Модар, шоир, тарбиятгар
ва инсони бомаърифат
Аз ин фархунда фарвардину хуррам љашни наврўзї, Насиби хусрави одил саодат боду пирўзї. Фаррухии Систонї
Дер боз мехостам аз њаёт, рисолат, ќалби пурорзу ва њосили умри ин зан, ки воќеан сазовор ба омўзиш ва намунае ба пайравист, бинвисам. Ёдњо ва порањои ќиссањои саргузаштии ўро, зимни тањияи китобњояш омўхта будаму аз пеш њам медонистам ва инак ќалам ба дастам асту домони хаёли маро ба њар сў мекашад.
Аз худаш ќисса кунам? Аз рўзгори пурбаракаташ? Аз фарзандњои номдору номбардораш? Аз он ки як бонуе бо анљоми њамаи корњои рўзгор ба даст ќалам мегираду ба эљод мепардозад, бинависам? Аз хушрўзгориву њунармандияш, аз хушсуханиву љањонбинияш, аз дастархондориву мењмонпазирияш, аз дили мењройину дасти пурсахояш? Аз чї ё кияш бигўям, ки њамсарест бовафову сарсупурда ва вазири мард дар хона. Аз он ки 8 фарзандро чї дар мактаб аълохону чї дар донишгоњњо намуна, чї дар љомеаву кор муваффаќу чї дар зиндагонї тољикона тарбия кардаву инак шањди мевањои умр мечашад ва ба љуз шукргузорї дар њељ кадом рафтораш ба љуз тавозуни хирад ва тавозўъ аз маърифати тавъами ислом, фарњанг, ахлоќ ва илм чизи дигаре намебинї ва њељ гоње аз худ ифтихор надораду то ба њол дар синни боло аз њафтод боз њам пайи омўзиш аст. Магар метавон нагуфт?
Биёед сар мезанем ба решањои таърихи гузаштагони ин хонадоне, ки Хиробон Мањмудова то ба имрўз гармии он нигањ доштаву чароѓи мењри њамсариву модарї ва ахлоќу маърифат барафрўхта аст.
Хиробон аз домони Гулизор Саидоваи дар асри пор машњур – вакили Шўрои Олї ба дунё омадааст. Модар, њарчанд дар маќоми роњбарї буду дар маснади баланди сиёсатмадорие чун вакили Шўрои Олї, тибќи ќавонини расмгаштаи њамон замон аз хати кашидаи шавњар берун по намегузошт ва Хиробони аълохонро барои идомаи тањсил дар мактаби олї иљоза надод. Аммо дар гирди чароѓи хирасўзи солњои 60 – 70- уми асри 20 модар ва падари онњо на танњо ба фарзандон дарси њаёт меомўхтанд, балки аз рўйдодњои замона, сиёсат, адабиёт, дин, таърих ва њатто табибї огањашон месохтанд. Яъне, панди хонаи падар ва насињатњои модари рўшандил дар тарбияи фарзанд сарчашмаи аввалинанд. Мањз волидони бомаърифат ва хирадманд метавонанд њам тавассути ирсият ва њам бо рўзгори пандомези хеш хишти аввалини бинои шахсияти касро гузоранд.
Ба бахти Хиробон, ки алами ба мактаби олї нарафтан ва танњо синфи њаштумро хатм карданашро дар дил нуњуфта буд, ўро ба оилае келин карданд, ки дар маърифату хирадсолорї на камтар аз хонадони худи онњо буд. Оилаи Мирзоевњо, ки Файзуллоро ба Хиробон љуфт гардонда буданд, низ оилаи сирф ирфонї ва маърифатї буд. Файзулло Мирзоев, ки солиёни зиёди умри хешро дар вазифањои сатњи баланди њисобдорї гузарондааст, ба ирсияти адабиётпарваронаи Хиробон илмњои даќиќро омехт, ки њосили ин пайванд фарзандони донишманд ва хушахлоќеро ба онњо насиб гардонд, ки инак аз њар кадоме аз онњо метавон ифтихор кард.
Гоњо мегўянд, ки дар њар оилае як нафаре аќаллан сусттар ё шўху беодоб ба воя мерасад. Вале дар ин хонадон чунин нафаре нест. Њашт нафарон, ки дар иттифоќу рафоќат, донишу одоб, хушзењниву кордонї, муваффаќияту номдорї гўё ба њамдигар ба сафи пеш гузаштанро аз рўи меъёрњои ахлоќи тољикї вогузор кардаанд, рўз аз рўз комёбтар мегарданд.
Муњаммадљону Зафарљон, Парвинаву Сайёра, Илњомљону Хуршедљон, Љамшедљону Фарзонабону, њамчуноне модар онњоро ном мебарад, њар кадоме дар соњаи хеш муваффаќ аст. Дар ин хонадон риояи меъёрњои гендерї аз бунёд аст. Њељ гоње Хиробон Мањмудоваи хирадбунёд аз Файзулло Мирзоеви донишманд дар табаќаи поёнии оила набуд. Њељ масъалае дар ин хонадон бе ќарори дастаљамъии зану шавњар ва њатто волидону бародарон ќабул намегашт. Дар хонадоне, ки низоми зиндагї нест, дастовард њам намешавад. Мањз њамин эњтироми воќеї ва њамсарии мењройин метавонад, ки оилаеро комгор гардонад, ки намунаи он њамин оилаи то ин дам номдори Мирзоевњост.
Дар ин хонадон асолати ду авлод бо риштањои донишу илм, ахлоќу рафторњои сирф тољиконаву миллї тавъам гашта, боѓеро сабзонд, ки мевањои он шањдбор гаштаанд.
Њар гоње, ки бар он биандешам, ки сирри муваффаќиятњои ин хонадон дар чист? Посухамро дар донишу маърифат, аќлу заковати тарафайн ва донишу маърифат ва иттифоќиву эњтироми онњо ба њам мебинам. Зеро, агар волидон худ намунаи ибрат набошанд, бо панд ё сарзаниш наметавон коре кард. Ваќте ки Хиробон тамоми китобњои китобхонаи мактабиро мутолиа карда, рў ба китобхонаи ноњия ва китобњои шахсии муаллимон оварда буд, њамон пойдевори заковат барои зиндагии баъдї гузошта шуда буд. Ў тамоми даврањои зиндагияш китоб мутолиа кардааст. Нагуфтааст, ки кори хонаам вазнин, кўдаконам хурдсол, мењмонњоямон бењисоб, рўзгорамон пасту баланд, беморї дорему маърака ё дигару дигар, хонду омӯхт, омӯхту омӯзонд ва пасон бардоштњои чандинсола-
ашро эљод кард.
Ваќте ки нимашабњо фарзандон аз хурдсолї то дами пирї волидонро сари китобхонї ё бањсњои иќтисодиву иљтимоиву сиёсї дармеёбанд, онњо низ дарк мекунанд, ки њамин тавр бояд зист. Шуѓли бењтарини фарзандон шоњмоту шашкабозї, байтбараку шеърдонї, њисобдониву таърихомўзї, варзишу мењнат буд, ки онњо барои ќадри њар як лањзаи умрро донистан сабаќ гирифтаанд. Њар як муваффаќияти ин хоњарону бародарон аз тарбияи дурусту хиради азалии волидон сарчашма мегиранд. Онњо њамагї дар дења зода шудаанд, вале имрўз њар кадоме аз шахсиятњои номдори шањранд, ин аст рисолати анљомдодаи волидони некноми онњо.
Аммо сарнавишти хушбахтонаи ин хонадони соњибмаърифатро баъди солиёни зиёде кушода гаштани истеъдоди фавќулодаи эљодии Хиробон Мањмудова маљрои дигар дод. Ин бонуи хушрўзгор дар синни 67 – солагї ба иншои шеър пардохт. Баъди як сол китоби нахустинаш зери унвони «Шаддањои мењри модарї» ба дасти чоп расид, ки ба хотири фарзандону наберагон буд. Баъди як сол ў ќалами хешро дар наср санљид ва китоби «Афсонаи ширин» - ро аз саргузаштњои љолиби рўзгори модари хеш дар 100 – солагии зодрўзи модар нашр намуд. Илњоми Хиробон Мањмудоваи солманд гўё чашмае буд, ки солњо зери замин мељўшид ва инак синаи санг шикофта берун гашта буд. Баъди чанд моње китоби дигари шеърњои ў дар шакли мукаммалтаре ба дасти хонанда расид. Акнун шеъри ў комилтар ва домони мавзўъњои ашъораш пањнотар мешуд. Ман, ки аввалин хонандаи шеърњояш њастам, сабзидани як шоире, ки хешро њамеша навќалам мењисобаду эљодаш торафт фарохтар мегардад, мебинаму ба худ меандешам. Агар ирсияти инсон ба хирад пайванд дорад, дигар на ўро синну сол, на шароити зиндагї, на мусоидати касеву чизе ва на нигоњи дигарон садди роњ нест.
Хиробон Мањмудова дар дањаи њафтуми зиндагии хеш дар баробари эљоди шеър, тарбияи наберагон, садри маъракањои хешутаборон, мењмонгузарону дастгири садњо ниёзмандон будан, боз кадбонуи бењтарини хўрокњои миллист. Ў хастагї чист, намедонад. Зеро зиндагии ўро шавќ ба рўзгор, мењр ба фарзандон ва шукри ободии сарзамин мењвар гаштаву ў њамон хати паргор аст, ки гирди ин меъёрњо давр мегардад. Рўзгоратон њамеша обод бод, хонадони маърифатоин ва мењнатдўсти Мирзоевњо, бо чунин модари бузургдилу ќавииродаатон.
Њуриннисо АЛИЗОДА