Тақозои ҳар давру замон аст, ки дар ҳаводиси рӯзгор танҳо онҳое комёбу муваффақ мешаванд, ки барои расидан ба орзуву ҳадафҳои хеш ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишандӯзӣ, сайқали касбу ҳунарҳои гуногун ҷаҳду талош меварзанд. Чаро ки бесаводию бекории сокинони таҳсилнодидаи деҳот на танҳо хонаводаҳои онҳоро ба мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ сохта, балки боиси муноқишаҳои оилавӣ ва мавриди хушунат қарор гирифтани занону духтарони хонашин мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хушунат (зӯроварӣ)-и хонаводагӣ бисёртар дар рустои дурдаст ба чашм мерасанд ва дар пешгирӣ аз ин падидаҳои носолим қишри осебпазири ҷомеа ба машварати табибони равоншинос ва дастгирии соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, кор бо ҷавонон, занон ва оила ва ғайраҳо эҳтиёҷ доранд. Бо мақсади пешгирӣ аз ин равандҳои номатлуб ва баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд барномаҳои давлатию стратегияҳои миллиро рӯи кор овардааст.
Боиси таассуф аст, ки баъзе рафтору атвори дурушти сарварони хонаводаҳо, ки аз хулқу одатҳои солиёни зиёд шаклгирифта маншаъ мегирад, то кунун ҳам дар муносибату фарҳанги оиладорӣ мушоҳида мешавад. Масалан, тасмимгириҳои мустақими зодмандон дар интихоби ҳамсари ояндаи фарзандон, дахолати калонсолон дар муносибатҳои оиладории ҷавонон, монеасозии хусуру хушдоманҳо бобати фаъолиятҳои ҷамъиятии арӯси хонавода ва ғайраҳо.
Аз сӯи дигар, бетаваҷҷуҳии ҷомеа бобати таҳсилу ҳуқуқҳои иҷтимоии занону духтарон ва надоштани пуштибону эҳсоси танҳоии занон дар ҳалли мушкилиҳои ҳаётӣ боис шудааст, ки то кунун бонувони русто алайҳи хушунату зӯроварии хушдоману ҳамсарони худ хомӯширо ихтиёр меварзанд. Бинобар ин, ҳаёти воқеии бонувони рустоӣ аз назари ҷомеа пӯшида мемонад ва ҳангоми ба нишони эътироз аз хонаи ҳамсар фирор кардани наварӯсон ва ё ба худкушӣ даст задани онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ дигаргуна баҳо дода мешавад.
Машҳура Азимзода, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав, дахолати баъзе хусуру хушдоман ва дигар калонсолони хонаводаҳоро дар муносибатҳои оиладории ҷавонон сабабгори асосии сар задани баҳсу муноқиша ва пошхӯрии оилаҳои онҳо медонад.
- Дар соли 2018 дар ноҳияи Носири Хусрав 42 ҷуфти навхонадорон никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2017 - 23 ҳолат зиёдтар аст. Аз 2 ҳазору 207 ҷуфт оилаҳои сокинони ноҳия 235 ҷуфт дар феҳристи оилаҳои камбизоат шомил буда, аз ин 178 оила бесаробонанд. Бо мақсади пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо ва барҳам додани хушунати хонаводагӣ масъулони бахшҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, тавассути суҳбату вохӯриҳои хона ба хона, вазъи воқеии оилаҳоро омӯхта, дар пешгирӣ аз оқибатҳои нохуб маслиҳату машварат мегузаронанд, -гуфт Машҳура Азимова.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки чорабиниҳои воқифгардонӣ миёни сокинон дар ин самт натиҷаи хуб дода, дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ноҳияи Носири Хусрав ҳамагӣ 22 ҳолати бекоркунии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳолат кам мебошад.
Қобили зикр аст, ки соли равон бо мақсади пешгирӣ аз нобаробариҳои иҷтимоӣ, хушунати равонӣ ва зӯроварӣ дар оила, ки боиси афсурдагию даст ба худкушӣ задани баъзе бонувон мегардад, дар ноҳияи Шаҳритус Маркази буҳронӣ таъсис дода шуд. Ин марказ дар ҳолатҳои муноқишаҳои оилавӣ барои дастгирии модарону кӯдакони мавриди хушунат қароргирифта хизмат хоҳад намуд. Он иборат аз 3 ҳуҷра буда, дар назди беморхонаи марказии ноҳия фаъолият мекунад.
Бинобар иттилои Зариф Ҷаҳонгирзода, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус, Маркази дастгирии модару кӯдакон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд ёфта, барои хонаводаҳои дар ҳоли низоъ қарордоштаи ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав хизмат мерасонад.
– Дар марказ барои модарону кӯдаконе, ки дар баҳсу низоъҳои хонаводагӣ зарари ҷисмонию равонӣ дидаанд, шароити будубоши муваққатӣ фароҳам аст, - иброз дошт номбурда.
Дарвоқеъ, дар аксари ҳолатҳо дар натиҷаи низоъҳои оилавӣ бештар занону кӯдакон аз хона берун карда мешаванд ва фаъолияти чунин марказҳои будубоши муваққатии модарону кӯдакон дар тамоми навоҳии дурдаст бағоят муҳим аст. Масъулони Маркази дастгирӣ ҷабрдидагонро ба ҷойи зисту шароити ором таъмин менамоянд. Сипас, аз ҷониби ҳуқуқшиносону равоншиносон бо ҷонибҳо суҳбатҳо доир гардида, бо сарварони оилаҳо чораҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд. Таҷрибаи соли аввали фаъолият нишон дод, ки мутахассисони Маркази буҳронии ноҳияи Шаҳритус баҳсу муноқишаҳои даҳҳо оилаҳоро пешгирӣ карда, миёни ҳамсарон созишро фароҳам оварда, модарону кӯдаконро ба манзили зисташон баргардондаанд.
Табибони равоншинос ва мутахассисони бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташкили Марказҳои буҳрониро аз он лиҳоз дар назди беморхонаҳо мақсаднок медонанд, ки сари вақт ба занони хушунатдида кӯмакҳои равонию тиббӣ расонда мешавад. Аз сӯи дигар, рӯзу соатҳои дар бошишгоҳи муваққатӣ қарор доштани модару атфол эҳсоси хашм ва кинаро аз сари калонсолони хонавода фурӯ менишонад, ки дар натиҷа, аз карда пушаймон шуда, барои бозгашти онҳо иқдом менамоянд. Албатта, ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо донишу маҳорати баланди касбии мутахасссисони ин марказҳо низ бас муҳим аст.
Ҳолдонҳо бар он назаранд, ки барои аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила корҳои фаҳмондадиҳиро дар чанд самт миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба роҳ бояд монд.
Тӯҳфа Исматуллозода, сокини вилояти Хатлон як сабаби баҳсу ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавонро ба ҳақталошию ҳатто эътирозу саркашии наварӯсон дар қиболи ноадолатиҳои нисбаташон раводидаи шавҳару хушдоманҳо рабт медиҳад. Чун дар солҳои охир бештари духтарон аз ҳуқуқҳои хеш бархӯрдор буда, хушунату зӯроварии шавҳар ва аъзоёни хонаводаи ӯро таҳаммул наменамоянд.
- Занону духтарони таҳсилнодида, ки аз лиҳози иқтисодӣ вобастаи ҳамсару дигар сарварони хонаводаҳои хешанд, ба ҳеҷ ваҷҳ фаҳмиши ба ҳуқуқшиносу дигар марказҳои дастгирии занон муроҷиат карданро надоранд. Инчунин занону духтарони аз таҳсил дурмонда ҳатто дар ҳолатҳои гирифторӣ ба ягон бемориҳо ҳам бе ризоияти шавҳар ва ё хусуру хушдоманҳои худ ба ташхиси тиббию муроҷиати духтурон рафта наметавонанд, - илова намуд Т. Аҳмадзода.
Бинобар гуфтаи Матлуба Раҷабзода, мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, хушунати хонаводагӣ дар фарҳанги оиладории мардуми мо ба шаклҳои гуногун зоҳир мешаванд, ки яке аз маъмултарини он рафтору кирдорҳои хушунатомези хушдоманҳо нисбат ба келинҳо аст. Дар мисоли муроҷиати модари ҷавоне, ки солиёни зиёд бо се фарзанди ноболиғаш аз кирдорҳои хушунатомези хушдомани худ ранҷу азият доштанд. Аз суҳбат бо ин ҷавонзан маълум мешавад, ки ҳар бори ба муҳоҷирати корӣ рафтани шавҳар хушдоман ӯро бо се фарзанди ноболиғаш аз манзили зисташон ронда, ҳушдор медодааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ то бозгашти шавҳар ба хонаи онҳо барнагарданд.
Бояд тазаккур дод, ки барҳам задани чунин ҳодисаҳои нанговар ба исми тоҷику тоқикистониён иснод меорад ва пешгирӣ аз онҳо кори дастаҷамъонаи тамоми ниҳодҳои марбута ва фаъолони маҳаллаҳост. Бинобар ин, чунин ҳолатҳои нангинро дидаву тадбире наандешиданд, бар хилофи арзишҳои миллию фарҳангии мост. Зеро аз аҳди қадим халқи тоҷик бо маданияти баланди оиладорӣ ва хулқу атвори шоиста намунаи ибрати оламиён буд.
Дар натиҷаи як силсила суҳбату вохӯриҳо бо сокинони рустоҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон метавон гуфт, ки қисми зиёди занону духтарони таҳсилнодида намедонанд, ки кадоме аз рафтору амалҳои сарварони хонаводаҳо нисбат ба дигар аъзоёни оила хушунат дониста мешавад. Ин аст, ки дар баъзе мавридҳо бонувон бо вуҷуди заҳмати кори саҳрову дигар шуғлҳои музднок дар баробари мардони оилаҳои хеш ҳаққу ҳуқуқи баробар надоранд.
Ҳамин тавр, бинобар сабабҳои зикргардида, занону духтарони рустоҳои дурдаст ба хотири ҳифзу пойдории оилаҳои худ ба ҳама мушкилоти хонаводагӣ ва ноадолатҳои шавҳару наздикони ӯ сабру таҳаммулро пеша намудаанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН