Ноҳияи Восеъ бо истеҳсоли пахтаву пиллаву рушди чорвопарварӣ, саноати пешрафтаву дигар соҳаҳои сердаромад ва фарҳанги волову илму ҳунармандиҳои гуногуни мардумонаш дар гузашта ҳамеша дар сархати воситаҳои ахбори омма қарор дошт. Аз рӯи ҳудуд ва нуфуси аҳолӣ аз бузургтарин ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, ҳамтои раиси машҳураш Миралӣ Маҳмадалиев, ки хоҷагии овозадорашро ба баландтарин унвонҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ расонда буд, боз 6 - 7 нафар Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дошт.
Дар баробари Корхонаи истеҳсоли намаки «Хоҷамуъмин», ки захираи табиии он барои садсолаҳои башарият басанда аст, дар ноҳия ширкати бузурги истеҳсолии «Самар» арзи вуҷуд дошт, ки ҳатто дар солҳои буҳронии 1990-ум дар 36 коргоҳи истеҳсолии он ҳудуди 5 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин буд.
Замин, обу неъматҳои фаровони табиӣ ва аз ҳудуди ноҳия гузаштани шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб – Бадахшон омили пешрафту ободӣ, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва тиҷорату афзунии гардиши молу маҳсулот аст. Аммо дар марҳилае, ки раванди корҳои ободонӣ дар кишвар вусъати тоза ёфта, то дурдасттарин маҳалу рустоҳо симои зебову замонавӣ пайдо мекунанд, дар маркази маъмурии ноҳияи Восеъ манзараҳои ҳузнангезе ба назар мерасанд.
Дар маҳали аҳолинишини рӯ ба рӯи бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дару дарвозаҳои куҳнаву таъмирталабро дида, дигар аз масъулон дар мавриди рафти корҳои ободонӣ, ҷалби сокинон ба тозаву ҳуснафзоии кӯчаву маҳали зист ва дар кадом сатҳ ҷамъбаст шудани озмунҳои хонаву кӯчаи беҳтарин пурсидан ҳоҷат намемонад.
Сар аз дохили бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ҳуҷраҳои кории он таъмирталабанд, то атрофи паси ин иморати сеошёнаро дида, бовари кас намеояд, ки дар куҷоӣ… Наход ин ҷойу макон маркази маъмурии ҳамон диёри овозадори Тоҷикистон аст, ки фарҳангиёнаш 40 сол қабл аз Порис ҷоизаи байналмилалии «Табарчаи тиллоӣ» оварда буданд.
Шабаҳи Ленин дар харобаҳо
Одатан дар наздикии бинои мақомоти иҷроияи мањаллии ҳокимияти давлатии (МИМҲД) дигар шаҳру навоҳии кишвар беҳтарин чойхонаву меҳмонхона ё гулгашту мавзеи фароғатӣ бунёд ёфтааст, вале шабеҳи пасманзари бинои МИМҲД ноҳияи Восеъ танҳо хотираҳои ногувори солҳои 1990-умро пеши назар меорад. Мутаассифона, дару девори куҳнаву фарсуда, ки кайҳо моли таърих шудаанд, дар маркази маъмурии ноњия мушоҳида мешаванд.
Дар кӯчаи марказӣ, ки ба ифтихори Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, намунае аз харобаҳои даврони пасошӯравӣ ба чашм мехалад, ки дар пешгоҳи дари фарсудаи он куҳнанишонии «Кӯчаи Ленин-26» ҳанӯз боқист. Торафт ба ин шабаҳи вайрона наздик шудан, ҳайратам меафзояд, ки наход ҳама солҳо нафаре аз роҳбарон бобати аз пешорӯи идораи МИМҲД рафъ намудани ин харобхона чорае наандешида бошад.
Аз шафати ин вайронаи дарбаста то бинои собиқ кинотеатри ноҳия, ки ҳамакнун дар пештоқаш суроғаи «АДВОКАТ» овезон аст, якчанд манзилҳои истиқоматӣ мавҷуданд, ки рангу рӯи дару деворҳояшон ҳусни шаҳракро мекоҳонанд.
Ба қавли солмандони Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, бояд дар таҳияву иҷозаи корҳои сохтмонӣ беҳтарин мутахассисони соҳаи меъморӣ ҷалб карда шаванд. Зеро, хокдони маркази маъмурии ноҳияи Восеъ аз таъсири кону кӯҳи намаки Хоҷамуъмин шӯр шуда, сабаби резишу бармаҳал харобу фарсуда шудани девору таҳкурсии биноҳо шуда истодааст.
Пайкарасозӣ ё харҷ агар аз кисаи Ҳотам бувад…
Дар ҳоле, ки ноҳияи Восеъ аз лиҳози даромади буҷети маҳаллӣ худтаъмин нест, бояд ҳар дирами маблағҳои барои бунёду таъмири иншооти давлатӣ нигарондашуда, оқилонаву мақсаднок истифода бурда шавад. Тибқи маълумоти масъулони шуъбаи молияи Восеъ, соли 2019-ум аз 92 миллиону 768 943 сомонии талаботи солонаи ноҳия танҳо 36 миллиону 855051 сомонӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ буда, боқӣ қариб 70 дарсади маблағҳои хароҷотӣ
аз ҳисоби буҷетҳои вилоят ва ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар мавзеи пешинаи кохи фарҳанги ноҳия аз соли 2012 сохтмони кохи замонавӣ идома дорад. Ба гуфтаи масъулони шуъбаи меъморӣ, лоиҳаи мазкур аз буҷети вилояти Хатлон маблағгузорӣ мегардад, ҳамакнун баъди боздиди Сарвазири мамлакат кори сохтмон тезонда шудааст. Тибқи ваъдаи охир иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Восеъ аз лиҳози рушди соҳаи фарҳангу бунёди воситаҳои маданию маишӣ аз ноҳияҳои намунавии кишвар буд. Дар маркази маъмурии ноҳия пайкараи Восеи ќањрамон ќомат афрохта буд. Баъдан, дар ин љо корњои созандагиву ободонї рӯи кор омаданд. Аммо чї шуд, ки кор ќат гашту шикасту рехти ороишоти сохтмонию хазони гулгаштҳои атрофи он теъдоди харобаҳои ноҳияро боз як адади дигар афзуд.
Войи фарҳанг
Ноомадиҳо ва ба таъхир мондани корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи фарҳанг ба фаъолияти бахшҳои гуногуни он, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ, мактаби санъати мусиқӣ ва фаъолияти эҷодии аҳли фарҳанг таъсири манфӣ расондааст. Зеро аз соли 2012-ум инҷониб кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар биноҳои тобеияти «Тоҷиккино» иҷоранишин буда, чорабиниҳои сатҳи ноҳиявиро дар ҳар ҷой мегузаронанд. Аз суҳбат бо кормандони бахшҳои гуногуни фарҳанг бармеояд, ки бар замми мушкилоти норасоии толори тамрину дигар шароитҳои корию эҷодӣ, таъйини мудирони ғайриихтисос низ ояндаи соҳаро зери суол бурда истодааст.
Аҳли фарҳанг раванди рӯ ба таназзул овардани соҳаи маънавиётро ба бетаваҷҷуҳии роҳбарият ва сукути дастгоҳи идеологии ноҳия рабт медиҳанд. Зиёиён аз муддати тӯлонӣ холӣ мондани вазифаи муовини соҳавии раиси ноҳия ва ба сифати мудири шуъбаи фарҳанг таъйин шудани нафари ғайриихтисос изҳори нигаронӣ дошта, бинобар иҷро нашудани нақшаи обуна аз вазифа сабукдӯш гардидани мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро аз нуқтаҳои заъфи дастгоҳи раиси ноҳия медонанд, ки умури соҳаи маънавиётро бесару соҳиб мондааст.
Муҳиб ОРМОНӢ,
ноҳияи Восеъ