Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди пошхӯрии колхозу совхозҳо як миқдор заминҳои санглохи дар шафати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва наздикии шаҳри Хуҷанд қарордошта, бинобар нарасидани об ва душвории коркард аз гардиши кишоварзӣ берун шуданд ё ҳосили ночиз медоданд. Соли 2011 гузори соҳибкори муваффақи хуҷандӣ Саодат Раҳматова ба хољагињои дењќонї афтод.
Ивази самти ҳаёт
Дар гӯшаи хаёл надошт, ки баъди ин сайри саҳро самти ҳаёт ва соҳибкории худро ба куллӣ дигар мекунад ва пурра дар соҳаи кишоварзӣ шуғл меварзад. Дар хољагии дењќонї ба Саодат пешниҳод карданд, ки метавонад ба ихтиёри худ замин гирад. Агар маблағе дарёфта, як чоҳи обкашӣ кобад, заминҳо ҳосили хуб дода метавонанд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва хоҷагии деҳқонии “Омад” ба номи ӯ сабт гардид.
Иқдом
Нахустин коре, ки саркорбонуи навкор анҷом дод, бо маблағҳои аз соҳибкорӣ бадастомада ва қарзи бонкї кофтани чоҳи амудӣ буд. Бо маслиҳату ёрии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҳамсоя хати барқ ҳам кашид. Саодат беш аз 250 ҳазор сомонӣ харҷ кард ва дар натиҷа 7,6 гектар замини хоҷагии деҳқонӣ аз об пурра таъмин гардиду ҳосил дучандон шуд. Кӯшишҳои самарбори саркори шаҳриро ба назар гирифта, ба хоҷагии деҳқонии ӯ аз фонди захиравии ноҳия боз 13,5 гектар заминро вобаста карданд.
Масъулияти роҳбари хоҷагӣ дучандон шуд. Саҳмдорон акнун дар 20 гектар замин пахта, гандум, юнучќа, ҷуворимакка, пиёз ва сабзавот парвариш карда, ҳар сол ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Аз ҷумла, соли гузашта бо вуҷуди номусоид омадани шароити боду ҳаво 21 тонна пахта, 4,5 тонна гандум ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ғундоштанд.
- Деҳқонӣ аз чигунагии боду ҳаво вобаста будааст, - мегӯяд Саодат Раҳматова. – Тобистони соли гузашта ҳаво хеле гарм омад ва нињоли пахта гулу шонаи бисёр партофт. Дар натиҷа ҳосили дилхоҳ ба даст оварда натавонистем. Нархи нуриҳои маъданию заҳрдоруҳо баланду нархи пахта нисбатан паст. Ба вуҷуд рўҳафтода нестем ва майдони кишти чигитро кам карданӣ нестем. Охир “тиллои сафед” ҳоло ҳам муҳимтарин ашёи хоми стратегӣ маҳсуб меёбад ва барои корхонаҳои ресандагию бофандагӣ, ки миқдорашон дар кишвар меафзояд, хеле зарур мебошад.
Токпарварӣ
Ҳукумати ҷумҳурӣ ба боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин маврид барномаву дастурҳо ба тасвиб расидаанд. Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Омад” Саодат Раҳматова дар бораи ташкили токзор бо мутахассисон маслиҳат кард. Онҳо заминҳои хоҷагии деҳқониро ба парвариши ангури тоифӣ мувофиқ донистанд. Се сол пеш дар 4 гектар ток шинонданд. Њамааш сабз гардид, ки ин нишони дилу нияти пок ва неку дасти борвари деҳқон аст.
- Аз ҳисоби даромади хоҷагӣ сутунҳои бетонӣ харидем. Акнун симҳоро харидану кашидан мебояд. Афсӯс, алҳол маблағи кофӣ (35 - 40 ҳазор сомонӣ) надорем. Хуб мешуд бонкњо ба заноне, ки дар соҳаи кишоварзӣ заҳмат мекашанд, хоҷагиҳои деҳқониро муваффақона роҳбаранд, таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Лоақал барои мо қарзҳои камфоиз пешниҳод мекарданд, кори шоиста мешуд, - андеша меронад Саодат Раҳматова. – Дар оянда ният дорем, ки як фермаи чорводорӣ барои 50 сар модагов ҳам бунёд намоем,аммо барои амалӣ гаштани нақшаи мазкур маблағи калон даркор аст.
Пешаи хонаводагӣ
То соҳиби замин шудан, аҳли хонаводаи Саодатбону дар шаҳр ба касбу њунарҳои гуногун машғул буданд. Акнун ҳама кишоварз шуданд. Ҳамсари ӯ Муҳаммад Раҳматов ронандаю таъминотгар ва ёвари асосии саркорбону, писараш Муҳсинҷон, духтараш Муҳаббат, домодаш Абдурасул низ тақдири худро ба замин пайвастаанд.
Дар мавсими корҳои саҳрої онҳо 30 - 40 нафар, аксарият занону духтаронро, ба кор ҷалб карда музди хуб ҳам медиҳанд. Дар асоси шартнома механизаторон ва мутахассисони соҳа низ ба кор ҷалб мегарданд.
Пайрав
Духтари Саодатбону Муҳаббат Раҳматова, ки маълумоти олии иқтисодӣ дорад, ба модар пайравӣ намуда, дар 13 гектар замини ҳамон мавзеъ хоҷагии алоҳидаи деҳқонӣ бо номи “Омад - С” - ро созмон дод ва тавре худ мегӯяд:
- Ҳар сол дар ин заминҳо пахта, гандум, пиёз ва дигар зироатҳо парвариш намуда, ҳосили хуб мегирем. Андози давлатро сари вақт мепардозем. Дар мавсимҳои коркард ва ғунучини ҳосил шахсони бекорро бо кор таъмин карда музди хуб медиҳем.
Ифтихормандам, ки бо иқдом ва роҳнамоиҳои модари бузургам дар таъмини яке аз ҳадафҳои миллии кишвар –таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузорем.
Ҷӯёи СУЃДЇ,
ноњияи Љаббор Расулов