат аст. Ба њолати 1 январи соли 2017 ањолии ноњия 44 њазору 420 нафарро ташкил медод, аз ин шумора 21 њазору 593 нафар бонувон мебошанд.
Соли 1936 њамчун ноњияи Ќалъаи Лаби Об таъсис ёфт, марказаш дењаи имрўзаи Ќалъаи Лаби Об буд. Моњи июли соли 1949 ноњияи Ќалъаи Лаби Об ба ноњияи Тољикобод табдили ном кард, марказаш ба шањраки Тољикобод кўчид. Сокинон аз он ифтихор доранд, ки номи ноњия бо пешнињоди Ќањрамони Тољикистон Бобољон Fафуров гузошта шудааст.
Имрўз Тољикобод аз баракати истиќлолият ва дастгирињои пайвастаи давлату Њукумат ободу зебо гаштааст. Марказаш - шањраки зебову замонавї бо инфрасохтори рушдкарда дар оѓўши кўњњо ќомат афрохтааст.
Дар давоми солњои истиќлолияти давлатї аз љониби Њукумати мамлакат ва аз њисоби њамаи манбаъњои маблаѓгузорї барои рушди соњањои иќтисодиву иљтимої ва дастгирии буљети ноњияи Тољикобод беш аз 500 миллион сомонї маблаѓ људо гардида, дар се соли оянда бо ин маќсад ќариб 100 миллион сомонї пешбинї шудааст. Аз љумла, соли 2018 барои мумфарш ва чароѓонии кўчањои марказ 3,5 миллион сомонї аз худ шуд, соли 2019 дар ин самт иљрои корњо ба маблаѓи 8 миллион сомонї идома доштанд.
Соли 2018 ба маблаѓи ќариб 10 миллиону 600 њазор сомонї корњои сохтмону азнавсозї иљро гардиданд, бунёди ќасри фарњанг ва боѓи истироњату фароѓат, муассисаи кумаки аввалияи тиббиву санитарї, бинои маъмурии шабакаи барќи ноњия, 10 синфхонаи иловагї, азнавсозии муассисаи таълимии №10, чароѓону мумфарш кардани кўчањои маркази ноњия ва дигар иншооти иљтимої ба маблаѓи умумии беш аз 40 миллион сомонї корњои сохтмонї идома доранд. Инчунин, ба маблаѓи ќариб 1 миллион сомонї боѓњои Парчам ва Нишони давлатї бунёд гардиданд. То имрўз дар ноњия 9 лоиња ба маблаѓи 250 миллион сомонї ба анљом расида, татбиќи 4 лоиња ба маблаѓи зиёда аз 13 миллион сомонї идома дорад.
Дар Тољикобод мутобиќи Барномаи рушди иљтимоию иќтисодии ноњия барои солњои 2018 – 2020, аз худ намудани 182 лоиња ба маблаѓи 117 миллион сомонї ба наќша гирифта шудааст, ки то имрўз 30 лоиња ба маблаѓи 14 миллиону 244 њазор сомонї татбиќ ёфт. То охири сол амалисозии 11 лоиња дар назар аст. Маблаѓи умумии лоињањо 35 миллиону 833 њазор сомониро ташкил медињад.
Дар соли 2020 татбиќи лоињањои зерин дар назар аст: бо маблаѓгузории Дирексияи сохтмони иншоотњои њукуматї идомаи сохтмони бинои ќасри фарњанг бо маблаѓи умумии 10 миллиону 700 њазор сомонї, чароѓон ва мумфарш кардани кўчањои марказї бо маблаѓи умумии 8 миллион сомонї.
Бо маблаѓгузории буљети мањаллї сохтмони боѓи фарњанг ба маблаѓи 12 миллиону 800 њазор сомонї, сохтмони дарвозаи даромадгоњи ноњия бо маблаѓи 500 њазор сомонї, сохтмони бунгоњњои тиббии дењањои Оби Сафед ва Дараи Нўшор, сохтмони 6 синфхона дар назди муассисањои таълимии раќамњои 2, 27 ва 42 ба маблаѓи умумии 2 миллиону 759 њазор сомонї ва азнавсозии бинои муассисаи таълимии №10 ба маблаѓи 2 миллиону 700 њазор сомонї бо маблаѓи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон идома доранд.
Дар доираи 20 лоињаи дигар зиёда аз 35 миллион сомонї корњо идома дошта, 7 лоиња бо маблаѓи зиёда аз 8 миллион сомонї мавриди омўзиш ќарор дорад.
Тибќи наќшаи чорабинињо то Љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњия бояд 69 иншооти таъйиноти гуногун сохта, мавриди бањрабардорї ќарор дода шавад.
Аз ин шумор дар соли 2018 бо маблаѓгузории шарикони рушд сохтмони се иншооти љашнї: бинои кўдакистони «Парасту» барои 120 нафар тарбиятгиранда бо маблаѓи 4 миллиону 100 њазор сомонї (маблаѓгузор Сафорати Амрико), бинои се синфхонаи технологї - касбомўзї дар назди МТМУ №17 дењаи Мазори Поён, бинои бунгоњи тиббї дар дењаи Капалї (маблаѓгузор Љамъияти хайриявии Тољикистон) бунёд гардиданд.
Њамчунин, ќисми аввали мумфарш ва чароѓонсозии кўчањои маркази ноњия (маблаѓгузор Дирексияи сохтмонии иншооти њукуматї, бинои маъмурии шабакањои барќї) низ амалї гардид. Дар соли 2019 чор майдончаи варзиш дар дењањои Фатњобод, Сабзазор, Гулистон ва Нўшор мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Мувофиќи нақшаи чорабинињо дар давоми сол мебояд корњои сохтмонї дар 27 иншоот, аз љумла 2 майдончаи варзиш ва бинои дуошёнаи муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарї (маблаѓгузор Љамъияти хайриявии Тољикистон) ба анљом расонда шаванд. Дар иншооти боќимонда корњои њуљљатгузорию сертификаткунонї идома доранд.
Суръат бахшидани корњои ободонию бунёдкорї ба истиќболи Љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, расондани њосили фаровони зироату боѓот ва љамъоварии беталафи онњо, дигаргунии љиддї ворид намудан ба раванди таълиму тарбия, нигоњдории тандурустї, фарњанг, иљтимоиёту маънавиёт вазифаи мушаххаси сокинони Тољикобод дар соли 2020 аст, ки барои иљрояшон онњо камари њиммат бастаанд.
Далер САФАР