Бо қудуми Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ яке аз шаҳрҳои таърихии Тоҷикистон – Кӯлоби бостон ободу зебо мегардад.
Дар шаҳр маркази муҳташами тафреҳу фароғатии «Модару кӯдак» қомат афрохт. Тарҳу намуди беруна, толору ҳуҷраҳои дохили бино фавқулода зебо ва замонавӣ оро ёфтаанд. Меъморону устоҳои гулдаст нозуконаву дақиқ ин ҷо шоҳкорӣ офаридаанд. Гуфта мешавад, ки барои сохтмон ва ороиши бино устоҳои чирадаст ва коршиносони соҳаи дизайн аз ҳар гӯшаву канори кишвар ҷалб шудаанд.
Дастандаркорон зикр мекунанд, ки ҳадаф аз таъсиси чунин як марказ фақат дастгирии сиёсати ободкориву созандагии Сарвари давлат аст.
- Шояд баъзеҳо андешанд, ки мо инро ба хотири тиҷорат созмон додаем, аммо на! Танҳо саъй кардем як қадам ҷониби пешрафт бизанем. Бо ин амал таваҷҷуҳи андак ба зан-модар, ки волотарин мавҷуди олам аст, нишон додем. Воқеан, зарурати эҳдоси чунин як макони хуби фароғат барои занон дар шаҳри Кӯлоб эҳсос мешуд. Маркази ташхису табобат, ҳуҷраи муолиҷавии нигоҳубини рӯву бадан (СПА), толори истироҳат, маҳс, сауна, фитнес, кошонаи ҳусн, толори арӯсиро бо беҳтарину пешрафтатарин таҷҳизот хидмати занон қарор додем, - мегӯяд Шавкатшо Раҳматуллоев, яке аз муаллифони тарҳ.
Хизматрасониҳои марказ танҳо барои бонувон равона шудааст, ба истиснои ошёнаи якум, ки он ҷо тарабхона барои баҳам омадани оилаҳо созмон дода шудааст ва саҳни ҳавлӣ, ки ҷойи нишасту суҳбатҳои дӯстона барои ҳаводорони яхмосу нӯшобаҳои гуногун махсус гардидааст.
- Мардон бонувонашонро ба ин ҷо меоранд, худ ҳамроҳи кӯдакон дар ошёнаи якум нишаста ғизо фармоиш медиҳанд, занҳо барои истифодабарӣ аз хизматрасониҳои зарурӣ ба ошёнаи сеюм, ки хос барои ҷинси латиф созмон ёфтааст, равона мешаванд. Аз таваҷҷуҳи мардон ба оилаҳояшон мутаассир мешавам, меболам, ки ҷавонон ба модари фарзандон ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Дар ошёнаи дуюм махсус барои модароне, ки ҳамроҳи кӯдакон меоянд, маркази дилхушӣ ташкил кардем. Онҳо метавонанд дилпур атфолро гузошта, аз пайи корҳояшон шаванд, - мегӯяд Адолат Ҳасанова, масъули дигари марказ.
Дар маркази хизматрасонии «Тоҳир» 40 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шудааст. Масъулон кӯшидаанд барои ҳар қисми кор мутахассиси баландихтисосро ҷалб созанд. Коршиносони ватанӣ ва таҳсилдидаҳои макотиби Аврупову Амрико махсус таклиф шуданд, то ҳайати кориро омӯзиш бидиҳанд. Шавкатшо мегӯяд:
- Дар андешаи сохтани як кинотеатри хубу замонавӣ барои ҷавонон ҳастем. Ҳадафи мо бо роҳандозӣ кардани ин чизҳо тиҷорат ва дастдарозӣ ба ҷайби мардум нест. Танҳо мехоҳем Кӯлоб пешрафта бошад. Меҳмоне ҳам, ки омад, аз ҷову макон, истироҳати хуб, хизматрасонии сатҳи баланди мизбон ризоманд баргардад. Мушоҳида мекунам, ки таваҷҷуҳи сайёҳон барои дидани Кӯлоб афзудааст ва мо, фарзандони ин хоки муқаддас, муваззаф ҳастем хизмати меҳмонон чизҳое ба намоиш гузорем, ки ҳамеша майли баргашти дубора дошта бошанд. Бо иродату меҳмоннавозӣ мегӯем:
Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст!
Гулноза аҳмадзодА,
Душанбе - Кӯлоб