Як рӯзи сертараддуд дар кӯчаи Бухорои пойтахт поён рафтан дошт. Дар масофаи
Дар баландии
Шавќ агар роҳбар шавад
Падари Сарвиноз шурўъ аз соли 1961 ҳамчун кранчӣ дар сохтмони иншооти гуногуни кишвар сањм гузоштааст. Сарвинози хурдсол бо дастони кўчак чашмонашро аз шуои офтоб панањ бурда, ба падар, ки дар баландии барояш дастнорас пайи кор буд, дурудароз менигарист. Ба назараш падар ќањрамоне буд, ки бидуни вањму њарос аз зинањои беохири кран боло рафта, ќуллаи онро фатњ менамуд ва бо ёрии нўли оњанин ашёњои калонњаљмро аз як макон ба макони дигар мекашонд. Сарвиноз баъди дарс гоње сўи коргоњи падар мешитофт. Бо хоњиши зиёди духтар падар чанд маротиба варо аз зинањо гузаронда, имкон дод, ки аз шеваи кори ў огањ ёбад ва зебоињоро аз баландии барои дигарон дастнорас бубинад. Гоње мепурсидандаш, ки дар оянда кї шудан мехоњї? Бе ягон дудилагӣ мегуфт, ки мисли падарам ќањрамон хоњам шуд.
Талош ба сўи маќсуд
Баъди хатми мактаби миёнаи № 44 Љамоати дењоти Чимтеппаи ноњияи Рўдакї Сарвиноз њуљљатњояшро ба омўзишгоњи техникии махсуси кранчиён, воќеъ дар кўчаи Љаббор Расулови пойтахт супурд. Ва дар ин ҳунаристон 6 моњ тањсил кард. Бори аввал бо рањнамоии падар дар сохтмони бинои 5-ошёна, воќеъ дар кўчаи Маяковский иќдом намуд. Пас, бо дастгирињои устодаш - бонуи кордону рўзгордида Хайринисо, ки дар идора кардани маноракранњо мутахассиси ботаљриба буд, нозукињои касб омўхт. Рўзњои аввал бародарон аз шуѓли интихобкардаи хоњар норозигї баён дошта, онро пешаи мардона, душвор ва хатарнок арзёбї менамуд. Аммо Сарвиноз бо ќатъият исрор менамуд, ки дар зањмат мустаќил будан ва мисли падар нони њалол ба даст овардан барояш шарафи бузург аст. Аз байни 4 фарзанди хонадон - ду бародару як хоњар танњо ў касби падарро интихоб намуд. Бо азми духтар модар њам ризост, вале њар рўз бо хавотир ўро ба кор мегуселонад. Падараш дўсти бењтарин, ҳидоятгару роҳнамои зиндагиаш аст.
Ќадамњои устувор
Инак, 9 сол аст, ки Сарвиноз бо масъулияти зиёд фармоиши "майна" ва "вира" (бардор, фуруд ор)-ро ба љо меорад ва њангоми борбардорї ба мувозинати он махсус зеҳн мемонад. Дар њолати андаке каљ ва ё нодуруст насб гардидани бор, онро оҳиста ба замин бармегардонад, то хавфи афтиданашро бартараф созад.
- Кранро мисли љисми зинда мебояд эњсос кард. Агарчи миќдори вазни бор муайян аст, њамоно дар идораи он ба таваккал ва беэњтиётї набояд роҳ дод, Дар акси ҳол њаёти дањњо нафар зери хатар хохад монд. Идора кардани кран на танњо барои зан, балки барои мард њам мушкил аст. Бори гаронвазн худ њомили хатар аст, ки болои сари одамон мегузарад. Огоњкунак њам дорем, аммо баъзе коргарон беэътиної зоҳир менамоянд. Дувум, ин ки бор бояд дар љойи дастрас барои сохтмончиён гузошта шавад. Дар ин кор нозукбиниву даќиќсанљї муњим аст, - мегўяд Сарвиноз.
Ба 15 нафар нозукињои кор омўхтааст, ки аксарияти онњо аз пушти ин пеша ризќу рўзї пайдо намуда, иддае дар Россия фаъолият менамояд. Алњол, духтари љавоне мисли ў ба ин пеша шавќи беандоза дорад ва Сарвиноз бо ифтихормандї ба ў низ нозукињои касб меомўзад. Њайрат, тааљљуб ва њавас - чунин вокунишњои одамон барояш зиёд ошност.
Сарвиноз Шарифова то кунун дар сохтмонњои муњими кишвар, мисли Маљмааи тандурустии "Истиќлол", Осорхонаи миллї, Академияи ВКД, шаршараи 20-метраи боѓи "Наврўзгоњ" ва як ќатор биноњои истиќоматии шањри Душанбе сањм гузоштааст.
Шуљоат фаросат металабад
Ба њангоми вазиши шамоли сахт, ки маноракран алвонҷ мехӯрад, Сарвиноз нањаросида, фаъолиятро ќатъ менамояд, зеро хуб дарк месозад, ки бори гарон бар асари он метавонад раҳо шавад. Мегўяд, ки бар муќобили самти њаракати шамол мутахассисони ботаљриба метавонанд кор кунанд, аммо ба таваккал њаргиз набояд роњ дод. Зеро ҳангоми вазиши шамоли сахт афтидани кран ё троссњои он аз эњтимол дур нест.
- Шукр, ки ба ин ҳолат ягон бор дучор наомадаам. Рўзе заминҷунбии на он ќадар сахт шуд. Ба сохтмончиён хабар додам. Гуфтанд, ки чї гуна дарак ёфтї? Гуфтам, ки њис кардам, ки крани ман меҷунбад. Муддати дароз дар чунин баландї кор кардан ба кас имкон медиҳад, ки ба тарс ғолиб ояд. Ин бароям дастак шуд, ки аз офатњои табиӣ низ нањаросам. Дар баландӣ мисле ки дар заминам. Баъзан, бо хомўш гардидани неруи барќ кран аз фаъолият бозмемонад ва ё ба таъмир кардан эњтиёљ меафтад, лек пеш аз фаъолият кранњо аз назорати махсуси техникї гузаронда мешаванд, ки эњтимолияти таъмирталаб шудани он бартараф мегардад. Њамчунин, њар сањар пеш аз оѓози кор кранро муоина менамоям, - мегўяд бонуи кранчӣ.
Сарвиноз дар асоси шартнома аз оѓоз то охири сохтмони иншоот идораи кранро пурра ба уҳда мегирад. Рӯзи кориаш аз 8.00 шурӯъ шуда, соати 17.00 поён меёбад. Дастмузди моњонааш дар баъзе иншоот 1500 -2000 сомониро ташкил медод ва алҳол, шартномаро ба маблағи 4 000 сомонӣ дар як моҳ ба имзо расондааст.
Орзу набояд ормонӣ гардад
Баъди оиладоршавӣ Сарвиноз муддате аз кори сохтмон дур монд ва духтарчаи нозанине ба дунё овард. Аммо издивоҷи ӯ барор нагирифт, ҳарчанд талош варзид, то оилааш пароканда нагардад. Имрӯзҳо дар хонаи падар ба сар мебарад ва барои духтарчаи ягонааш, ки дар синфи 5 таҳсил менамояд, мехоҳад беҳтарин шароитро фароҳам созад.
- Замоне орзуи ҳавонавардӣ мекардам. Бо мурури замон дарёфтам, ки ба касби хеш меҳр мондаам. Аммо аз чӣ бошад, ки духтарчаам низ орзуи кӯдакии маро дар дил мепарварад. Мегӯяд, модар, шумо ҳавонавард нашудед, ман мешавам. Ҳеҷ не, бояд роҳбалади ҳавопаймо шавам. Ва ман низ талош хоҳам кард, то орзуи фарзандам ҷомаи амал пӯшад. Муҳим, бояд аз вақт самаранок истифода барам ва заҳмат кашам. Ба идоракунии кран ончунон дил бастаам, ки агар умр вафо кунад, мехоҳам дар оянда ба наберагонам ин пешаро омӯзонам, то онҳо низ дар ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз саҳми хешро гузоранд, - афзуд Сарвиноз Шарифова.
Ситора АШӮРОВА