Ҳанӯз чанд сол қабл шафати шоҳроҳи Душанбе - Панҷи Поён, аниқтараш мавзеи миёни Терминали мусофирбарии шаҳри Бохтар ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ холигоҳеро мемонд, ки ба ҷуз чанд хорбуттаҳои пажмурдаву партобҳои нолозим чизе дигар надошт. Алҳол, аз субҳи содиқ дар ин нуқтаи серодам мошинҳои гуногунтамға ист карда, мардикоронро киро мекунанд. Ин ҷо «Бозори мардикорон» аст…
Асли “Бозори мардикорон” аз маҳаллаи он тарафи шоҳроҳ воқеи ҳудуди Деҳоти номдори «Ғайрат»-и шаҳри Бохтар сарчашма мегирад, ки дар мавсими кишту парвариши маҳсулоти барвақтӣ кормандони мавсимиро ба шуғлҳои нақдмузд ҷалб мекунанд. Ба гуфти занони мардикор шурӯъ аз оғози фасли баҳор то тирамоҳ рӯзе то 100 нафар мардикорон барои иҷрои корҳои нақдмузд ба хонаву заминҳои сокинони Ҷамоати деҳоти «Ғайрат» даъват мешуданд.
Баробари наздик шудан ба бозори мардикорон анбӯҳи бонувон «Ако, чӣ кор аст? Бародар, чанд нафар коргар лозим?», - гӯён моро ҳалқа гирифтанд. Аммо баробари изҳори матлаб, ки миёни онҳо нафарони соҳибмаълумот ва ё сухангӯ магар ҳаст, иддае афсурдахотир бо киноя изҳор доштанд, ки бонувони таҳсилдидаро метавон аз маориф пайдо кард.
- Писарам, агар касбу савод медоштем, ба ин ҷо меомадем?, - гӯён солмандтарин зани кироякор риштаи суҳбатро кушод.
– Солҳои пеш дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр ҷамъ мешудем. Шукр, ки аз рӯзи ин гӯшаро ёфтанамон касе монеи мо нашудааст. Баъзан рӯзҳое мешавад, ки соатҳои зиёд дар ин ҷо интизори корфармоён нишаста, бегоҳӣ бо дасти холӣ ба хона бармегардем. Аммо “насибаи банда зери замин”, гуфтагӣ барин, ононе, ки мунтазири корфармо ё фармоише агар сабр кунад, бе ризқу рӯзӣ намемонад.
- Дар аввал баробари ба “Бозори мардикорон” ворид шудан гӯё ин кирдори нохуб бошад, ки кас худро нороҳат ҳис мекунад, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд бонуе, ки худро Малоҳат муаррифӣ кард. - Дар ин ҷо ба ҷуз ростқавлӣ ва ҳунар, боз маҳорати сухандонию корчалонӣ ба кор меояд, то ин ки аввалин шуда, боварии корфарморо ба даст оварда, фармоиши вайро соҳиб шавӣ. Ё беҳтараш, то рамузи корро дарёфтан бо бонувони таҷрибадору ба гуфте “гургони борондида” мебояд унс гирифт, ки дар сурати дарёфти корҳои калон туро бо худ ҳамроҳ бигиранд.
Дар “Бозори мардикорон” нафароне ба зудӣ корҳои нақдмузд меёбанд, ки аз ҳунарҳои кадбонуиву тамизкорӣ то корҳои саҳроӣ, чоҳканиву хиштрезӣ ва дигар ҳунарҳои бинокорӣ бархӯрдор бошанд. Мо чанд тан занону духтарони мардикор ҳам доштем, ки аз ин ҷо барои худ шуғлҳои доимии музднок пайдо карда, имрӯз бароҳат рӯзгори хешро пеш бурда истодаанд, - иброз медорад ӯ.
Гарчанде “Бозори мардикорон” ба расмият дароварда нашуда бошад ҳам, аммо он ҳамчун падидаи тақозои замон арзи ҳастӣ дорад ва мардуми оддии рустоҳои дурдаст ҳам вориди ин бозор шуда, онро як василаи пешбурди рӯзгор медонанд. Мутаассифона, “Бозори мардикорон”-и шаҳри Бохтар ҷойи муайян надорад ва мардикорон корфармоёнро қад-қади роҳҳои мошингарду нуқтаҳои ҷамъиятии шафати шоҳроҳ интизорӣ мекашанд.
Дар бозори мардикорони шаҳри Бохтар арзиши меҳнати мардони кироякор аз ҳақмузди заҳмати бонувон ду баробар зиёд аст. Тавре як тан аз бонувони кироякор иқрор омад: “Парерӯз як фармоиши кандани бинои куҳнаро ҷавонмардон 320 сомонӣ нарх гузоштанд, аммо мо 4 тан занон ин фармоишро бар ивази 160 сомонӣ ба субот расондем, то бегоҳӣ дасти холӣ ба хона барнагардем. Мо аз шаҳри Левакант ба ин ҷо коркобӣ меоем, ки роҳкирои якрӯзаи ҳар яки мо 8 сомонӣ аст. Аз ин сабаб, ба хотири таъмини рӯзгори фарзандон бо ивази ҳақмузди камтар ҳам, иҷрои корҳои зиёдро бар зимма мегирем”.
Ин модарону хоҳарон корҳои нақдмузд ва ташкили бозори мардикоронро раванди бечунучарои замони муосир дониста, пайдо шудани инчунин ба истилоҳ “мардикорбозор”-ҳоро дар дигар навоҳии минтақа аз эҳтимол дур намешуморанд. Чаро ки бонувони мардикор дар қиёс ба корҳои саҳрову дигар шуғлҳои хонагии бемузд шуғлҳои нақдмуздро авлотар мешуморанд.
Бинобар ин, онҳо ба гармиҳои тоқатфарсо ва барфу борон нигоҳ накарда, ҳар субҳ ба хотири дарёфти кор ин ҷо ҷамъ меоянд. Аз суҳбат бо занони кироякор маълум мешавад, ки онҳо хоҳони таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ бобати сохтани сарпаноҳи оммавие дар ин нуқта нестанд. Зеро, ба гуфтаи занони мардикор, дар сурати аз ҷониби онҳо бунёд кардани соябон ё паноҳгоҳ барои мардикорон эҳтимол мушкилоти пардохти чиптаву иҷозатномаи фаъолият ва дигар сарбориҳо пайдо шавад.
Ин лаҳза автомошинаи гаронарзише каме дуртар аз мо ист кард ва занону духтарон суҳбатро як сӯ гузошта, сӯйи он тохтанд: “Амакҷон, чӣ хизмат? Амакҷон, ҳақмузди мо арзон аст...”.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон