Хона ҷоест, ки мо худро озоду роҳат ҳис намуда, муддате аз гиру дори зиндагӣ меосоему истироҳат менамоем.
Барои баъзеҳо ин имконияти хубест, ки дар муҳити ором китоб мутолиа намоянд, телевизор тамошо кунанд ва ё хоб раванд. Нафароне, ки ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ва ё зеҳнӣ машғуланд, ҳамеша дар хона муҳити орому осоиштаро хоҳонанд. Мазҳ дар чунин ҳолатҳо бо аъзоёни хонавода ва ҳатто бо ҳамсояҳо, ки ба фароғати чунин нафарон халал ворид месозанд, метавонад муноқишаҳову нофаҳмиҳо ба амал ояд. Сабабӣ садои баланди мусиқии телевизору радио, давутози кӯдакон, низоъҳои хонаводагӣ, таъмири хона ва ғайра буда метавонад.
Ҳамсоягон, ки аксаран дар шаҳрҳо дар як бино истиқомат менамоянд, вазифадоранд, ки ба қадри имкон ба ҳамдигар халал нарасонанд. Оромиши нафарони бемор ва кӯдакони хурдсол бояд ҳамеша таъмин бошад. Аз ин рӯ, пеш аз оне, ки мо садои мусиқӣ ва ё телевизору радиоро баланд менамоем, бояд хуб андеша кунем, ки ин ба осоиши дигарон халал мерасонад ё на?
- Мушоҳида менамоям, ки баъзе модарон кӯдакони худро ба кӯча равон карда, саргарми корҳои хона ва ё тамошои сериалҳо онҳоро беназорат мегузоранд. Баъди гузаштани чанд соат аз тиреза нигариста, бо садои баланду гӯшхарош фарзандони худро ба хона мехонанд. Агар бинанд, ки кӯдак аз назар ғоиб аст, ҳамоно фарёдзаниро идома медҳанд. Сад кори хона ва ҳазорҳо сериалҳо ба саломатӣ ва бехатарии фарзандони мо намеарзад. Дувум, эҳтироми ҳамсояҳоро ба ҷо овардану оромии онҳоро халалдор накардан аз маданияти баланди шахс дарак медиҳад, ки одоби шаҳрнишинӣ ҳам инро тақозо менамояд. - мегӯяд Садафмоҳ Оймаҳмадова, сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе.
- Тоҷикон дар урфият мегӯянд, ки ҳамсоя бо ҳаққи Худо баробар аст, ё аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ. Зеро ҳамсояи хуб дар ғаму шодии кас метавонад ҳамеша дар паҳлу бошад. Пас, зарур аст, ки мо бо ҳамсоя муносибати хубу самимиро ба роҳ монем. Барои оилаҳое, ки дар муносибат бо фарзандони худ мушкилот доранд, зуд-зуд ба низоъҳои хонаводагӣ роҳ медиҳанд, рафтор хуб ва одоби баланди ҳамсояҳо метавонад сабақ гардад, - иброз медорад Умедаи Зайниддин аз ноҳияи Фархор.
Ҳангоми таъмир кардани хонаи истиқоматӣ ҳамсоягон аз асбобҳои таъмирӣ, ба монанди асбобҳои барқии муосир аз қабили арраҳову қурсҳои барқӣ,ҳамчунин болғаву ранда ва амсоли инҳо метавонанд истифода баранд. Аён аст, ки садои баланду гӯшхароши ин олотҳо зуд ба атроф паҳн мегардад. Рўзона дар вақти серҳаракатии одамон кор фармудани асбобҳо, ё худ ҳамсоягонро пешагӣ огаҳ намудан хуб аст. Баръакс, шабона кор фармудани чунин асбобҳои садобарор метавонад боиси нороҳатӣ ва асабонияти ҳамсоягон гардад. Табиист, ки чунин ҳолат боиси сар задани муноқиша миёни ҳамсоягон мегардад. Қайд кардан бамаврид аст, ки мувофиқи дастури Қоидаҳои тарбиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар ш. Душанбе, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 16.10.2008 ба тасвиб расидааст, аз соати 23.00 то соати 6.00-и субҳ дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан,ҳуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда ё таҷҳизоти таъмирии садобардор, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъиятӣ мегарданд, манъ карда шудааст. Дар ҳолати вайрон намудани тартиботи мазкур аз ҷониби шаҳрвандон онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
- Шабона, хусусан дар тобистон то поси шаб ҷавонон дар назди даромадгоҳҳои биноҳо ва майдончаҳои назди он баланд суҳбат ороста, фарёд ҳам мекунанд, ки боиси нороҳатии мо, калонсолон мегардад, - мегӯяд Абдукарим Хоҷаев, сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт.
Масъалаи бехатарӣ ва тоза нигоҳ доштани хонаҳо, зинароҳҳо ва зери тирезаҳо низ метавонад боиси сар задани низоъ миёни ҳамсоягон гардад, масалан, хушк накардани фарши ҳаммом ва ҳоҷатхона, набастани оби ҷумак, ки хонаҳои ошёнаҳои поёнӣ метавонанд зарар бинанд.
Аз ҳамсоя ашёҳои рӯзгорро барои истифодаи муваққатӣ гирифтан ноҷоиз аст, танҳо дар ҳолати зарурӣ ва он ҳам як маротиба пурсидан, ба андешаи ҷониб, дурусттар аст. Аммо зиёд мушоҳида менамоем, ки олоти ошхона то асбобҳои техникиро ҳамсоягон баъзан хоҳиши гирифтан менамоянд ва сари вақт барнагардонда, ҳатто корношоям низ месозанд.
- Ҳамсояи рӯ ба рӯям доранда аст. Аммо тӯли чанд сол аст, ки аз мо сатил, тағора, пайкора (швабра), тахтаву тирак мепурсад. Аҷабам меояд, ки чаро чунин ашёҳои асосии рӯзгорро барои хонаи худ харидорӣ намекунад? – мегӯяд С. Оймаҳмадова.
Соатҳои дароз дар берун нишастан, ғайбати ҳамсоягонро кардан, ба борхалтаи ҳамсоягон нигаристани баъзе занонро кӣ боре мушоҳида накардааст? Магар ба ҳаёти шахсии ҳамсоягон таваҷҷуҳ ва онро мавриди ғайбат қарор додан камоли бехирадӣ нест? Бар ивази ин, агар борхалта ва қуттиҳои онҳоро барои то хона расондан кӯмак намоем, назари нек ва дуои неки онҳо оё беҳтарин туҳфа барои шахс нест? Ва ё агар попӯшиҳои мулоими хонагӣ ба по кунему ба фарши хона қолин густарем, интиқоли садо ба ошёнаи поёнӣ андаке ҳам бошад, хомӯш мегардад. Ин ҳам ғамхорӣ нисбат ба ҳамсоягон аст, ки на ҳар кас онро дарк менамояд.
Мегӯянд, ки харбуза аз харбуза ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамсоя. Пас, он ранге, ки мо дар худ таҷассум менамоем, бояд ранги рахшанда бошад, то роҳи дигаронро низ равшан намояду ба қавли Фирдавсии бузург, «равонро сӯи равшанӣ раҳ кунад».
С. Ашӯрова