Имсол ҳам мебоист бо тавсияи роҳбарияти мактаб Гулбаҳор сарупои мактабии кӯдаконашро аз ярмаркаи либосҳои мактабӣ, ки дар бинои фурӯшгоҳи «Тоҷ» ҷойгир аст, харидорӣ намояд. Агарчӣ хостори харидорӣ намудани либосҳои кӯдакони мактабхонашро аз ин макон надошт, вале ба хотири гирифтани расид (квитансия) ба ин мағоза омад. Духтарчаи ҳафтсолааш, ки имсол аввалин бор қадам ба мактаб мемонад, бо шавқу ҳаваси зиёд либос ба тан кард. Вале андозаи мувофиқеро пайдо накарда, кӯдак маъюсу дилтанг мегуфт: «Шимаш маъқул нашуд, пиджакашро бинед. Маро дар мактаб бачаҳо масхара мекунанд. Ин чизҳоро намепӯшам…» Ин суханони кӯдак лаҳзае Гулбаҳорро фикрӣ намуд. Аз куҷо табъи дили кӯдак либос харад? Ба худаш ҳам тарҳи дӯхти либосҳо чандон писанд нест…
Одатан ҳар сол бо фарорасии соли нави хониш ташвиши волидон дар пайдо намудани либосҳои мактабӣ зиёд мешавад. Барои аксар хонаводаҳо, ки на кам аз ду-се фарзанди ба мактаб мерафта доранд, харидорӣ намудани либосҳои мактабӣ хеле гарон меафтад. То куҷо нархҳо барои харидорӣ намудани волидон мувофиқ аст?
Ин нуктаро ба инобат гирифта, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №452 аз 02.08.2019 бо назардошти фаро расидани соли хониши 2019 - 2020, бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ аз 6 - ум то 31 - уми августи соли равон дар ҷойҳои муайяншудаи чор навоҳии пойтахт фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда шуд.
Оё нарх ва сифати маҳсулоти пешкаши аҳолӣ намудаи ин ярмаркаҳо ба талаботи харидорон ҷавобгӯ ҳастанд? Чӣ боис гашта, ки талабот ба либосҳои мактабии аз хориҷ воридшуда зиёд аст?
Ин суолҳо водорамон сохт, то бо чанд тан аз волидон сари ин мавзӯъ суҳбат дошта бошем. Ба ин хотир, аз якчанд ярмаркаҳои либосҳои мактабии пойтахт ва бозорҳои шаҳр дидан намудем.
Сокини шаҳри Душанбе, бибии Назармо Диловароваро дар дохили бозори «Ганҷина» вохӯрдем. Ӯ мегӯяд, ки дар оилаашон се нафар мактабхон мебошанд, вале маблағи пасандоз намудааш барои харидории либоси мактабиашон нокифоя аст. Аз ин хотир, бибӣ барои муқоисаи нархҳои либосҳои мактабие, ки дар ярмаркаҳои ташкилкардаи мақомотҳои ноҳияҳо ва бозорҳои пойтахт ба фурӯш гузошта шудаанд, ба ин ҷо омадааст.
- Нархи либосҳои мактабии бозор каноатмандам намуд. Доман 60 сомон, сарафан 80 – 100 сомон, куртаи мактабӣ 45 – 80 сомон қимат доранд. Нархи ин номгӯи либосҳо дар ярмаркаҳои берун аз бозор аз 20 то 50 сомон зиёд фурӯхта мешавад. Бар замми ин матоъ ва тарҳи дӯхташон сифати хуб надоранд. Ҳар сеи набераҳоям пӯшидани чунин либосҳоро рад карданд. Аққалан барои расид як – ду либосашонро гирам, боқимондаашро аз бозор арзонтар мехарам, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ба суҳбатамон фурӯшанда Шамсия Қурбонова ҳамроҳ шуда, чунин иброз медорад:
- Шояд камбудии кори корхонаҳои ватанӣ дар набудани тарроҳон ё мутахассисони соҳаи либосдӯзӣ бошад. Зеро аксари харидорон аз намунаи истеҳсоли ватанӣ норозианд. Ман, ки худ ба савдои молу колои кӯдакона шуғл меварзам, вобаста ба талаботи рӯз бо оғозёбии соли хониш либосҳои мактабиро ба фурӯш гузоштам. Ростӣ, дар нархҳо қариб дигаргунӣ ё фарқиятеро байни маҳсулоти Тоҷикистон ва Туркияву Хитой намебинам. Ин ҷо гап сари сифати маҳсулот меравад. Норозии мардум ҳам аслан ба талабот ҷавобгӯ набудаи сифати моли бархе аз истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад. Масалан, аз либосҳои мактабии корхонаи «Нассоҷии тоҷик» аксарият қаноатманданд. Хуб мешуд, дар корхонаҳои ватанӣ аққалан аз тарҳи либосҳои туркӣ намуна мегирифтанд ё пеш аз истеҳсоли мол аз ҳунари чеварони корхонаҳои дӯзандагии кишварҳои хориҷ таҷриба меомӯхтанд. Дар ин сурат мушкили волидон осон мешуд ва даромади корхонаҳо ҳам афзун мегардид.
Сайёра Урунова, сокини ноҳияи Рӯдакиро дуюмбора харидорӣ намудани либосҳои мактабӣ ба бозори «Панҷшер» овардааст. Ӯ мегӯяд, ки агарчӣ ин амалаш боиси харҷи зиёдатии буҷаи хонаводааш шуда, вале ноилоҷ аст.
- Дар дӯхти либосҳои мактабии баъзе аз корхонаҳои ватанӣ ягон меъёри муайяне дида намешавад. Сифати матои интихобнамудаашон ҳам чандон хуб нест. Баъди як ё ду бор шустан либос пат бароварда, рангпарида мешавад ва сифати онро боз ҳам пасттар мекунад. Дар муқоиса маҳсулоти ватанӣ хеле гарон аст. Ин гуна нархгузориҳоро ниҳоде назорат мекунад?– бо ҳарорат иброз медорад модар.
Ҳоҷибибӣ Давлатова беш аз 10 сол аст, ки дар бозори «Ганҷина» ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул аст ва ҳар сол дар арафаи соли хониш шоҳиди рӯ задани ин мушкил мегардад. Вай мегӯяд:
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти корхонаҳои ватанӣ даъват ба амал оварданд, ки мардумро, бахусус, хонандагони муассисаҳои таълимиро бо сару либоси хушсифати мактабӣ таъмин намоянд. Ва хушбахтона, ба ин васила дар растаҳои ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ маҳсулоти ватанӣ фаровон шуд, вале чандон хуб набудани сифати либосҳо завқи волидону хонандагонро барои харидорӣ коста намудааст.
Аз ярмаркаи фурӯши либоси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нассоҷии тоҷик» ҳам дидан намудем. Агарчи ин макон шояд серодамтарин ҷойи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баъди бозори «Корвон» аст, муомилаи фурӯшандаҳо бо харидорони инҷик муадабона аст. Воқеан, барои бархе аз мизоҷон андоза ё матои либоси дӯхташуда писанд намеомад, аммо онҳо кӯшиш мекарданд, то табъи дили онҳо намунаи дигари либосро пешкаш кунанд.
Сумани Дилшод, аз муассисаи таълимии №5 пойтахт барои харидории пиджак омадааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳар сол аз ҳамин ярмарка либос интихоб мекунад ва барояш тарҳи он писанд аст.
Вале сифати шиму костюми истеҳсоли ҶДММ «Нассоҷи тоҷик» ба модари хонандаи муассисаи таълимии №45 Биҳоҷал Нӯъмонова маъқул наафтод. Бо он сабаб, ки муаллимони мактаб барои надоштани расид аз ин корхона ба писараш китобҳои дарсӣ надодаанд, маҷбур шудааст, ба ин макон барои хариди сару либоси мактабӣ ояд.
Қутбия