Сафари деринтизори мо ба вилояти Суғд оғоз гардиду субҳи солеҳон бо ҷамъи ҳамкорон ба роҳ баромадем. Тақрибан чор соат роҳро тай намуда, ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд расидем. То расидан ба вилоят ҳеҷ кадоми мо қаҳрамон ва ё мавзӯи дақиқи худро надоштем. Пас аз мулоҳиза мо ба минтақаҳои вилоят тақсим гардидем, то сатҳи ҳунармандиву ободии маҳалро инъикос намоем. Қисса кутоҳ, ману ҳамкори минтақавиамон – устод Ҷӯра Юсуфӣ озими ноҳияи Ҷаббор Расулов гардидем.
Назди бозори «Панҷшанбе». Садои ронандаҳои кироякаш аз ҳар ҷониб ба гӯш мерасид: «Ҷаббор Расулов, Зафаробод… кӣ меравад?» Ҳама дар такопӯ буданду мехостанд зудтар мусофиреро пайдо намуда, ба роҳ бароянд. Мо низ савори кироякаш ба самти Ҷаббор Расулов ҳаракат намудем. Ҳамкорам, ки сокини вилоят буданд, тамоми маконҳои ин ҷоро хуб медонистанд, аммо барои мане, ки бори аввал ба ин ҷо меомадам, пеши назарам хонаҳои лойин, роҳҳои ноҳамвор ва дашту пуштаҳо тасвир меёфтанд. Аммо манзараи ноҳияро тамоман дигар дарёфтам. Роҳҳо чунон ҳамвор буданд, ки мисли роҳҳои шаҳрҳои азим. Ба худ гуфтам, шояд роҳи калони мошингузар, ки ҳаст таъмир кардаанду дохили ноҳия фарқ кунад.
Чун ободии роҳро тавсиф намудам, ронанда ба қавле интизори ин калом буд, ки ба сухан гуфтан оғоз кард.
- Апаҷон, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ягон роҳи ноҳамворро намеёбед. Ҳатто, роҳҳои дохили маҳаллаву кӯчаву паскӯчаҳо низ чунинанд. Бештари ин роҳҳоро соҳибкорони ноҳия таъмир намудаанд. Ҳатто мардуми деҳа низ чунин иқдомро пеш гирифтаанд. Якеашон акои Тӯйчибой аст, ки ҳатто маблағи барои тавофи хонаи Худо ҷамъовардаашро ба мумфаршкунии роҳ сарф намуд.
Пас аз номбар кардани чандин корҳои хайри ӯ барои ободии маҳал, ба худ гуфтам бо ин марди хайрандешу ватандӯстдор мебояд ҳамсӯҳбат шуд. Баробари расидан ба маркази ноҳия, аз раис хоҳиш кардам, то имкони суҳбат бо акои Тӯйчибойро фароҳам оранд.
Роҳ пеш гирифтем ба ҷамоати деҳоти Гулхона. Воқеан ҳам, роҳҳо ҳамвор буданду ҳатто ҷои фурӯрафта ва ё кандашудаеро вонахӯрдем. Ба деҳаи Гулхона низ расидем. Акои Тӯйчибой моро пешвоз гирифтанду пас аз он ки аз мақсадамон воқиф гардиданд, нахостанд, ки дар ин бора ҳарф зананд. Чун ин корро барои худ як амали муқаррарӣ ва қарзи фарзандӣ меҳисобидаанд.
- Вақте хонаи истиқоматии хешро бунёд менамоӣ, дохилу гирду атрофи онро бояд таъмир намоӣ, то ин ки барои зиндагӣ кардан шароити мувофиқ муҳайё гардад. Маҳаллу деҳот низ чунин аст. Маҳаллаву кӯча бароямон мисли хонааамон бояд бошад, ки барои ободу зебо нигоҳ доштанаш аз дилу ҷон бояд талош варзем, - бо ифтихор гуфт Тӯйчибой Маматуллозода.
Тӯйчибой ҳамроҳ бо ҳамсарашон апаи Шаҳодат бештар ба деҳқонӣ шуғл дошта, аз ин ҳисоб зиндагиашонро пеш мебаранд. Солҳои 2017-2018 аз кишти пахта ҳосили хуб ба даст овардаву аз ин ҳисоб маблағи муайяне пасандоз намуданд, то ҳар ду хонаи Худоро зиёрат намоянд. Чун роҳи деҳаашон, ки тӯли чанд сол таъмирро надидаву вайрону валангор гардида буд, бошандагон наметавонистанд, ки озод дар ҳавлиашон гаштугузор намоянд. Ҳар гоҳе мошине мегузашт, чангу ғубор ҳавлии сокинонро пахш менамуд.
- Як рӯзи гарми тобистон либос шуста, ба тори рӯи ҳавлӣ бурда овезон намудам. Пас аз гузашти чанд дақиқа тамоми либосҳои тоза аз чанги роҳ олуда гардид. Ҳамон замон шавҳарам вориди ҳавлӣ гардиду ғур-ғуркунон гуфтам, ки аз чунин ҳолат ҷонаб ба лаб расидааст. Он кас чизе нагуфта, ба хона даромаданд. Бегоҳӣ, вақте аҳли хонавода сари дастархон ҷамъ омада будем, гуфтанд, чӣ мешуд, ки ҳамон маблағҳои барои зиёрати хонаи Худо пасандоз намудаамонро ба ободии роҳи деҳаамон сарф намоем. Ҷамъи оила ин амалашонро дасгирӣ намудем,- қисса мекунад Шаҳодат Султонова.
Маблағи ҷамъовардаи онҳо 104 ҳазор сомониро ташкил медод. Вақте аҳолии деҳа аз ин амали хайри акои Тӯйчибой бохабар шуданд, барои кӯмак болои он маблағ, 39 ҳазор сомонии дигар зам намуданд. Ҳамин тавр, соли 2018 як қисмати роҳи деҳа ва боқимондаи он соли ҷорӣ, ки дар умум 1 километру 140 метрро ташкил медод, пурра мумфарш гардонида шуд. Бар замми ин, апаи Шаҳодат аз ҳисоби зироати полезӣ каме маблағ ва барои чароғонкунии кӯчаҳои деҳа сарф намуданд. Наздики 1 километр роҳ пурра чароғон гардида, мардуми деҳа шабона низ метавонанд озодона рафтуо намоянд.
Акаи Тӯйчибою апаи Шаҳодат ҳоло тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои деҳаеро, ки яке аз фарзандонашон он ҷо зиндагӣ менамояд, мумфаршу чароғон намоянд.
- Дар ҷое, ки ободӣ ҳаст, оромӣ низ побарҷост, - бо ифтихор иброз дошт дар интиҳои суҳбат акаи Туйчибой.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ