Гулчеҳра Саъдуллоева аз чеҳраҳои номбардори кишвар аст, ки дар муҳимтарин марҳилаи бунёду таҳкимсозии пояҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳбарии дастгоҳи идеологии ноҳияи Айниро ба зимма дошт. Дар ин мавзеи каронаи кӯҳҳои баланд, ӯ ба гоҳи рафтуомад ба деҳу рустоҳои дурдаст, он овон чӣ азобу мушкилиҳоеро паси сар накарда.
Воқеан, тӯли солҳои 1985 - 2011, ки ӯ вазифаи муовини раиси ноҳияро ба уҳда дошт, дар ҷомеаи занону духтарон аз илму касбомӯзӣ он гуна таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоӣ рух додааст, ки имрӯз дар таълиму дигар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ нуфуси бонувон аз ҷавонмардон камтар нест. Мавсуф ҳамчун сарпарасти соҳаҳои фарҳангу маданият, маорифу тандурустӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон, САҲШ, занон ва оила дар ташаккули ҳаёти солим ва рушди фарҳанги хонаводагии сокинон, ҷалби духтарон ба илму касбомӯзӣ ва роҳнамоии онҳо ба кору вазифаҳои роҳбарӣ саҳми муҳим гузоштааст.
Гулчеҳра Саъдуллоева духтарбузурги яке аз бонувони машҳури кишвар Зоя Раҳимоваро ҳанӯз аз овони мактабхонӣ хурду калони ноҳияи Айнӣ мешинохтанд. Зеро то мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуданаш, вай дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ чандин медалҳои нуқраву тилло ба даст оварда буд.
Пас аз як соли фаъолият дар кумитаи ҳизбии ноҳия ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, баъди хатми он, солҳои 1975 - 1978 духтури кӯдаконаи беморхонаи марказии шаҳри Душанбе буд. Баъди оиладор шудан, ба ноҳияи Айнӣ кӯчида, фаъолияташро дар беморхонаи деҳаи Сарводаи Ҷамоати шаҳраки Зарафшон идома бахшид. Соли 1985 муовини раиси ноҳияи Айнӣ таъйин шуда, дар муддати начандон зиёди роҳбарӣ бо фарҳанги волои муошират, малакаи суханварӣ миёни мардум ва ҷиддияту устуворӣ дар ақидаву мавқеъгириҳои ҷадидаш дар доираҳои зиёиёну роҳбарони мақомоти маҳаллӣ обрӯву эътибор пайдо намуд. Панду насиҳатҳои модараш, ки шинохтаи пиру барнои ноҳия ба ҳисоб мерафт, дар ин ҷода роҳнамои ӯ буданд. Ҳамин тавр, тӯли 26 соле, ки дастгоҳи идеологии ноҳияро роҳбарӣ дошт, ҳамзамон, 5 даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ ва як даъват намояндаи мардум дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд буд.
Ҳаммаслаконаш иброз медоранд, ки роҳи пуршарафи ин бонуи сиёсатмадор ба сони мактаби бузургест, ки дар он даҳҳо кадрҳои ҷавон тарбияву обутоб ёфта, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ифои вазифа доранд.
- Ман дар солу замоне ба арсаи сиёсат ворид шудам, ки минтақа ба кадрҳои таҷрибадору дорои фарҳангу одоби писандида ниёз дошт,- ба ёд меорад Гулчеҳра Саъдуллоева. - Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон роҳбарони вилоят ва Сарвари тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мо, бонувони аллакай дар вазифаҳои роҳбарӣ таҷрибадор интизориҳои зиёд доштанд. Зеро, он замон дар баробари муборизаву ҷонфидоиҳои беназири роҳбарияти олии кишвар дар таҳкими сулҳу субот ва давлатсозии навин, мебоист мардуми дилшикаставу аз оянда ноумедро ба ҳаёти осоиштаву ободу барқарорсозии Ватан ҷалб месохтем. Халқи одӣ роҳбарони худро дар ҳамон марҳилаи созандагии кишвар шинохтаву эътироф кардаанд,- мегӯяд Гулчеҳрабону. - Дар арсаи муносибат бо мардум ва эътимоду боварии халқро ба даст овардан, масъулони соҳаи маънавиётро мебоист, ки дар баробари ҷасорату донишмандӣ заковату малакаи суханварӣ дошта, ҷомеаро дар меҳвари ғояи ваҳдати миллӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати тозабунёд ҷалб созем…
Бозгӯи одоби писандидаву гуфтору рафтори солеҳонаи вай бо мардум буд, ки дар самти маърифатнокии сокинон бобати пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, риояи меърёҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, мубориза бо хурофот ва дигар равандҳои носолим муваффақ гардад. Бо нишону унвонҳои аълочии фарҳангу маорифу тандурустӣ сазовор гардиданашро далели дастгирию фаъолияти фидокоронаи кормандону хизматчиёни ин соҳаҳо дар ноҳия медонад, ки беш аз чаҳоряк аср роҳбариашро ба уҳда дошт.
Соли 1999 дар шабу рӯзе, ки дар навоҳии дурдаст корбарӣ миёни занону ҷавонон бағоят мушкил буд, Гулчеҳра Саъдуллоева ба унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуд. Тавре ӯ мегӯяд, дар солҳои зиндагӣ ба хотири ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳатто як таҳсину ситоиши шифоҳие аз ҷониби роҳбарон ба занони пешоҳанг рӯҳу илҳоми тоза мебахшид.
Гулчеҳра Саъдуллоева даврони соҳибистиқлолии кишварро асри тиллоии миллати тоҷик ва пешрафту дастовардҳоро натиҷаи садоқату ҳамраъйии халқҳои гуногунмиллати Тоҷикистон медонад, ки ин неруи бузургро ғояи Ваҳдати миллӣ атрофи асосгузори он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам овардааст. Аз фаъолияти пурсамараш дар вазифаҳои роҳбарӣ баробари як хона -музей хотироту ёдгориҳои бисёре дорад, ки ҳар кадоми онро аз ҳама сарватҳои дунё болотар медонад. Ин бойгонӣ таърихи ибратомӯзе барои авлодону наслҳои оянда аст, то бидонанд, ки қабл аз кушодани нақбу роҳҳои оинасон, бунёди мактабу муассисаҳои муосири тиббию дигар иншооти хизматрасон гузаштагони ин сарзамин чӣ гуна кору пайкоре доштанд.
Қиссаҳои бонувони фарзонаи ин диёри дарёдилон ба ранги наворҳои таърихӣ пеши назар меоянд. Ва абёти дар васфи ин модари пурдил навиштаи устод Гулназар ба навои рӯди шафати шоҳроҳи Душанбе - Айнӣ ҳамоҳанг аст:
Роҳбарӣ дар ҳар куҷо сахт аст, сахт,
Лек дар Айнӣ басо сахт аст, сахт.
Деҳаҳо дар пушти кӯҳҳо ноаён,
Роҳ намеёбанд он сӯ оҳувон.
Лек ин зан раҳ кашиду раҳ кушод,
Меҳри худ дар синаи мардум ниҳод…
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Душанбе - Айнӣ