Дар хонаводае, ки ҳодисаи худкушӣ рух медиҳад, мусибатест басо сангин ва дар маҷмӯъ, барои ҷомеа низ ин амал бетаъсир буда наметавонад. Солҳои охир дар баробари камбудии дигари глобалӣ худкушӣ низ ба яке аз мушкили доғи рӯз мубаддал гаштааст. Тариқи расонаҳо сари ҳар вақт паҳн шудани хабарҳои марбут ба ин амали фоҷиабор нигаронии ҷомеаро ба миён меорад. Табиист, ки пас аз огаҳӣ ёфтан аз ин гуна њодисањои мудњиш, кас ба худ суол медиҳад: «Чаро ӯ худкушӣ кард? Чӣ ӯро водор намуд, то даст ба худкушӣ занад ва ё қасди нобуд сохтани хеш кунад?».
Рашк ва қасос…
Марзия аз ҳолати рӯҳии худ, ки чанде пеш қасди худкуширо дошт, бо даҳшат ёд меорад. Ӯ мегӯяд, ки он лаҳзаҳо вуҷудашро эҳсоси танҳоӣ, нафрат, бадбинӣ фаро гирифта буд.
- Хиёнати шавҳар водорам кард, то қасди ҷон кунам, вале ин ҳама бефоида буд. Аслан, дар гӯшаи хаёл набояд чунин андешаро ҷой дод. Шукр мегӯям, ки зинда мондам ва алорағми шавҳарам дар зиндагӣ мубориз буданро шиор кардам, - иброз медорад ӯ.
Баъди шунидани он ки шавҳараш барои писардор шудан бо зани дигаре издивоҷ намудааст, фикри худкушӣ ба сари Марзия омад. Ягона василаи наҷот аз рашку ғамро дар ҳамин роҳ донист. Баъди гиристану мӯйканиву рӯйканӣ ба даҳлези хона баромад. Ба поин сарозер шудан хост, вале бо умеди бори дигар нафас кашидан чашмонашро маҳкам пӯшид ва сарашро сӯи осмон боло кард. Ин лаҳза аз тори либосовезак тагпӯши духтарчааш болои сараш афтид. Чашмонашро кушоду ба худ омад ва тарс вуҷудашро ба ларза овард. Чӣ тавр то даҳлез омаданашро ба ёд овардан мехост, вале наметавонист. Либоси кӯдакро бӯй намуда, сахт – сахт бо алам риққатовар оби чашм рехт…
- Баъди ин ҳолати мудҳиши равониро паси сар кардан, мушкилии дигар дар ҳаёт бароям ҳеҷ аст, - мегӯяд Марзия.
Рашк ва ҷойгузини муҳаббат гаштани нафрат низ боис мешавад, ки (асосан чунин ҳолати равонӣ байни ҳамсарон ҷой дорад) баъзан аз ҳамдигарнофаҳмӣ бо андешаи қасос яке қурбони худкушӣ мегардад.
Тарс аз овозаҳои беасос…
Сарвиноз баръакси Марзия муқобили ин ҳолати равониаш натавонист истодагарӣ намояд. Зеро ӯ ҳанӯз хеле ҷавон буду мушкили ба сараш омадаро таҳаммул накард.
- Хоҳарамро овозаҳои беасоси мардум «кушт». Шонздаҳсола буд. Дониши хубу ақли расо дошт. Соҳибҷамол ҳам буд, ки хостгоронаш дари хонаро ба қавле «охурча» карда буданд. Дар синфи 9 мехонд, ки муаллими ҷавоне ба мактаб ба кор омад. Хоҳарамро бо ӯ бадном карданд. Тоқати гапи мардумро накарда, худро оташ зад. Доду фарёдаш, ки дар ҳалқаи оташ ҷонсарак шуда, худро ба ҷӯй андохт, дар гӯшам то ҳанӯз садо медиҳад. Ҷонканиҳояш аз пеши назарам намеравад. Аз байн 17 сол сипарӣ гашту доғашро дар дил дорем. Модарам аз ғами духтари ғўрамаргаш солҳост, ки бистарист, - бо алам ашкрезон иброз медорад Малика, хоҳари Сарвиноз.
(Овозаҳои беасос, туҳмату буҳтонҳои гӯшношунид сабаб гардида, ки бархе бо чунин омил даст ба худкушӣ задааст).
Ба гуфтаи коршиноси масоили динӣ Муслиҳиддин Хоҷамиров, дини мубини Ислом худкуширо ҳаром ва онро гуноҳи кабира донистааст. Дар оятҳои қуръонӣ, перомуни ин амал сареҳ гуфта шудааст, аз ҷумла дар сураи «Нисо», ояти 29 омадааст: «Ва хештанро макушед. Ба дурустие, ки Худованд меҳрубон аст».
- Худкушӣ роҳи ҳалли мушкилҳо шуда наметавонад. Онҳое, ки то имрӯз чунин амалро ба худ раво диданд, корашон осон нашуд, баръакс нангу доғ ба авлод оварданду наздиконро азият доданд. Тану ҷон азиз аст ва ҳатто нагузорем, ки тан бемор шавад. Бештари инсонҳо асири васвасаи нафсии шайтон мешаванд ва неъмати Худованд, яъне ақлро қурбони ҷаҳолат менамоянду оқибат худкушӣ мекунанд. Хуб мешуд, дар бартарафсозии камбудиҳои зиндагӣ боҷуръат буд ва сабрро ихтиёр намуд. Чаро ки ҳар мушкилӣ бо мурури вақт роҳи ҳалли хешро меёбад, - мегӯяд мавсуф.
Зулм, зӯроварӣ, беморӣ ё …
Чанде пеш иттифоқ уфтод бо нафаре аз хонаводаи мотамзада, ки писари 13 – солаашон худкушӣ намудааст, ҳамсуҳбат шавем. Модар мегӯяд, ки Баҳодур бачаи хеле дарундору зудранҷ буд. Аз ин хотир, ҳамеша бо муомилаи хуш бо ӯ гап мезад. Фарзандони дигар «эркааш накун» мегуфтанд, вале модар ба истилоҳ «обро ба равиши об» гуфта, бештар меҳрубониаш мекарду оромона муносибат менамуд. Зеро писарак хеле асабию тундхӯ буд. Он рӯзи шум, ки бародараш аз субҳ баромадани Баҳодурро хабар ёфт, пас аз нисфирӯзӣ аз пайи ҷустуҷӯяш шуд. Барои оворагардиаш танбеҳ намуд. Сахтгириҳои бародар боиси худкушии Баҳодур шуд.
Зулм ва зӯроварии хонавода (аксаран аз ҷониби шавҳар ба ҳамсар ё ин ки чанд вақти охир аз тарафи хушдоманҳо нисбат ба келин рух дода истодааст) омили дигари худкушӣ гардидааст…
Чӣ бояд кард?
То имрӯз коршиносону равоншиносон сари ин мавзӯъ, яъне дар мавриди омилҳои сар задан ва ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисањои фоҷиабор андешаҳои хешро гуфтаанд. Дар баробари сабабҳои зӯроварии хонаводагӣ, рашк, бекорӣ ва ҳолатҳои афсурдагии равонӣ, худкуширо ба бемории рӯҳии ирсӣ низ алоқаманд донистаанд.
Таҳлилҳои коршиносони ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки аксари хонавода дар тарбияи кӯдак беаҳамият мебошанд ва бо андак иҷро нашудани хоҳишашон ноболиғон даст ба худкушӣ зада, бо ин амал волидонро ба қавле «метарсонанд». Хуб мешуд, агар назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби масъулони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ҳамкории зич бо волидон ҷиддитар сурат мегирифт. Чаро ки ҳанӯз ҳам кӯдакон то нисфи шаб дар кӯча мегарданд ё вақти худро ба тамошои бозиҳое, ки зӯроварию қатлу кушторро тарғиб мекунанд, зоеъ менамоянд. Яъне дастрасӣ ба сомонаҳои интернатӣ барои кӯдакон дар ҷомеаи кунунӣ осон шудааст.
- Кӯдак бо фитрати тоза таваллуд мешавад ва рисолати волидон бо тарбияи дуруст ба воя расондан аст. Фарзандон ниёз ба пулу сарвати калонсолон надоранд. Бо илму адаб омӯхтан фарзандони мо саодатманд мешаванд, на аз он мероси гузоштаамон. Мутаассифона, аксаран дилро ба дунё баста, дар фикри ояндаи фарзанд нестанд. Устод Садриддин Айнӣ дар асарҳои ҳикматомези хеш «Зарурияти диния» ва «Таҳзиб-ус-сибён» дар бораи чӣ гуна ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзанд, гуфтааст, ки истифода аз он аз манфиат холӣ нест. Зарур аст, ки волидон чунин китобҳоро ба фарзандонашон дастрас намоянд, - мегӯяд Муслиҳиддин Хоҷамиров.
Ниҳоят як андеша…
Ба гуфтаи Марҳамат Мақсудова, ӯ дар зиндагии хонаводагӣ дучори мушкили зиёд буд ва ҳар лаҳзаи умрашро бо ноумедиҳо паси сар намудааст. Вале бо гузашти вақт ҳолати рӯҳиаш ором асту дилаш аз комгориҳои фарзандонаш лабрез аз шодист. Ӯ мегӯяд, ки муқобили ҳамаи носозгориҳои зиндагӣ инсонро як андеша метавонад аз роҳи худкушӣ боз дорад: андешаи зистан ба хотири фарзандон, волидон ва онҳое, ки воқеан ҳастии ту неруи онҳост.
- Шавҳарам маро бо чор кӯдаки хурдсол танҳо гузошту бо зане оиладор шуд. Он замон ҳамагӣ 27 сол доштам. Рӯзам сиёҳ гардид. Волидонам дур аз ман зиндагӣ менамуданд, таскиндиҳанда ё ҳамдами розе надоштам. Таҳсилдида набудам, ки ҷое кор карда, ризқи фарзандонамро ёбам. Ниҳоят ҳунари зардӯзӣ, ки доштам, онро ба кор даровардам. Тоқӣ дӯхта фурӯхтам. Фарзандонамро бо ҳамин пули ҳунармандиам дар мактабҳои олӣ хонондам. Хуллас, бо сабру таҳаммул намудан ба ин рӯзҳои хуш расидам.
Номурод аз зиндагӣ будан ва дучори рӯзҳои бад гаштан охири зиндагӣ нест. Зиндагӣ идома дорад. Марг охири зиндагист. Мурдан амри табиист, хоҳ-нохоҳ рӯзе аҷал фаро мерасад, вале набояд онро инсон бо дасти худ анҷом диҳад. Балки ҳамеша омодаи зиндагӣ бошад ва алорағми нафаре, ки шахсро таҳрик ба андешаҳои носолим месозад (ба амсоли худкушӣ), барои худ зиндагии шоистаеро фароҳам созад, - мегӯяд холаи Марҳамат.
Қутбияи Неъматулло