Аз он ки обҳои Тоҷикистон фароҳам асту бебаркаш, баъзан худи мо, калонсолон дарк намесозем, ки то чи андоза Худованд ин неъмати бебаҳоро барои кишвари мо арзонӣ додааст! То ҷое ки баъзан барои ҷумакҳои обро бастан хуш надорем, ҳол он ки кӯдакон дар пайравӣ ба амалу кирдорҳои калонсолон ташаккул меёбанд.
Ҳар гоҳе бинам, ки нафаре ҷумаки обро намебандад, ё кӯдаке даруни об поруе мепартояд, ҳавлирӯбе бо ҷорӯб хоку ифлосиҳоро сӯи ҷӯйбор мекашад, наметавонам ба ин аъмол бетараф бошам ва ҳатман ки ба ин кор дахолат мекунаму аз муқаддасии об ҳарф мезанам. Чунин муносибати ғамхорона нисбат ба об, ки бидуни он ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, бояд ҳар яки мо дошта бошем, шурӯъ аз насли калонсол. Модарон, ки ҳаёти инсониро ба вуҷуд меоваранд, аз сари гаҳвора ба тифлакони худ бояд аз ин неъмати бузурги инсонӣ сухан гӯянду сарфакорона баҳра бурдан аз онро омӯзонанд. Дар баробари ин, аз хавфу хатари об низ мисолҳо оваранд, яъне дар ҳавзу дарё