Дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо бонувоне вохӯрдем, ки ҳастияшон бо зевари чандин ҳунар ороста. Эҳёи ҳунарҳои миллиро кори савоб медонанд ва бедареғ донистаҳои хешро ба хоҳишмандон меомӯзонанд.
Табобат бо ҳунар
Гулрафтор Ғозиева чанд сол пеш ба беморие мубтало гашт, ки табибон аз табобаташ оҷиз монданд. Дилаш аз дунё хунук шуд ва шабу рӯз ашк меборид. Зеро бар он назар буд, ки дигар аз дасташ коре намеояд ва се фарзанди хурдсолашро нигоҳубин карда наметавонад. Аҳли деҳа ӯро тасаллӣ медоданд, аммо касе наметавонист бори андуҳи гарони ӯро аз дӯшаш бигирад. Табибон тавсия доданд, ки дигар дар саҳро кор накунад. Беморӣ ва бекорӣ қомати раънои ҷавонзанро хам ва чеҳраи хандони ӯро пурғам гардонданд.
Рӯзе ҳамсояаш Лоиқатпочо бо косаи таом ба аёдаташ омад ва пешниҳоди аҷибе кард: «О, духтурон кори саҳроро манъ кардаанд, кори хонагиро не, биё, ҳамсоя, ба коргоҳи дӯзандагии ман, худам ҳама ҳунарҳоямро ба ту ёд медиҳам».
Гулрафтори бемор дудила шуда, гуфт: «Метавониста бошам? Не, беҳтараш дарди сари шумо нашаваму тан ба тақдир диҳам».
Лоиқатпочо бо зорию тавалло ниҳоят ӯро розӣ кунонд ва саҳарии рӯзи дигар ҳар ду ҷониби коргоҳ равон шуданд…
15 сол соҳиби коргоҳ
Воқеан, 15 сол пеш, баъди таҷдиди хоҷагиҳои ҷамоавӣ шавҳари Лоиқатпочо як бинои куҳнаву фарсудаи колхозро харид ва онро таъмир намуда, ба ҳамсари ҳунармандаш пешкаш кард. Ин бонуи ҳунар, ки пештар дар хонааш ба ҳунармандӣ машғул буду шогирдони бисёреро ҳам тарбия мекард, аз ин туҳфа шод шуд. Дову дастгоҳи дӯзандагию бофандагияшро ба он бино кӯчонд.
Ҳамдеҳагон, ки таърифи ҳунармандии ӯро шунида, дида ва санҷида буданд, акнун барои дӯзондани курта, кӯрпаю кӯрпача, болишт, чодару лавозимоти арӯсӣ ва дигар чизҳои зарурияшон ба коргоҳи ӯ мешитофтанд. Духтарони хоҳишманд, ки имкони ҳунаромӯзӣ дар дигар ҷойҳои дурро надоштанд, шогирди Лоиқатпочо мешуданд.
Ҳамин сон Лоиқатпочо Гулрафтори беморро ба коргоҳаш овард. Аввалҳо дили беморро ба касбу ҳунар ва ҳамчунин ба зиндагӣ гарм кардан осон набуд. Ҳафтаҳою моҳҳо сипарӣ шуданд ва Гулрафтор ниҳоят ҳунар омӯхт ва соҳиби ному нон гардид.
- Барака ёбад, Лоиқатпочо, ки маро дубора ба ҳаёт баргардонд, аз беморӣ ҳам нишоне намонд, ҳунар касро табобат мекардааст. Лоиқатпочо ҳам устоду ҳам табиби ман шуд, - гуфт ба мо Гулрафтор Ғозиева. – Шукр, акнун ман ҳам шогирдонро тарбия медиҳам.
Сад шогирди бонуи садҳунар
Роҳбалади мо, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИМҲД - и ноҳияи Ҷаббор Расулов Марҳамат Каримова гуфт, ки Лоиқатпочо баробари ҳунари дӯзандагӣ кадбонуи беамсол аст ва дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ фаъолона ширкат меварзад.
Лоиқатпочо моро бо намунаҳои ҳунарҳои худ, ки дар ҳуҷраи махсусе гирд оварда шуда буданд, як - як шинос мекард. Мо онҳоро баршумурдем: куртадӯзӣ, ҷомадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, пӯпакдӯзӣ, сачоқдӯзӣ, пардадӯзӣ, кӯрпаю кӯрпачадӯзӣ, рафидадӯзӣ, жемпербофӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ… ва бозу бозу боз. Ӯ баробари пухтани хӯрокҳои маъмулии оши палав, манту, санбӯса, қурутоб, угро инчунин ошҳои нисбатан фаромӯшшудаи миллии гунгина, далида, ӯмочи мулкӣ, атолаи қимагиро ҳам пухта метавонистааст.
Чун дар бораи тарбияи шогирдон сухан рафт, Лоиқатпочо ба назди мо дафтарҳоеро гузошт, ки дар он ному насаби шогирдони тӯли 15 соли охир тарбиякардааш сабт ёфтаанд: 96 нафар.
- Мо аслан аз деҳаи Ланглифи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳастем, ки падару бобоёнамон ибтидои солҳои 50 - уми асри гузашта ба ноҳияи Ҷаббор Расулов кӯчида омадаанд, - гуфт Лоиқатпочо. - Аммо шева, ҳунарҳои кӯҳистонии хешро фаромӯш накардем ва бо ҳамдеҳагон, ки алҳол дар деҳаи ниёгон сукунат доранд, пайванди хешу табориро устувор нигоҳ медорем. Зимистони гузашта хешон хоҳиш карданд, ки ба духтарони онҳо ҳунар омӯзонам ва хушбахтона, 15 нафар ба коргоҳи мо омада, ҳунар омӯхт.
Сипас, мусоҳиби мо табассум мекунад ва мегӯяд: – Аз деҳаи ҳамсояи Ӯзбекмаҳалла имсол 6 нафар духтарро бо фармоиши мақомоти маҳаллӣ тарбия намудем. Фаҳмидем, ки баъди чевар шуданашон ҳамагӣ шавҳар кардаанд, ҳол он ки духтарони аз онҳо калонтари беҳунар ҳанӯз бахти худро пайдо накардаанд. Яъне, ҳунар дар ин маврид ҳам чорагар будааст.
Грант мадад кард
Таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҳукумати ҷумҳурӣ ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ чевари гулдаст Лоиқатпочо Устопироваро ҳам рӯҳбаланд гардонд ва соли гузашта ба озмун лоиҳа пешниҳод намуда, сазовори гранти раиси вилояти Суғд ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ шуд. Азбаски шогирдонаш бисёру мошинҳои дарздӯзӣ кам буданд, Лоиқатпочо бо ин маблағ 2 мошини чокдӯзӣ ва 1 дастгоҳи «оверлок» харид ва акнун метавонад шогирдони бештарро ба ҳунаромӯзӣ фаро гирад.
- Солҳои 2019 - 2021 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, деҳотиёни ҳунармандро шод намуд. Бовар кунед, дар ду соли охир миқдори занону духтарони хоҳишманди ҳунаромӯзӣ зиёд шудааст, ки самараи ҳамин таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, - мегӯяд бонуи гулдаст Лоиқатпочо. – Дар деҳаи мо боз як нафар устоди касб, ҳунарманди асил, дугонаам Райҳонгул Кабирова ба омӯзондани шогирдон машғул мебошад. Он кас соҳиби гранти раиси ноҳия буда, дар бисёр озмунҳо иштирок кардаанд, - ва бонуи ситорагармеро, ки нав вориди коргоҳи ӯ шуда буд, ба мо шинос намуд.
Райҳонгул ҳам сипосгузор аст
Райҳонгул Кабирова ба суҳбат ҳамроҳ шуда, чунин гуфт:
- Ман ҳам аз хурдсолӣ ба ҳунар шавқ доштам. Модарам Авазбико Ҳомидова, ки нахустин муаллима дар деҳа буданд, дар лаҳзаҳои фориғ аз кор ба дӯзандагию тӯрбофӣ машғул мешуданд ва ман ба корашон зеҳн монда, ёд мегирифтам. Он кас 88-сола шуда бошанд ҳам, ҳанӯз тӯрбофӣ мекунанд. Акнун ман ҳам мисли дугонаам Лоиқатпочо даҳҳо ҳунарро медонам ва ба духтарон меомӯзонам. Агар як ҳунарро нағз омӯзӣ, дигараш ҳам худ ба худ меомадааст. Ростӣ, дар замони шӯравӣ, занону духтаронро бештар ба корҳои саҳро сафарбар мекарданд. Ёдам ҳаст, аз пахтачинӣ хеле дер меомадам, кӯдаконро хобонда, сӯзану ришта ба даст мегирифтаму ҳунармандӣ мекардам. Он солҳо барои бонувони деҳа либос, ҷиҳоз медӯхтам, вале аз гирифтани музд шарм медоштам. Аммо мардум равған ё каме пул дода, маро розӣ мекарданд. Ҳамон замон дар хонаи чеварон ҳамеша пул ёфт мешуд. Ману ҳамсарам бори рӯзгорро баробар мекашидему мекашем. Шукр, ҳама фарзандонро ба воя расондем. Духтарам Парвина бо Квотаи президентӣ хонда, муаллима шуд. Марворидхону Моҳпайкару Дилфуза соҳибҳунар мебошанд. Писари ягонаам Некқадам сарварии идораи «Телеком» - и ноҳияро ба уҳда дорад.
Райҳонгул ҳам мисли Лоиқатпочо аз дастгириҳою имтиёзҳои ба ҳунармандон пешниҳодкардаи Ҳукумат сипосгузор аст.
- Бовар кунед, мо аз нав ҷавон шудем. Вақте намояндагони Ҳукумат ба ин ё он озмун даъват менамоянд, сипоснома эълон мекунанд, грант медиҳанд, сарамон ба осмон мерасад, барои ҷомеа зарур будани худро дарк менамоем. Ҳазорон раҳмат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мартабаи ҳунару ҳунармандро боло бардоштанд.
Ҷӯёи СУҒДӢ,
ноҳияи Ҷаббор Расулов