Дар ҳаёти оилавӣ хушбахту саодатёр аст, роҳнамун ба марде, ки дар онсӯтараки кӯча раҳи пеши хонаашро об мезад, ишорат карда мегуфт: «Онҳо бо меҳру садоқати бепоён ва ёвару мададгори ҳамдигар будан, намунаи ибрати ҳамсояҳо мебошанд».
Модару духтар
Соҳибхона моро рӯйи кати саҳни ҳавлӣ назди кампири нуроние нишонда, худ ҷониби боғчаи сарсазб, ба суроғи ҳамсараш роҳ гирифт. Собирахон - кампири рӯзгордидаи аз гузаштаи хеш қаноатманд лаҳза ба лаҳза сунҳори ҳунарманду серкорашро дуои нек медод, ки дар дами пирӣ варо чун гавҳараки чашм нигоҳубин дорад. «Гулчеҳра бароям атои худованд аст, ки аз рӯзи аввали арӯсиаш ба хонадони мо файзу баракат овард. Тӯли солҳои фалаҷу барҷомондагӣ, чун ӯ табиби ҳозиқу ҳамрози дилнишинро намедоштам, кайҳо аз дунё рафта будам»,- гирён гуфт кампир.
То роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Деҳқонбой»-ро ба уҳда гирифтанаш, Гулчеҳра сирру асрори пахтакориву парвариши дигар зироатҳоро аз хусуру хушдоман омӯхт. Васияти нахустсаҳмдорони хоҷагии оилавӣ буд, ки сарфи назар аз мушкилу номусоидии боду ҳаво, ҳамасола 50 дарсади заминҳои хоҷагиро ба кишти пунбадона нигарондаанд. То куҷо аз пахта суд мебинанд, роҳбари хоҷагӣ сӯи бораҳои сафеди саҳни ҳавлиашон ишорат мекунад: «Пахта дар ҳама давру замон арзиши тиллои сафедро дошта, манбаи асосии ғанисозии буҷети давлату ҳам василаи дороию серию пурии деҳқонон ба ҳисоб меравад. Шукронаи суботу оромии кишвар ва хусуру хушдоманам, ки ба заҳмати миёншикан мушкилиҳои хоҷагидориро паси сар карда, ба фарзандону набераҳояшон, чор гектар замини шодобу зархезро мерос гузоштанд».
Вақте аз шаҳри Конибодом ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арӯс шуда омадам, боғу роғдорӣ як тараф истад, дар бораи говдӯшию нигоҳубини молҳои хонагӣ, нонпазӣ дар оташдону дигар ҳунарҳои бонувони деҳот фаҳмише надоштам,- мегӯяд Гулчеҳра Исамова. - Бо дастгирию ғамхории хушдоман, ки чун модар духтари худро тарбиятам медод, ба зудӣ дар ҳама корҳои хонаву саҳро даст ба кор шудам. Бо мурури солҳо ин хонадонро бо деҳаи хушоб ва самимияту меҳрубонии мардумонаш дӯст доштам.
Баракати замин
Раҳораҳ ба сӯи заминҳои хоҷагӣ роҳбари хоҷагии «Деҳқонбой» нахуст тарбузу савғотиҳои хушғизо гирифта, бемори барҷомондаеро аёдат кард. «Замин ба обу одамӣ бо дуо месабзад», - гӯён пиразани нуронӣ ба хотири сулҳу салоҳи Ватан, хайру саховатпешагии Сарвари давлат ва пайравони накукораш дар гӯшаҳои кишвар дуо дод:
Шохаҳо гул мекунанд, лаҳзаи сабзи дуо,
Дастҳо пул мезананд, байни дилҳову Худо.
Бо ҳидояти пиронсолон Гулчеҳра бо рӯҳи болидаву хотири шод рӯзгори гузаштаи худро ба ёд меорад. Аз остонаи падар бо маълумоти миёнаи тиббӣ баромада, пас бо дастгирии ҳамсари азизаш, ки дар арзишҳои оиладорӣ саводмандии бону - модари фарзандонашро дар мадди аввал мегузошт, факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм кард. Ба исботи гуфтаҳои боло сатҳи саводу комёбиҳои чаҳор фарзанди онҳо, дастовардҳои хоҷагидорӣ ва ободию озодагии хонаву дарашон аз эҳсони маданияту донишмандии кадбонуи хонавода маншаъ мегирад, ки илова ба масъулиятҳои оилавӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму фановариҳои гуногун аст. Тавре худ иқрор меояд, аз дарёфти вақту усули кишти зироат то интихоби тухмию коркарди парвардаҳояш бештари таҷрибаҳои пешрафтаро аз адабиётҳои илмию маълумоти интернет пайдо мекунад.
- Ба ҷуз ду гектар пахта боз дар ҳамин миқдор масоҳати заминҳои хоҷагии деҳқониамон парвариши дигар зироатҳоро ба роҳ мондаем,- иброз медорад Гулчеҳра Исамова. - Аз кишти аввал бедаву ҷаву гандум бардошта, ҳамакнун, майдонҳои ҷуворимаккаи хоҷагӣ ба донабандӣ даромадааст. Ба ростӣ, дар беҳтарин давру замон зиндагӣ дорем, ки бо андак кӯшишу заҳмат метавон дороманд шуду ҳаёти шоиста ба сар бурд.
Оламеро шавқ раҳбар мешавад…
- Барои ташаккули фардии зан ва рушду комёбиҳои ӯ дар зиндагӣ, аз ҳама муҳим шавқу рағбат ба пешаи интихоб намудааш аст. Дарвоқеъ, одамият танҳо ҳиссаи ночизи зарфияту тавонмандиҳои зеҳнию ҷисмонии худро истифода бурда, вале барои амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои бузургтар фурсати дар ихтиёрдоштаро аз даст медиҳад. Бинобар ин, фақат ба корҳои хоҷагидорию шуғлҳои хонагӣ маҳдуд нашуда, аз рӯи ихтисосам субҳу шом барои аҳли оилаву ҳамсояҳо ҳамшираи шафқат мешавам. Чун иқтисодчӣ дар ташкилотҳои гуногуни қарздиҳӣ фаъолият бурда, алҳол бо Бонки «ЭСХАТА» ҳамкорӣ дорам. Рӯзҳои истироҳат фориғ аз касбу корҳои ҷиддӣ саргарми кадбонугӣ мешавам, ки машғулияти дӯстдоштаам дар зиндагист,-иброз медорад Гулчеҳрабону.
Таҷрибаи беш аз ду даҳсолаи хоҷагидорӣ собит намуд, ки саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Деҳқонбой» аз иҷрои киштукори масоҳати аз ин ҳам зиёди заминҳои кишоварзӣ баромада метавонанд. Бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот ва афшураи помидор орзуи деринаи Гулчеҳра Исамова аст, то аз он ҳиссаи дастранҷи боғдорону полизкорон, ки ҳамасола рехтаву зоеъ мешавад, шарбату нӯшобаҳои хушсифат истеҳсол намояд.
- Ҷавобан ба сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳсилоти оливу соҳибмақомии бонувон таваҷҷуҳи зиёд доранд, модарони тоҷик ба таълиму тарбияи духтарон аҳамияти бештар диҳем. Барои он ҳама ташаббусҳои созанда дар самти тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, таъмини саҳмияҳои кишоварзӣ ба деҳқонон, рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ба хотири фароҳам сохтани шароити созгору ҷойгоҳи шоистаи зан-модар равона гардидааст, мо, модарони сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умре даст ба дуо изҳори сипосу шукргузорӣ дорем,- меафзояд Гулчеҳра Исамова.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ