Боз як сол сипарӣ мешавад ва дар китоби таърих бо комёбиву нокомиҳо, гармию сардиҳо, баландию нишебҳо, талхию шириниҳояш абадан сабт мегардад. Соли 2019 сокинони вилояти Суғд барои таъмини зиндагии шоистаи худ ва ободонии кишвар азму талоши самаровар карданд.
Натиҷаҳои соҳаҳои гуногун кофианд, то бигӯем, ки сол неку фархунда буд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳар нишасту вохӯриҳои сершумор бо сокинон ба таъкид мегӯянд, ки барои истифодаи пурраи захираю имкониятҳои фаровони вилоят, махсусан, дар соҳаи саноат, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, монеаҳои сунъию воқеиро бартараф намудан ҳатмист.
Дар давоми 9 моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 8,9 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 113,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо 107,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2019 ба истифода додани 100 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1730 ҷойи нави корӣ дар назар аст, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 82 корхонаву коргоҳи нав бо 1239 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин давра диққати асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда зоҳир гардид. Истеҳсоли семент ба 1 миллион тонна расонда шуд. 1,3 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 180,2 ҳазор тонна ё 1,2 маротиба, дар корхонаҳои консервбарорӣ 16,0 миллион дона қуттии шартӣ консерв истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 миллион қуттии шартӣ зиёд мебошад.
Дар корхонаву коргоҳҳои вилоят 437852 дона либоси мактабӣ дӯхта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 83420 дона зиёд буда, суръати афзоиш 123,5 фоиз таъмин гардид.
- Раванди иҷрои супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дар ҳар шаҳру ноҳия таъсис додани корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ низ зери назорати масъулон қарор дошта, соли равон дар вилоят 13 коргоҳи дӯзандагӣ бо 124 ҷойи корӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент 2 ададӣ, Айнӣ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон 1 ададӣ ба кор даромад.
«Олия» ва «Софӣ» - равғанҳои нави тоҷикӣ
Дар доираи сафари августии Пешвои миллат ба вилоят чандин коргоҳҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Яке аз чунин коргоҳҳои нави саноатӣ корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко» мебошад, ки дар шаҳри Хуҷанд ба кор сар кард, ки камназир аст. Корхонаро соҳибкор Абдумубин Абдушукуров таъсис додааст. Коргоҳ дар як шабонарӯз то 30 тонна равғани растанӣ истеҳсол мекунад. Равғани хоми офтобпараст, пахта, рапс ва соя аз корхонаҳои равғанкашии ватанию хориҷӣ дастрас гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар 7 марҳила ва дар шароити пӯшида поксозӣ карда мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата равғани безарар, баландсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ омода мегардад. Дар ин коргоҳ 40 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла бонувон, бо ҷои кор ва маоши ба ҳисоби миёна 1500 сомонӣ таъминанд.
- Дастгоҳу таҷҳизоти корхона дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ва дар 7 қабат васлу насб гардидаанд. Чунин намуди технологияи коркарди равғани растанӣ бори нахуст ба мамлакат ворид карда шудааст.
Барои нигоҳдории равған дар саҳни корхона ва дохили бинои асосӣ зарфҳои махсуси ба ҳама ҳолат тобовар гузошта шудаанд, ки ҳаҷми умумии ғунҷоиши онҳо ба 400 тонна баробар аст. Баъди коркарди пурра равғани растанӣ бо тамғаи «Олия» ва «Софӣ» дар ҳаҷми аз 0,5 то 5 литр банду баст мегардад. Маҳсулоти корхона асосан дар бозори дохилӣ, ҳамчунин, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мегардад. Дар оянда истеҳсоли чарбуи растаниро низ ба роҳ монданием. Таҷҳизоти асосиро ворид кардаем, - мегӯяд Абдумубин Абдушукуров.
Технологияи истеҳсоли чарбу аз равғани растанӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 10 сол пеш ба роҳ монда шудааст ва дар миқёси Осиёи Миёна ҳанӯз мавҷуд нест. Баъди ба кор андохтани ин хати истеҳсолӣ корхонаи ҶДММ «ЗирвЭко» дар ҷаҳон 26 - умин коргоҳи истеҳсолкунандаи ин намуд маҳсулот ба ҳисоб хоҳад рафт. Чарбуи растанӣ асосан барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, хосса маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, шириниҳо ва ғайра истифода бурда мешавад. Алҳол чарбуи растаниро ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар меоранд.
Коргоҳи нави коркарди пахта
Пахтакорони вилоят имсол беш аз 130 ҳазор тонна «тиллои сафед» истеҳсол карданд, ки дар 25 соли охир беҳтарин нишондиҳанда аст ва барои рушди корхонаҳои коркарди ин ашёи пурқимат таконбахши хубе шуда метавонад.
Яке аз воқеаҳои барои бонувони деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов фараҳбахши сол, ифтитоҳи корхонаи коркарди нахи пахта ва ресандагии ҶДММ «Органик Ян» буд. Корхона аз ҷониби ҶДММ «25 -солагии Истиқлолият» - и Тоҷикистон ва ширкати «Мехмет Доган»-и Туркия бо арзиши лоиҳавии 70 миллион сомонӣ сохта шуд. Дар коргоҳ таҷҳизоти инноватсионии технологии сохти ширкати «Марзолли» - и Италия насб гардидааст. Хати технологӣ аз 5 қисм иборат буда, ришта аз нахи пахта дар марҳилаҳои шонакунӣ, пилтапечӣ, лентасуфтакунӣ, ресмонресӣ ва ғалтакпечӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад.
Дар марҳилаи аввал 100 бонуи деҳаи Ғӯлакандоз бо кор таъмин гашт. Дар марҳилаи дуюм боз 100 нафар соҳиби ҷои кор хоҳад шуд.