Ҳамасола дар ҷаҳон санаи 2 апрел чун Рӯзи байналмилалии интишори иттилоот дар бораи аутизм ҷашн гирифта мешавад.
Зӯҳро ягона ҷинси латиф аст, ки дар қаҳвахонаи «Дар як замин» миёни писарон фаъолият менамояд. Чусту чолокию қавииродагиаш шабеҳи мардон аст. Қалбаш пур аз меҳру муҳаббат асту ширинзабону хушсухан, ки бо ин хислаташ касро ба худ зуд ҷалб менамояд…
Баробари вориди қаҳвахона шудан ӯро андармони тамиз кардани мизу курсиҳо дидам. Маро дидан замон бо чеҳраи хандон сӯям шитофту чӣ фармоиш доданамро пурсон гардид. Пас аз гирифтани фармоиш дастонашро шуста, дастпӯшро пӯшид ва қаҳваи фармудаамро омода кард. Суҳбатамон бо Зӯҳро гарму ҷӯшон сурат гирифт.
Ин лаҳза ҳамкоронаш, Акбар, Хушбахт ва Шаҳриёр, ки Зӯҳро онҳоро «ҷӯра» гӯён садо мекунад, назди мо омада нишастанд. Ҳар кадоме ӯро тавсифу таъриф намуда, яке хоҳар, дигаре дӯсти ғамхору мушфиқ ва савумӣ ҳамкор мегуфтанд. Меҳру муҳаббату самимияти онҳо нисбати якдигар касро ба дунёи дигар мебурд. Мегуфтанду мерақсиданд ва зери лаб сурудеро замзама намуда, Зӯҳроро водор ба ҳамовозӣ менамуданд. Вале ӯ аҳамияте намедод, маълум буд, ки ба сурудхонӣ завқе надорад.
Пас аз чанде дӯстонаш пайи анҷоми корҳои худ рафтанду муҳитро хомӯшӣ фаро гирифт. Дар ин лаҳза Зӯҳро ба фикр фурӯ рафт ва ба як нукта нигоҳи дуру дароз намуд. Ногаҳон аз апааш Фотима ёд овард.
- Мо дугоник ҳастем. Апаам Фотима ном дорад. Вақте ба берун мебароем, ӯ маро ҳамроҳӣ менамояд ва ба тамошои боғу гулгаштҳо мебарад. Дар ин ҷо ӯро бисёр ёд мекунам. Мехоҳам ӯ низ бо ман дар ин ҷо бошад, вале қабул надорад, - маъюсона гуфт ӯ.
…Апаи Ҳилола ҳамроҳи шавҳараш чандин сол интизори фарзанд буданд. Ҳеҷ табибе намонда буд, то барои фарзанддор шудан ба наздаш нарафта бошанд. Ниҳоят, кӯшишҳояшон самара ба бор оварду ташхис нишон дод, ки дар батни ӯ ҷанинҳои дугоник инкишоф меёбанд. Бо шунидани ин хабар шодиву нишоти зану шавҳарро ҳадду канор набуд. Рӯзҳо мегузаштанду ҷанинҳо инкишоф меёфтанд, вале апаи Ҳилола эҳсос мекард, ки яке аз ин ҷанинҳо ниҳоят бетоқат аст. Пас аз ташхис, дар давраи 6 - моҳагии ҳомиладорӣ табибон дар яке аз ҷанинҳо нуқсеро ошкор намуданд. Агарчи бо шунидани ин хабар Ҳилолаву шавҳараш ғамгин шуданд, вале аз неъмати бебаҳои Худованд шукргузорӣ намуда, ба дунё омадани онҳоро интизорӣ мекашиданд. Ниҳоят дугоникҳо ба дунё омаданд.
Ҳанӯз аз овони тифлӣ дар рафтору гуфтори Зӯҳро ноҷуриҳо эҳсос мегардид. Фотима зуд сухандону роҳрав шуд, вале дар Зӯҳро ин амалҳо дида намешуд. Бо таъхир ҳам бошад, ӯ роҳгардиву суханвариро омӯхт. Зӯҳро аз кӯдакони дигар ба куллӣ фарқ мекарду ба як нукта бештар назар меафканд ва суханҳояш ба қавле гоҳе аз «ашриқ» буду гоҳе аз «машриқ». Ноорому бетоқат буд. Чун бузург шуду қадам ба мактаб гузошт, модар ба хотири дақиқ намудани бемории фарзандаш ӯро аз ташхис гузаронданд. Баъд аз ташхис, табибон дар ӯ бемории аутизми миёнаро ошкор карданд.
Зӯҳро бо сабаби надоштани иҷозати идомаи таҳсил аз синфи 9 як муддат дар хона монд. Вале чун медид, ки Фотима ба мактаб мераваду ӯ не, ноором мешуду волидонро маҷбур менамуд, то ӯро низ ба мактаб бубаранд. Ҳамин тавр, бо таъсис ёфтани курси омӯзишӣ барои кӯдакони дорои аутизм дар Ташкилоти ҷамъиятии «Ирода», ки бо ташаббуси волидони кӯдакони дорои аутизм бунёд ёфтааст, Зӯҳроро ба ин ташкилот оварданд. Дар ин ташкилот ӯ намудҳои гуногуни пухтупаз ва омода намудани шириниҳоро аз худ намуд. Бо таъсис ёфтани қаҳвахона ӯро ба кор пазируфтанд. Рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъаи ҳар ҳафтаро бо пухтупазу пешвоз гирифтани мизоҷон дар қаҳвахона сипарӣ менамояд.
- Вақти омода намудани хӯроки бегоҳ мешавад, Зӯҳро ба ман занг зада, тайёр кардани кадом намуди таом барои шомро мепурсад. Вобаста ба хӯроки ҳамонрӯза маҳсулотҳоро гирифта, тоза мекунад. Ҳамин, ки ба хона медароям, зуд ҳамроҳи ман пайи тайёр кардани ғизо мегардад. Рафту агар барои бозӣ бо дӯстонаш ба берун барояду хӯрокро омода намоем, зуд асабӣ мешавад ва як муддат ҳамроҳамон ҳарф намезанад. Чунки мехоҳад маҳсулоти ғизоро ҳамарӯза худаш омода намояд, - иброз медорад модари Зӯҳро.
Ба қавли апаи Муҳайё, ки таълимдиҳандаи ташкилот мебошад, дар Зӯҳро шавқу рағбати омода кардани хӯрок ва рӯбучин нисбат ба дигар таълимгирандагон бештар аст. Хотираи қавӣ дошта, тарзи омода намудани хӯрок ва ё шириниро бо як дидан аз худ менамояд.
- Зӯҳро бениҳоят духтари хушчақчақ аст. Ростқавлиро дӯст медораду ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд. Шахсеро, ки як маротиба ба ӯ дурӯғ гӯяд, дигарбора бовар намекунад. Танҳоиро дӯст намедорад ва ҳамеша канори рафиқон буданро авлотар мешуморад. Ошиқи зебоиҳои табиату сайругашт аст, - мегӯяд Муҳайёбону.
Дар вуҷуди ин духтараки ширинсухан мо низ нооромиву бетоқатиро эҳсос кардем. Ҳар замон аз ҷояш бархоста, ба берун мебаромаду пас аз каме сайругашт тозон дохили қаҳвахона мегардид. Чун дид, ки ақрабаки соат ба 11 дакка мехӯрад, зуд ба ошхона шитофт. Бо зане, ки ӯро ҳангоми омода намудани хӯрок ҳамроҳӣ менамуд, пайи тайёр кардани хӯроки нисфирӯзӣ шуданд. Ӯ картошкаву пиёзро тоза карда, ба тунук кардани хамири кулчақанд камар баст.
- Апа, фикр накунед, ки танҳо дар ҳамин ҷо хӯрок омода менамоям. Дар хона ҳам ба апаву модарам кӯмак мерасонам. Нахӯдшурбову санбӯса, ширинӣ ва пирожки мепазам. Лекин аҳли оила гӯштшурбоямро бисёртар дӯст медоранд. Бекориро дӯст намедорам. Агар бекор монам, зиқ мешавам. Аз хамир ҳар гуна шириниҳо мепазаму ба дугонаам мебарам, - мегӯяд бо табассум Зӯҳро Иброҳимова.Бунафша