Имрӯз бонувони тоҷик қатори мардон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳайси муҳандис, сохтмончӣ, ронандаву тракторчӣ ва боз дар саду як вазифаи дигари мардона кору пайкор доранд. Аз ҷумла, дар соҳаи роҳсозиву роҳдорӣ, ки яке аз самтҳои муҳим ва стратегии давлату Ҳукумати кишвар ба шумор меравад.
Ойимнисо Таваккалова - сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» - и минтақаи Рашт аз зумраи чунин бонувонест, ки заҳматҳои чандинсолааш қадр гардидаанд.
- Аслан барои мардуми Шарқ муҳандисӣ ҳунари хос мардона маҳсуб меёбад ва ин шуғлу вазифа мансуб ба бонувон нест. Бале, мумкин замоне чунин буд, вале ҳозир бо дидани зани муҳандис, ронанда, сохтмончӣ ва ҳатто кайҳоннавард касе ҳайрон намешавад, - мегӯяд Ойимнисо Таваккалова.
Ӯ шаш сол аст, ки дар МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» (МД ИХРА) – и минтақаи Рашт сармуҳандис аст. Ӯ дар ноҳияи Тоҷикобод, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Институти политехникии Тоҷикистон, ба факултаи сохтмони саноати гражданӣ дохил шуда, онро соли 1987 бо ихтисоси муҳандиси сохтмон поён мебарад.
- Падарам корманди соҳаи матлубот ва модарам духтур буданд. Дар оила 6 нафар фарзанд будем. Падарам дӯсте доштанд, ки муҳандиси соҳаи сохтмон буд. Ӯ ба хонаи мо равуо дошт. Ҳар вақте дар бораи сохтмону меъморӣ суҳбат менамуд, ман ба ҳавас гӯш медодам. Ва аз ҳамон вақт дар дилам завқу ҳаваси ин касбу соҳа ҷо гирифт. Ҳарчанд падарам илқо мекарданд, ки мисли апаам духтур шавам, ман дар интихоби касб пофишорӣ намудам. Бо ризоии модарам нахуст духтаре аз водии Рашт будам, ки он замон дорои тахассуси муҳандиси сохтмон гардидам, - ёд меорад Ойимнисо Таваккалова.
Баъди хатми донишгоҳ тибқи роҳхат ба Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Тоҷикгипропром» омад, соли 1988 дар трести сохтмонии «Қаротегинселстрой» аввал ба ҳайси сардори шуъбаи лоиҳакашӣ, сардори шуъбаи шартномавӣ ва баъдан сардори шуъбаи истеҳсолӣ шуда фаъолият бурдааст.
Соли 2007-ум Ойимнисо бозраси дараҷаи якуми шуъбаи филиали №76 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар минтақаи Рашт таъйин гардида, то соли 2012 фаъолият намуд. Баъдан солҳои 2012 - 2013 раиси Ҷамоати шаҳраки Ғарм буд.
Меҳнатҳои ин бонуи коргарро роҳбарият ба инобат гирифта, ӯро ҳар сол зина ба зина дар вазифа боло бардоштанд. Алҳол вай ба сифати сармуҳандиси идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Рашт фаъолият меварзад. Аз фаъолияти густурдаи ин бонуи соҳибкасб чанд сол гузашт. Апаи Ойимнисо якмарому пайваста дар пайи такмилу омӯзиш ва фарогирии нозукиҳои касби дӯстдоштааш мебошад. Дигар ӯ на он духтари навкор, балки ба як бонуи соҳибкасбу соҳибтаҷриба табдил ёфтааст.
Ӯро берун аз минтақа ҳамчун мутахассис эътироф мекунанд. Ба ҷуз корҳои давлатӣ ин бонуи меҳнаткаш ҳамроҳ бо ҳамсараш Муқимҷон Гиёев, ки ӯ низ муҳандис аст, 4 фарзандро ба воя расонда, онҳоро маълумотнок намудаанд.
Чун аз кораш пурсон шудем, ӯ филфавр посух дод, ки дар соли 2019 чӣ қадар роҳҳоро аз таъмир баровардаанд. Ба қавли ӯ дар мувозинаи МД ИХРА-и минтақаи Рашт 940 км роҳ қарор дорад, ки аз инҳо роҳҳои таъйиноти байналмилалӣ- 299,1 км, ҷумҳуриявӣ - 74,64 км, роҳҳои маҳаллӣ - 466,38 километрро ташкил медиҳанд. Инчунин, 118 адад пул – дар 3785м/тӯлонӣ, облӯлаҳо -964 адад дар 8113м/ тӯлонӣ қарор доранд.
Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои нигоҳдории роҳҳо 205 километр роҳҳои автомобилгард аз таъмири ҷорӣ бароварда, 2 километру 650 метр роҳҳо мумфарш ва 16 километру 416 метр роҳҳои автомобилгард шағалпӯш карда шуданд. Дар соли 2018 бо ёрмандии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ватанӣ роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ Сарипул - Навобод ба масофаи 7 километру 800 метр ва роҳи автомобилгарди маҳаллии Навобод – Поҷеи Боло ба масофаи 5 километр ва дар соли ҷорӣ роҳи маҳаллии Бинисуфиён – Камароб ба масофаи 14 км мумфарш шудаанд, ки ба ҳудуди ноҳияи Рашт тааллуқ доранд. Ҳамзамон, дар соли гузашта роҳи автомобилгарди байналмилалии Ваҳдат – Рашт - Лахш - сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон низ бо дастгирии Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба масофаи 9 километр мумфарш карда шуд. Умуман, роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Рашт дар ҳолати қаноатбахш қарор доранд.
- Корхонаи мо иҷрои корҳои баанҷомрасондаи муассисаҳои нигоҳдории роҳи панҷ ноҳияи минтақаро назорат мебарад. Дар панҷ ноҳияи минтақа 7 МД «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» мавҷуд аст, ки дар ҳолати корӣ ва кушода будани роҳҳои ҳудуди худро таъмин месозанд.
Ба гуфти Ойимнисо Таваккалова дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ низ дар самти таъмиру барқарорсозии роҳҳои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта солҳои охир корҳои зиёде ба сомон расидаанд. Аз ҷумла, танҳо соли равон дар минтақа аз ҳисоби соҳибкорон дар ҳамбастагӣ бо техникаҳои МДНРА роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 16 км мумфарш ва 15 км 705 м роҳҳо шағалпӯш карда шуданд.
«Роҳ шараёни ҳаёт аст»,- мегӯяд ин бонуи меҳнатқарин.
-Шаб аст ё рӯз, сард аст ё гармо бояд тамоми саъю кӯшишро ба он равона созем, ки ҳаракати мунтазами нақлиёт дар роҳҳои минтақа таъмин бошад. Равуои нақлиёти мусофирбару боркаш лаҳзае ҳам бояд қатъ ё халалдор нагардад, - меафзояд муҳандисбону.
Заҳматҳои шабонарӯзиаш буд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ойимнисо Таваккаловаро дар маросими 27 - солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо медали «Хизмати шоиста» қадр намуданд.
Далер САйдамирзода,
ноҳияи Рашт