Истиқлолияти давлатӣ, ки бо шарофати он ҷаҳониён моро чун миллати тамаддунофар шинохтаанд, аз дастовардҳои беназири халқи тоҷик аст, ки дар масири расидан ба ин саодати бузург гузаштагони мо ҳазорсолаҳо муборизаву ҷонбозиҳо нишон додаанд. Дар радифи даҳҳо дастоварду комёбиҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зан-модари тоҷик дар ҷомеа ва ҳам арсаи сиёсат ҷойгоҳи арзандаи худро соҳиб гардид.
Аз қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва рӯи кор омадани барномаву стратегияҳои миллӣ сол аз сол барои бонувон имкониятҳои бештар фароҳам гардида, нуфуси занону духтарон дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа афзуда истодааст. Агар дар соли 1991 аз 95 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф 52 дарсадро занону духтарон ташкил медоданд, пас, ин нишондод дар соли 2018 ба 70 фоиз расонида шудааст. Ҳамчунин, дар соҳаи тандурустӣ шумораи бонувони корманд аз 25 ҳазор нафар ба 51 ҳазор расидааст. Ҳузури чашмраси бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату Кумитаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва соҳаи илму дигар сохторҳои кишвар аз натиҷаҳои судманди иҷроиши Қонуну Фармонҳо ва дигар санадҳои меъёрии вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.
Бинобар гуфтаи вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, Фирӯза Шарифӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳое мебошад, ки баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, мавқеи занонро дар ҷомеа ба пояи сиёсати давлатӣ ва гузашта аз ин, ба як рукни таркибии сиёсати давлатӣ гузоштааст. Зеро, аз рӯзҳои аввали таҳкими пояҳои давлатдорӣ Пешвои муаззами миллат ба масъалаи мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи беандоза дошта, ҷиҳати таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва дар ин ҷода зарур будани қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
- Дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ бо назардошти арзишҳои маънавии тӯли асрҳо ташаккулёфта консепсияи давлатдории миллӣ татбиқ гардид, ки дар миқёси кишварҳои минтақа беназир аст. Дарвоқеъ, ғояи асосии ин фарҳанги давлатдорӣ худшиносии иҷтимоӣ ва миллист, ки чун замина барои татбиқи ҳамагуна ислоҳот хизмат мекунад,- мегӯяд Фирӯза Шарифӣ.
Айни замон 7 нафар бонувон узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ мебошад ва шумораи вакилбонувон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 нафар мерасад.
Истиқлолият хоса ба занону духтарон мустақиллияту боварӣ овард. Таърих гувоҳ аст, ки дар ягон давру замон зан-модари тоҷик ин гуна озоду дар кору фаъолиятҳои ҷамъиятӣ соҳибихтиёр набуд.
- Ин саодати бузурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо бонувон гардонидааст. Маҳз фароҳам гардидани шароитҳои баробар ва кушоиши уқдаҳои қолабӣ имкон дода истодааст, ки бонувон дар баробари иҷрои рисолаҳои муҳими ҳаётӣ дар арсаи сиёсат низ муваффақ бошанд, - мегӯяд Сайёра Маҳмадова мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон.
Таъсиси Квотаҳои президентӣ барои таҳсили ҷавонон, хосса духтарон дар макотиби олӣ аз дастовардҳои дигари беназири замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад, ки дар ин давра беш аз 10 ҳазор нафар духтарони деҳоти дурдасти кишвар тавассути бурсияҳо муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд. Ҳамзамон, сол аз сол шумораи гирандагони Стипендияи Президентӣ ва дигар имтиёзҳои таълимӣ аз ҳисоби духтарон афзуда истодааст.
Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таъмини зиндагии шоиста ва рушду ташаккули зеҳнии зан-модари тоҷик аз мавзӯъҳоест, ки атрофи он ҳар бонуи худогоҳ андешаву таассуроти ҷолиб дорад. Нодира Мадаминова, сокини шаҳри Душанбе, истиқлолиятро вожаи муқаддас номида, сарчашмаи хушбахтию дастовардҳои мардумони гуногунмиллати Тоҷикистонро аз баракати ин неъмати бузург медонад.
– Толеи баланди мо, модарони тоҷик аз он маншаъ мегирад, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорем. Аз ин рӯ, сарчашмаи бахту иқболу дастоварду сарбаландиҳои мо аз файзу баракати Истиқлолияти кишвар аст. Пойдории сулҳу ваҳдат аст, ки фарзандонро дар руҳияи баланди ватандӯстию ҳисси ифтихори миллӣ ва омодагӣ ба ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон тарбия ва ба воя расонида истодаем. Пас, ҷомеае, ки биҳиштро зери қудуми модарон медонад, шукронаи тинҷию осудагии ин Ватан намояд, ки маҳз дар ҳамин давру замон модари тоҷик тавонист қолабҳои шахшударо бишкаста, ҳунару малакаи хешро эҳё кард ва дар пешрафту шукуфоии меҳани худ нақши густурдае гузошта бошад.
Дар ҳамин ҳол, Руқия Қурбонова, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, ки беш аз 20 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намудааст, бар он бовар аст, ки ҳама комёбию дастовардҳои ҳаётии бонувон аз тинҷию осудагии даврони Истиклол аст, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат ба даст омадааст.
- Мақоми шоистаи зани тоҷикро лаҳзаҳои суханрониам аз минбари баланди Созмони Миллали Мутаҳҳид эҳсос намуда будам. Он лаҳзаҳо маро аз ифтихору сарбаландӣ ҳаяҷони бузурге фаро гирифта буд, ки вақте Ҷаноби Пан Ги Мун сӯям гуфт: «Таманниёти маро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони дорои руҳияи озоду демократӣ буда, дастрасӣ ба ҳузурашон хело ҳам осон аст, бирасонед», - ба ёдоварӣ аз он даврон иброз дошт Р.Қурбонова.
Хулоса, Истиқлолият барои зан-модари тоҷик имконияте фароҳам кард, то тавонад дар баробари масъулиятҳои муҳими модариву ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро намоянд. Аз ин рӯ, метавон бо боварию эътимод изҳор дошт, ки бонувони Тоҷикистон дар партави Истиқлолият тавонистанд ҳамон асолати оташ будани худро дарёбанд, ки шоири миллат Мирзо Турсунзода дар васфашон гуфта буд: «Зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо».
Ҷамолиддин Сайфиддин