Дер боз мехостам дар бораи ин бонуи эҷодкор ва модари мушфиқ ҳарфе чанд нигорам.
Бонуе бо иродаи мардона эҷодкорест бо қалами орифона, бонуест олиҳа ва отифа Гулчеҳра Муҳаммадиева.
Дар ноҳияи Фархор ба дунё омадаву пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии шаҳри Кӯлоб дохил мешавад.
Ӯ раиси Ҷамъияти илмии студентони факулта, аъзои фаъоли маҳфили «Адибони ҷавон», гирандаи стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ буд.
Гулчеҳра баъди хатми до- нишкада бо дипломи аъло ба зодгоҳаш Фархор баргашта, фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгорӣ оғоз намудааст. Соли 1979 дар қатори 5 нафар намояндаи кишвар дар ҷаласаи «Беҳтарин муаллими ҷавони Иттиҳоди Шуравӣ», дар шаҳри Москва ширкат дошт. Вай дар ин ҷаласа аз номи намояндагони Тоҷикистон сухан ронда, бо нишони КМ