Дар ин диёри рустоҳои дурдасташ андар моварои заминҳои шодобу чарогоҳҳои доманадор, занон ба ҷуз таваллуди фарзанду хизмати шавҳар, заҳмати кори саҳрову нигоҳубини молу чорво ва умуман, фаротар аз маҳдудаи сарбориҳои хонагӣ шуғлу пешаи дигар надоранд. Отифаҳои хонашин Ойнаботро ба унвони «Раиса»-и чорасози корафтодагон мешиносанду эҳтиром доранд. Зоҳиран орому ботамкин аст, аммо бо пиндору гуфтораш зани озодманишу қолабшиканеро монад, ки саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, беҳбудии шароитҳои иҷтимоӣ ва ташаккули афкори мардумони рустоҳои дурдасти зодгоҳашро ҳадаф пеш гирифтааст.
Бо вуҷуди канораҷӯии сокинони деҳот аз касбу ҳунаромӯзии духтарон ва камшумории ҷинси латиф дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, мухотаби мо мутмаин аст, ки бо мурури дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва дигар кардани тафаккури мардум, рӯзе дар диёри аз марказҳои маъмурӣ дурдасти онҳо ҳам, занон дар оилаву ҷомеа ҷойгоҳи шоистаи худро соҳиб мешаванд. Маҳз майлу иродати дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва рафъи мушкилоти умдаи бонувони деҳоти «Заркамар» - и ноҳияи Қубодиён Ойнаботро водор сохт, ки баъди 30 соли омӯзгорӣ ба фаъолияти сиёсӣ пардозад.
Қиссаи мақсуди дил
Барои ҷалби занони хонашин ба касбу бозомӯзӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробарии гендерӣ, дар вазифаҳои роҳбарии идораву муассисаҳои сатҳи деҳот ҳам эҳтиёҷ ба шахсиятҳои таъсиргузор буд, то бо ташвиқу таҳрики сокинон сафи духтарони таҳсилоти олӣ доштаи рустоҳои дурдастро афзун гардонад. Валекин, дар он шабу рӯз бо иллати надонистани забони давлатӣ ва дигар омилҳои иҷтимоӣ ягона довталаб аз байни занон ба вазифаҳои пешниҳоднамудаи мақомоти маҳаллӣ омӯзгори МТМУ №13 деҳоти «Заркамар» Ойнабот Абдиева буд, ки бо салиқаи суханварию қобилияти ташкилотчигиаш миёни пиру барно маҳбубият дошт.
- Дар нахустин лаҳзаҳои қабули масъулиятҳо изтиробу эҳсоси дудилагӣ маро фаро гирифта буд, - ба ёд меорад Ойнабот Абдиева. – Як панди роҳнамои муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарифзодаро шиор кардам: «Агар инсон пеши худ мақсад гузорад, ба ҳама ҳадафу орзуҳо мерасад». Аз рӯзҳои аввали кор дар идораи Ҷамоати деҳоти «Заркамар» ва суҳбату вохӯриҳо бо мардум мутмаин шудам, ки тадбирҳо дар ҷодаи рушди деҳот, мафкурасозию ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба ободонии деҳу диёр он гаҳ натиҷаи дилхоҳ медиҳанд, ки маъмурон дар маҳалҳо лаёқати роҳбарӣ дошта бошанд. Давоми соли охир бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи дурдасти Боғҷида мағозаи замонавӣ ба истифода дода, сохтмони мактабу бунгоҳи тиббиро ба нақша даровардем. Дар рустои Рӯдақул тавассути ҳашари мардумӣ сохтмони як бунгоҳи хуштарҳ дар арафаи анҷомёбист. То имрӯз аз 11 иншооти бахшида ба Љашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифташуда 4 - тои он ба истифода дода шуд. Ростӣ, алҳол аз натиҷаи корҳо дар самти беҳбудии шароитҳои иҷтимоии сокинон ва ҷалбу фаъолсозии бонувони деҳоти «Заркамар» дар истеҳсолот қаноатманд нестам. Аммо ба умеду боварӣ, ки ояндаи наздик дар рустоҳои мо ҳам сеху коргоҳҳои хурд фаъол гардида, занонро со