Бо дарназардошти моҳияти рушди саноат, ки дар таъмини ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани мамлкат заминаи воқеӣ мегузорад, Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.
Дар ноҳияи Зафаробод бештар аз 47 дарсади аҳолии онро занону духтарон ташкил дода, дар кори саҳрову соҳаҳои маорифу тандурустӣ нисбат ба мардон нуфуси бештар доранд. Дар баробари ин, вобаста ба афзоиши рӯзафзуни корҷӯён таъсиси ҷойҳои корӣ барои занону духтарон аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.
Агар то солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Зафаробод ягон корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд надошт, пас то нимаи дуюми соли 2018 дар ҳудуди он 23 корхонаи гуногуни саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Вале дар ин миён баъзе корхонаҳо ба фаъолияти мавсимӣ гузашта, чанд адади онҳо бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмондаанд. Вобаста ба вазъи соҳаи саноати ин ноҳия Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои худ дар солҳои 2016 ва ҳам сентябри соли ҷорӣ, ба роҳбарони вилоят, ноҳия ва масъулони вазорату корхонаҳои марбут дастур дода буданд, ки бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои пешқадам фаъолияти мунтазами корхонаҳоро таъмин намоянд.
Моҳи августи соли 2016 зимни ифтитоҳи коргоҳи ҳунаромӯзии «Азиза» 40 нафар занону духтарон соҳиби ҷойи кор шуда, то ҳазор сомонӣ музди маош мегирифтанд. Муассисаони корхона ният доштанд, ки дар таҳхонаи бино сехи қаннодӣ кушода, теъдоди коргаронро бештар ва сокинонро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин намоянд. Ҳамчунин, дар ошёнаи дуюми бинои мазкур коргоҳи адрасу атласбофӣ ба роҳ монда шуда буд. Аммо тобистони соли ҷорӣ коргоҳи атласу адрасбофиро дар ҳоли ногувор дидем. Дигар аз он тозагиҳо ва садои дукону шавқуни адрасбофон, сукути ваҳмангезе боқӣ монда буду чанд метр риштаву матои нимтаёр.
Дар Маркази омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ воқеъ дар ошёнаи болоии ин бино гурӯҳи духтарон саргарми машғулиятҳои ҳаррӯзаи худ буданд.
– Дар ҳунаристон ба ҷуз дӯхти сарулибоси гуногун инчунин гурӯҳи ҳунаромӯзон фаъолият дорад, ки ба 15 то 20 нафар духтарони деҳаҳои атроф нозукиҳои дӯзандагиро меомӯзанд. То нисфирӯзӣ духтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ фаро мегирем ва баъд аз нимаи дуввуми рӯз бошад, дӯзандаҳои касбӣ ба дӯхтани фармоишҳо машғул мешаванд,- иброз дошт устоди марказ Ирода Холмирзоева.
Таваҷҷуҳи занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ бозгӯи талаботи рӯзафзуни қишри хонашин ба истеҳсолот аст. Чаро ки сокинон дарк намудаанд, ки як роҳи ҳалли мушкилоти оилаҳо ин таъмини ҷавонон ба ҷойи кор аст. Ин аст, ки илова ба фаъолияти марказҳои ҳунаромӯзӣ боз дар назди Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод низ гурӯҳи ҳунаромӯзӣ таъсис дода шудааст. Гурӯҳи бофандаҳоро адрасбофи ҷавон Умеда Маҳадмуродова роҳбарӣ менамояд. Ӯ замони дар коргоҳи адрасбофӣ фаъолият доштанаш, рӯзе то 15 метр адрас мебофт.
- Барои омӯзиши ҳунарҳои чакандӯзӣ, адрасу қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои бофандагӣ дар литсейи мо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Айни ҳол дар гурӯҳи бофандагӣ 20 нафар духтарон ба омӯзиш фаро гирифта шудааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳунаромӯзони мо баъди хатм метавонанд мустақилона ба бофандагӣ машғул шаванд,- иброз медорад Умеда.
Ба гуфтаи сокини ноҳия Гулноза Хоҷамқулова аз ҳисоби занону духтарони хонашин корҷӯёну хоҳишмандони касбомӯз хело зиёданд. Ӯ мегӯяд, хуб мешуд, агар соҳибкорон бо бунёди корхонаҳои коркарди пахтаву дигар маҳсулоти хоми маҳалӣ ҷойҳои корӣ фароҳам оваранд.
Тибқи таҳлилҳо соҳаи пахтакорӣ омили асосии фароҳам овардани ҷойи кору даромаднокии буҷети маҳал ва ҳам беҳбудии сатҳи зиндагии сокинони ин ноҳия ба ҳисоб рафта, беш аз 90 дарсади маҳсулоти саноатии ноҳия аз истеҳсоли пахта вобастагӣ дорад. Аммо ягона корхонаи нассоҷии ноҳия ҳанӯз соли 2014, баъди се соли фаъолият аз кор монд. Ҳамин тавр, бо сабабҳои гуногун то ҳол захираву имкониятҳои мавҷуда бобати рушди соҳаи саноат, афзудани коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин ноҳия самаранок истифода намешавад.
Ҷамолиддин Сайфиддин