Авҷи сохтмонҳо босуръат симои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дигаргун месозад. Дар шаҳри Хоруғ, дар қатори биноҳои зиёди маъмурӣ ва аҳамияти иҷтимоӣ нахустин бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ қомат афрохт.
Ҳанӯз чанд сол қабл ба далели дар минтақаи зилзила қарор доштани шаҳр сохтмони биноҳои баландошёна мамнӯъ буд, вале бинои зебо ва мустаҳками нуҳошёна, ки беосеб чанд зилзилаи сахтро паси сар намуд, ин фикрро ботил бароварду акнун сокинони шаҳр орзуи дар чунин биноҳои замонавӣ зистанро дар дил мепарваранд.
Дар ҳамин ҳол, дар шафати кохи ҷавонон - туҳфаи Президенти кишвар ба насли ҷавон босуръат аввалин бинои дувоздаҳошёнаи истиқоматӣ ба боло сар мекашад. Дар тарафи дигари роҳи мошингард бинои муҳташами театри миллӣ қомат меафрозад. Ба назар мерасад, ки сохтмончиёни биноҳои бузурги ҳамшафат барои ҳарчи тезтар ба итмом расонданашон бо ҳам сабқат доранд. Театр бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, муҳандиси сохтмон Назарсултон Саидикова бовар дорад, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар театри нави миллӣ бо ҳазор ҷойи нишаст бо шукӯҳи хосса таҷлил мегардад. Сокинони шаҳр соҳибони манзилҳои нав дар бинои 12-ошёна бӯрёкӯбон хоҳанд кард.
Аз рӯи маълумоти расмӣ алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони 371 иншоот бо маблағгузории беш аз як миллиард сомонӣ идома дошта, то охири сол ба маблағи қариб 600 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Дар баробари театри миллӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар маркази вилоят сохтмони биноҳои нави Донишгоҳи давлатии Хоруғ, коллеҷи тиббӣ, мактаб, бинои маъмурии мақомоти шаҳрдорӣ ва дар ноҳияҳо мактабу варзишгоҳҳо, сехи дӯзандагӣ ва биноҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ босуръат пеш бурда мешаванд.
Рушди устувор аз бисёр ҷиҳат ба бахши маориф вобаста аст. Хонандагони макотиби вилоят аз озмуни ҷумҳуриявӣ бо 20 медал баргаштанд. Ба гуфтаи сардори раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов натиҷаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд, аммо муваффақиятҳо умедвор месозанд, ки ин дастовардҳои дар қиёс бо чанд соли охир беҳтар ва дар соли нав боз ҳам таҳким меёбанд. Бори заҳмати соҳаи маориф ва тандурустӣ бештар бар дӯши бонувон асту муваффақиятҳо ба фаъолияташон рабт доранд.
Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа рушд дорад. Вуруди зиёди сайёҳон боис шудааст, ки айни ҳол танҳо дар ноҳияи Мурғоб бештар аз 15 ширкати сайёҳӣ амал мекунад. Ширкатҳо бо роҳбаладон, тарҷумонҳо, ҳисобчиҳо ва ронандагон шартномаи меҳнатӣ доранду ашхоси зиёд соҳиби ҷойи коранд.
Бо мақсади ҷалби сайёҳон ширкатҳо намудҳои нави хизматрасонӣ, ба мисли тай намудани хатсайр бо қутос ва ё уштурро пешниҳод менамоянд. Дастони зебоиофарини ҳунармандон дар тӯли сол ба маблағи бештар аз 40 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногун истеҳсол намуда, ба бозор бароварданд. Акнун сайёҳи хориҷии тоқии помирӣ бар сар ва куртаи миллӣ дар тан, савори қутос дар гӯшаву канори Бадахшон дигар касеро ба ҳайрат намеораду сайёҳон чун нишони эҳтиром бештар ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Оғози соли саноатикунонии босуръат дар Бадахшон бобарор омад. Дар вилоят ба маблағи бештар аз 183 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки назар ба соле қабл 14 фоиз зиёд аст. Барқ, ки акнун ба деҳоти ҳамсояи Афғонистон низ содир мешавад, истихроҷи маъдан дар конҳои тилло ва нуқра асоси маҳсулоти саноатиро ташкил дод.
Имрӯзҳо дар деҳаи Пойи Мазори ноҳияи Ванҷ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов бунёди се корхонаи хурди истихроҷ ва коркарди санги мармар оғоз ёфт. ҶДММ «Хрустал» итминон дорад, ки корхонаҳои мазкур то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор медароянд. Дар ин коргоҳҳо бештар аз 100 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад гашт. Ширкат дар ҳалли масоили иҷтимоии сокинони маҳаллӣ ҳам саҳмгузор буда, 8 километр роҳи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Рованро тахту ҳамвор намудааст.
Бино бар маълумоти оморӣ истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ ҳам дар вилоят афзудааст. Дар тайёр намудани дору дорусозон аз имкониятҳои табиии минтақа бештар истифода мебаранд. Дар ин ҷода ҶДММ «Авитсенна» бо роҳбари бонуи кордон Нигина Ватанбекова пешоҳанг маҳсуб меёбад.
Оғози бобарори саноатикунонӣ ва рушди бесобиқаи сайёҳӣ имкон фароҳам овард, ки даромадҳои худӣ ба 31 дарсади ҳаҷми буҷети вилоят расиданд.