Cоли 2019 бо пешрафту дастовардҳои назарраси соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва оғози марҳилаи нави рушду ободонии деҳот, ки ба беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтари иҷтимоии аҳолӣ равона гардид, барои сокинони вилоят соли хотирмон буд.
Нишондиҳандаҳои барзиёди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ва иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят, ки манбаи асосии таъмини соҳаҳои буҷетӣ, пардохти нафақаи иҷтимоӣ ва маблағгузории барномаву лоиҳаҳои маҳаллӣ аст, бозгӯи болоравии иқтисодиёт, рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ ва афзоиши сатҳи истеҳсолот дар маҳал арзёбӣ мегардад.
Бинобар маълумоти шуъбаи таҳлилӣ - иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, давоми 10 моҳи соли 2019 - ум 43092 ҷойи нави кор таъсис ёфта, тавассути 284 ярмаркаи ҷойи холии корӣ 3361 нафар ба корҳои доимӣ ва 2829 кас ба шуғлҳои муздноки мавсимӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин давра музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 1004,2 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 13,8 дарсад афзоиш ёфтааст. Музди меҳнат дар соҳаи саноати истихроҷ, сохтмон ва саноати коркарду соҳаи коммуналӣ аз 1117,5 то 1917,4 сомониро ташкил медиҳад.
Сармоягузорӣ
Рушду нумӯи иқтисодиёти вилоят ва фароҳам овардани шароити арзандаву созгор барои аҳолӣ, хосса, деҳоти дурдаст аз ҷалби сармоя ва таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллӣ ба бунёди корхонаҳои саноатӣ ва марказу маҷмӯаҳои варзишӣ - фароғатӣ низ вобастагӣ дорад. Зимнан, эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри бунёд ёфтани инфрасохтори муҳиме, аз қабили мактабу муассисаҳои тиббӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, маҷмааҳои фарҳангӣ - истироҳатӣ, коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ ва дигар нуқтаву иншооти хизматрасонӣ замина гузошт. Дар баробари саҳмгузории сокинону соҳибкорони маҳаллӣ, ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 468,8 миллион сомонӣ амалӣ шуд. Дар ин давра ҳаҷми сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят ба 1 миллиарду 670 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ расид, ки аз ин 1479,9 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ аст.
Соли аввали рушди деҳот
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳи мардумӣ дар хитаи Хатлон бунёди 7 ҳазору 138 иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 3136 адади он, аз ҷумла 1973 иншоот дар соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тибқи нақшаи пешбинишуда беш аз 6 ҳазори ин лоиҳаҳо дар деҳот амалӣ шуда, бо фароҳам гардидани ҳазорҳо ҷойҳои корӣ дар коргоҳҳои навбунёд афзалияти асосӣ ба бонувон дода мешавад. Ҳамчунин, дар 103 корхонаи саноатие, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, ҳазорҳо нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Тибқи маълумот то 1-уми ноябри соли равон дар 73 коргоҳи аллакай ба фаъолият шурӯъ намуда, барои 765 нафар ҷойи кор муҳайё гардид. Имрӯз дар вилоят беш аз 90 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,9 дарсадро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар панҷ соли охир шумораи кормандон дар соҳаи саноати вилоят аз 16 ҳазор ба 26 ҳазор нафар афзудааст, ки аз ин қисми зиёди онро занону духтарон ишғол мекунанд.
Иқтисодиёт ва талаботи молиявӣ
Афзоиши нуфуси аҳолии вилоят ва дар ин замина талаботи рӯзафзуни сокинон ба молу маҳсулот, ҷойи кору дигар ниёзмандиҳои иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки ба натиҷаҳои рушду пешрафти соҳаи саноати Хатлон қаноатманд нашуда, ба тақвияти иқтидори истеҳсолӣ диққати бештар дода шавад. Аз ин лиҳоз, барои вусъат бахшидан ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, хусусан, пешрафти истеҳсолот афзоиши содироти молу маҳсулоти маҳаллӣ, ташкили ҷойҳои нави кору дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ, ғанисозии буҷети маҳаллӣ, иқтисодиёти вилоят ба ҷудо намудани ҳаҷми зиёдтари қарзҳои бонкӣ эҳтиёҷ дорад.
Бинобар гуфтаи Бадриддин Сафаров, сардори шуъбаи назорати бонкии шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Бохтар, давоми даҳ моҳи соли 2019 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 1 миллиарду 124 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 185 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ин 29 дарсади маблағҳои қарзӣ яъне, 321 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, бештар аз 215,3 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо ва ба соҳаи саноат ва сохтмон 402,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Инчунин, дар ин муддат бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳӣ 6,6 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби бештари бонувон дар соҳаи бонкдорӣ аз 187 нафар кадрҳои як соли охир ба низоми бонкӣ ҷалб шуда, 112 нафар бонувон мебошанд. Дар умум, имрӯз 24 дарсади кормандони низоми бонкии вилоятро бонувон ташкил медиҳанд.
Давоми даҳ моҳ аз ҳамаи манбаъҳои азхудкунии маблағгузории асосӣ 1 миллиарду 875 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ 1 миллиарду 304, 4 миллион, корҳои пудратӣ 649,3 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 2 миллиарду 388,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.
Вазъи маориф ва тандурустӣ
Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки нисбат ба дигар соҳаҳо ҳузури бонувон дар идораву муассисаҳои маорифу тандурустӣ бештар аст. Бинобар маълумоти охир аз 44 321 омӯзгори муассисаҳои таълимӣ 52 дарсади онҳо бонувон буда, аз ҷумла 5 нафари онҳо ба ҳайси мудири шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият дорад. Ба гуфтаи Диловаршоҳ Исоев, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар як соли охир дар вилоят шумораи муассисаҳои таълимӣ 6 адад, боғчаҳои кӯдакона 14, марказҳои инкишофи кӯдак 23 адад, теъдоди омӯзгорон 433 нафар зиёд шудааст. Дар баробари ин нишондиҳандаҳо теъдоди хонандагон низ 23 ҳазору 625 нафар, аз ҷумла духтарон 12508 нафар афзудааст, ки ин талабот ба мактабу синфхонаҳои иловагиро меафзояд. Дигар аз масъалаи ҳалталаби соҳа рушду инкишофи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули зеҳнии наслҳои оянда аст. Гарчанде нисбат ба панҷ соли қабл шумораи боғчаҳои кӯдакона ба маротиб зиёд шуда бошад ҳам, фоизи фарогирии кӯдакон ба боғчаҳои бачагона қонеъкунанда нест.
Дар вилояти Хатлон 1612 муассисаи тиббӣ фаъолият дошта, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 65 муассисаи муолиҷавию профилактикӣ, аз қабили 18 маркази саломатии деҳот, 40 бунгоҳи тиббӣ ва 7 беморхонаи деҳоту шуъбаҳои таваллуд бунёду мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин муддат ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳо 18 мошини ёрии таъҷилӣ оварда шуд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии вилоят 3 794 табиби маълумоти олидор, 17 975 корманди миёнаи тиббӣ фаъолят дошта, дар як соли охир шумораи табибон 168 нафар, аз ҷумла ҷарроҳон 20 нафар, момодоя 58, духтури кӯдакона 28, тибби оилавӣ 320 ва теъдоди кормандони миёнаи тиббӣ 232 нафар зиёд гардид. Тибқи маълумоти оморӣ имсол бемориҳои зардпарвин нисбат ба соли гузашта 248 нафар, бруселез 13 - то ва бемории сил 1141 нафар кам шудааст.