Ќадди расо, чашмони бодомї ба чењраи гарми духтарак зебоии дигар зам кардаанд. Симояш њар бинандаро ба худ мекашад. Мебоист ў њунарманд ё наттоќи телевизион мешуд. Вале вай аз овони мактабхонї мехост дар риштаи гумрук фаъолият варзад. Пайи ин пеша дар такопў буд. Бехабар аз он ки таќдир туњфаи дигаре барош њадия месозад…
Рўзњои фарњанги Тољикистон дар шањри Москва доир мегардиду мебоист намоиши либос пешниҳод шавад. Сафи духтароне, ки либосҳоро бояд ба бар гиранд, кам буд. Вақте ӯро ба ин намоиш даъват намуданд, ҳамагӣ 16 сол дошт. Бо симои зебои тољиконааш дар сафи пеш маќом ёфт. Вақте либосњои миллиро ба бар кард, касе аз ӯ чашм канда наметавонист. Хиромиданҳояш ҳам зебову назаррабо буданд. Чун рӯи саҳна омад, худ дарк кард, ки саҳна барои ӯст.
Ёсуман Холова кунун ҳам модел шудан мехосту ҳам пешаи дӯстдоштаашро намехост дар дил ормонӣ созад.
Маълумоте дарёфт, ки ширкати «Асри Нав» (Новая Эра») дар шањри Душанбе таъсис ёфтаву мактаби моделї ва марказњои продюссериро дорост. Бо дугонањояш роҳ пеш гирифт сӯи ширкат. Ӯ ба њама талаботи соњаи моделї љавобгў, ки буд, зуд ќабул шуд. Њамзамон, ба факултаи хадамоти гумруки Донишгоњи тиљорати Тољикистон дохил шуд. Фориѓ аз таҳсил дар мактаби моделӣ малакањои актёрї ва кор бо дурбинҳоро меомўхт.
Хонадон
Ёсуман дар оилаи зиёї ба дунё омада, фарзанди чорум, хурдовари хонадон аст. Саҳми волидон дар ташаккули шахсияти ӯ бузург аст. Падар бо ифтихор мегӯяд, ки духтараш дар саҳнаҳои бузурги љањон аз номи Тољикистон қомат меафрозад, модар бошад мудом даст ба дуо мебардорад, то љигарбандаш офият бошаду аз чашми бадон дур. Ёсуман мегӯяд, ки дар кадом озмуне ки ширкат варзад, волидонаш бо завќ онро тамошо менамоянд, ки ин боиси сарфарозии ӯст.
Аввалин озмуни Ёсуман дар Miss Worid Beauty дар шањри Ќазоќистон буд, ки аз байни 80 нафар мақоми сеюмро сазовор гашта, њуќуќи муаррифии маҷмўаи нави либосҳои тарроҳи маъруфи фаронсавӣ Пйер Карденро ба даст овард. Ин даричаи нави пирўзї, ки ба рӯяш боз шуд, шавќу завќашро ба ин пеша дучанд кард. Барои таљрибаи бештар андўхтан соли дуюм низ дар ин озмун ширкат намуда, номи баланди "Miss Internationai" – ро соњиб шуд. Пас аз ин озмун Ёсуман даъватномаи иштирок дар озмуни зебоиро дар Чин ба даст овард. Бо ин дастовард ба майдонњои бузурги љањонї роҳ ёфт.
Моҳи март дар озмуни зебоии "Miss Global Tourism 2017” дар Чин аз байни 60 довталаб сазовори мақоми дуюм ва мукофот ба маблағи 5 њазор доллари амрикоӣ гардид.
- Ин аввалин маблаѓи бузург буд, ки ман аз ин пеша ба даст овардам. Ҳар як озмун сањифаи наверо пешорӯям мекушод ва пеши худ мақсад гузоштам, ки барои сайќал ёфтани мањоратам ҷиддан кор кунам, - мегўяд модели тољик.
Соњаи моделї дар Тољикистон тӯли 4 - 5 соли охир бештар рушд намуд, духтарони аз 16 то 30 - сола, ки ќадду ќомати расо ва чењраи зебо доранд, имкон доранд дар ширкатњои махсуси моделї ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Моделњои синни 16 то 25 - сола “мис” (мiss) ва аз синни 25 то 30 - соларо миссис (мissis) меноманд. Духтарон тибќи ќарордоди ширкат бо коргоњњо шартномањои кӯтоҳ ва дарозмуҳлат мебанданд, ки баъдан акси онҳоро дар рекламаву овезањои хеш истифода менамоянд.
Сафири сулњ
Соли 2017 дар шаҳри Сеул, пойтахти Љумњурии Корея даври ниҳоии озмуни ҳаштуми байналмилалии Miss Super Talent of the World натиҷагирӣ шуд. Ёсуман дар ин сабқати ҷаҳонӣ дар байни довталабон аз 165 кишвари ҷаҳон ҷойи чорум ва унвони "Супермодел” ва "Чеҳраи дилрабои ҷаҳон”- ро ба даст овард. Модели тоҷик Ёсуман Холова ҳамчун чеҳраи расмии ширкати SRT (қатораи нави баландсуръати Корея) интихоб шуд, ки баъдан аз ҷониби ин ширкат дар вазъи тантанавӣ ба ӯ шаҳодатномаи сафири сулҳ супурда шуд. Ширкати косметологии Tony Moly ва як шифохонаи ҷарроҳии шаҳри Сеул бо Ёсуман Холова қарордоди яксолаи ҳамкорӣ имзо карданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи оҷонсиҳои моделсозии Туркия ва Ҳиндустон ба ӯ равона гардид.
Мушкилӣ
Ба гуфти Ёсуман, модел бояд, пеш аз ҳама, забондони хуб бошад. Надонистани забон мушкилии рақами як барои њар модел мебошад. Зеро пешниҳодҳои зиёдеро бо сабаби надонистани забони англисӣ рад намудааст. Агарчи забони олмонӣ ва русиро хуб балад буд. Баъдан ба омӯзиши забони англисӣ камар баст. Пас аз се соли таҳсил дар донишгоҳ ӯ ба шуъбаи ғоибона гузашт ва роҳ пеш гирифт сӯи Малайзия. Тӯли як сол ин забонро пурра аз бар намуда ба Тоҷикистон баргашт.
- То оғози намоиш аксар вақт ороишот ё чизҳои дигаре, ки барои ба саҳнабароӣ заруранд, гум мешаванд. Дар чанд сония бояд ором шуда, мушкилотро бартараф мебояд кард. Рӯзе тоқӣ, зару зеварамро гум карда, бе ороишот ба саҳна баромадам. Аҷибаш он буд, ки пас аз намоиш чизҳои гумшудаам пайдо шуданд.
Ёсуман соли 2018 дар озмуни “CIS Top Model 2018” дар Арманистон ширкат варзид. Дар ин озмун 30 иштирокчӣ аз кишварҳои ИДМ, назди Балтика, Руминия ва Булғористон байни ҳам сабқат меварзиданд. Дар ин ҷо низ Ёсуман Холова дар номинатсияи «Медиа» беҳтарин дониста шуд. Худи ҳамон сол ба Ҳиндустон сафар карду дар озмуни Miss GlobaL Worid ширкат намуд. Агарчи ҷойи 8-умро ишғол кард, ба рӯйхати 15 модели беҳтарини Осиё шомил шуд. Барои сабти филме Ёсуманро ба Болливуд низ даъват намуданд. Соли 2019 дар намоиши тарроҳони Малайзия даъват шуда, дар намоиши Fashon Week ширкат варзид.
Ӯ дар зиёда аз 10 озмуни сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, миёни ширкаткунандагон нигини ангуштариро мондааст. Самимиву фурӯтанӣ зебоии ӯро ҳусни дигаре зам менамоянд.
- Бароям пӯшидани либосҳое, ки дар он худро озод ҳис кунам, писандидатар аст. Барои мавзунии қоматам парҳези махсусе ҳам надорам, аммо ба фитнес машғул мешавам. Барои нигоҳубини рӯй аз маҳсулоти табиӣ васеъ истифода мебарам. Ҷарроҳии пластикиро ҳам намеписандам ва мехоҳам чеҳраи табиии худро нигоҳ дорам, - мегӯяд ӯ.
Ёсуман имсол донишгоҳро поён мебарад. Аз ин рӯ, андаке аз соҳаи моделӣ худро канор гирифта, барои ҳимояи кори дипломӣ омодагӣ мебинад ва мехоҳад минбаъд низ дар фатҳи қуллаҳои муди ҷаҳонӣ даст дошта, дар баробари ин аз рӯи ихтисос низ фаъолияти хешро роњандозї намояд.
Ф.ШАЪБОН