Мавзӯи доғи рӯз, ки ҷомеаи љањониро ба таҳлука овардааст, хатару тањдидњои экстремистӣ ва терористӣ мебошад. Дини мубини Ислом низ ин амалҳои ғайриинсониро маҳкум менамояд.
Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо аксари кишварҳои исломиро оташи ҷангу ихтилофоти зиёди мусаллаҳона фаро гирифтааст, ки дар бисёри онҳо ба ғайр аз неруҳои мусаллаҳи хориҷӣ худи мусалмонони ноогоҳ аз аслияти дину мазҳаби хеш бехатар, даст ба ҷиноятҳои вазнин мезананд. Ғайр аз ин, баъзе аз ҷавонони тоҷикро, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд, ба доми фиреб ва найранги худ афтонда, онҳоро ба сӯйи ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ даъват менамоянд, ки дар натиҷа онҳо низ аз ноогоҳӣ ба онҳо пайваста, оқибат кушта, ё аз кардаи хеш пушаймон мегарданд.
Ҳақиқати талх ин аст, ки ҷанг паёмади нохуб дораду харобиву хунрезиҳоро ба бор меорад. Бо роҳи ҳарбӣ ҳал кардани ҳар гуна ихтилофот харобиовар аст, ки боиси марги на танҳо низомиён, балки аҳолии осойишта мегардад. Онҳо дар ин набард гаравгони сиёсати ғайриинсонї гашта, аз наздикону пайравон маҳрум мегарданд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ аз дини мубини Ислом хеле устокорона истифода бурда, зери дин ниқоби манфур ба бар карда, осебпазиртарин қишри ҷомеа - ҷавонмардону ҷавондухтарони ноогоҳ, ки аз нигоҳи маънавӣ ба камол нарасидаанд, ба сафи худ ҷалб менамояд.
Тавре дар гузориши нашршудаи СММ омадааст: «…беш аз 25000 ҷангиёни хориҷӣ аз 100 кишвар ба гурӯҳҳои исломии террористӣ ва ҷангҷӯ пайвастаанд. Дар Сурия ва Ироқ ҳудуди 22000 ҷангҷӯёни хориҷӣ қарор доранд, 6500 нафар дар Афғонистон ва садҳо бунёдгарони он дар Яман, Ливия, Покистон ва Сомалӣ амал мекунанд».
Тибқи маълумоти ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо дар мубориза алайҳи терроризм Жил де Кершов, ки коршинос Владимир Одинтсов гуфтаҳои ӯро иқтибос овардааст, «…аз кишварҳои мухталифи Аврупо дар ҳоли ҳозир 3 000 нафар дар ҷанг ба ҷонибдории ДИИШ иштирок мекунанд. Ба асоси маълумоти ин корманди Иттиҳоди Аврупо, дасти кам дар 11 кишвари аврупоӣ рафтани шаҳрвандон ба Ироқ ва Сурия барои ҷанг ба тарафдории ДИИШ ба қайд гирифта шудааст».
Мутобиқи иттилои Жил де Кершов, баъд аз эъломияи моҳи июни соли 2014-и ДИИШ дар бораи таъсиси хилофати исломӣ, яъне қаламраве, ки онро роҳбарони мазҳабӣ идора мекунанд, вуруди исломиҳо аз Аврупо ба ин минтақа афзуд: «Ин ҷараён то ҳол анҷом наёфтааст ва ба ин хотир, эҳтимол дорад, ки эълон гаштани таъсиси Хилофат ба ин вазъият таъсири худро расондааст».
Имрӯз ҳассосият ва ҷиддияти масъала боз дар он аст, ки ДИИШ аз номи шариат сиёсати «поксозии дин», яъне такфирро пеш гирифтааст. Шариат нисбат ба қатли инсон хеле ҷиддӣ бархӯрд менамояд. Арзиши ҳаёти инсон дар Қуръон батакрор зикр гардидааст. Гарчанде ҳанӯз ҳеҷ ҷомеае дар ҷаҳон наметавонад иддао намояд, ки аз қатли инсон комилан орӣ аст, вале даҳшатовар ва амали нобахшиданӣ ин аст, ки мусулмон бар зидди мусулмон ва бародар муқобили бародар бархезад. Мутаассифона, имрӯз мусулмонон ҳарчи бештар даргири ихтилофоти мусаллаҳонаи дохилӣ мешаванд, дар қатлу куштори мусулмонони дигар даст доранд.
Муносибат ба қатл дар Қуръон равшану возеҳ аст. Дар сураи «Нисо», ояти 93 омадааст: «Ва ҳар ки муъминеро бикушад, пас, ҷойи ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург ба ӯ омода сохтааст».
Аммо имрӯз ҷаҳон ислом барои ҳимояи арзишҳои хеш аз дастдарозии ДИИШ бархостааст. Ҳеҷ як фарди мусулмон, ки бо қалбу ақли хеш дини мубини Исломро қабул кардааст, қатли инсон, хоҳ мусулмон, хоҳ ғайри мусулмонро раво намебинад.
Тағйироти охир дар минтақа ва дар ҷаҳон вобаста ба густариши терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва пайванд додани ин зуҳуроти манфӣ бо дини мубини Ислом ашхоси солимфикрро ба он даъват менамояд, ки бояд рангу тобиши динӣ аз ин созмонҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла аз «Давлати исломӣ» бардошта шавад, то ин ки бо дини Ислом ҳеҷ гуна иртиботе надоранд, ошкор карда шавад.
Дар шароити њассоси рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардондааст.
Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.
Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии хеш хеле воло иброз намуданд: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».
Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқии байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.
Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.
Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Товус ҚУРБОНҶОНОВА,
омӯзгори МТМУ №93-и
шаҳри Душанбе