Дар замонҳои қадимтарин, ки башарият ҳанӯз коғаз наофарида буд, одамон дар сангу чӯбу пӯст нақш меофариданду менавиштанд. Аз ҷумла, китоби «Авасто»-ро ниёгони мо дар пӯсти гов сабт карда будаанд. Дар асрҳои миёна истифодаи чарм дар муқовасозии китобҳо истифода мешуд.
Наққош, рассом, гаҷкор Абдураҳим Шарифов ва ҳамсараш Мавлуда Шарифова, ки то ба нафақа баромадан дар матбааи аввалини Хуҷанд китобдӯз ва муқовасоз буд, баъди варшикаста шудани ин корхона бекор монданд, тасмим гирифтанд, ки ҳунари бостонии наққошӣ дар чармро эҳё намоянд. Аҳли хонадон - писар Баҳриддин, келин Меҳринисо, духтари мактабхонашон Муҳаббатхон низ ба ин ҳунар мароқ зоҳир намуда, шогирду дастёр гардиданд.
Оғози кор осон набуд. Абдураҳим, ҳарчанд пурсуҷӯю кофтукоб кард, дар Тоҷикистон касеро наёфт, ки ба ин ҳунар шуғл варзад, то асрори касб биёмӯзад. Аз китобҳою интернет дар бораи ҳунари наққошӣ дар чарм маълумот пайдо намуд. Ҳарчанд чун рассом дар матоъ ва коғаз расму нақшҳо мекашид, хосияти чармро намедонист. Баъдан, чорчӯбаҳои наққошиҳои чармӣ низ аз чорчӯбаҳои маъмулӣ фарқ мекарданд. Чармро баъди коркарду суфта намудан, мебоист бо ресмонҳои қавӣ ба чаҳор чӯби тут ё чормағз таранг баст. Азбаски пӯст баъди хушкидан ғун мешавад, на ҳар чӯб тавони нигоҳдории онро дорад.
Абдураҳим ва ҳамсараш аз пайи тайёр кардани масолеҳ шуданд. Аз бозорҳои маҳаллӣ пӯсти коркарди аввалия харида бо доруҳои махсус суфта ва маҳин гардонданд, ки аз коғаз камӣ надорад. Маълум шуд, ки на ҳар пӯст барои наққошӣ мувофиқ будааст. Танҳо пӯсти гӯсола чарми хуби наққошӣ мешудаасту бас. Рангҳои хуби равғании истеҳсоли Россияро пайдо намуданд, ки дар чарм хуб менишинанд.
Писарашон Баҳоваддин аз боғҳо шохаҳои туту чормағз меоварду онҳоро ҳамвор ва пӯст мекард, Бурҳониддин онҳоро мехушконд, модарашон Мавлуда бо келин Меҳринисо чорчӯба сохта, ба он чарми тайёршударо мебастанд. Абдураҳиму Баҳриддин дар онҳо нақшу расм мекашиданд.
Осон набуд
- Азбаски ин кор барои мо нав буд, аввалҳо иштибоҳ мекардем ё чарм аз чорчӯба канда мешуд ё яке аз чӯбҳо мешикаст, ё ранг мувофиқ намеомад, - мегӯяд бонуи хонадон Мавлуда Шарифова. – Ҳатто аз баҳри ин кор баромаданӣ ҳам шудем, аммо азму иродаи мо шикастнопазир буд.
- Ин ҳунар дар Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистони бародар ривоҷи комил дорад. Махсусан, наққошиҳои чармӣ, ки сабуку нафис ва барои аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан мувофиқ мебошанд, ба сайёҳони хориҷию дохилӣ хеле писанд афтодаанд. Ман худ шоҳид будам, сайёҳон ба нақшу тасвирҳои рӯйи чарм, ки бо манзараву муҳтавои шарқиёна офарида шудаанд, таваҷҷуҳи хосса доштанд ва онҳоро бештар харид менамуданд. Пас, чаро мо наметавонем, ба сайёҳоне, ки ба Тоҷикистони азизи мо торафт бештар меоянд, чунин армуғонҳо пешкаш накунем? Маҳз ба ҳамин хотир мо иштибоҳҳоро ислоҳ карда, боз ҷиддитар ба ин кор машғул мешудем, - ба суҳбат ҳамроҳ мешавад Абдураҳим.
Мушкилкушо
- Мо аз ҳисоби худ чарму рангу дигар масолеҳ мехаридем ва хароҷот торафт зиёд мешуд. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданду барои дастгирии ҳунармандон грантҳо таъсис доданд. Мо ҳам барои гирифтани гранти раиси вилояти Суғд лоиҳа пешниҳод намудем ва онро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дарёфт кардем, - мегӯяд Мавлуда Шарифова. – Ин ба мо имкон дод, ки масолеҳу ашёи хоми хушсифаттар харид ва миқдори асарҳоямонро бештар намоем.
Дар кӯчаву маҳалла овозаи устохонаи Шарифовҳо зуд паҳн шуд. Хусусан, иштироки онҳо дар чорабиниҳои гуногуни шаҳрию вилоятӣ, ба воситаи телевизиони «Мир» ва телевизионҳои маҳаллӣ ба намоиш гузоштани асарҳои дар чарм офаридаи онҳо таваҷҷуҳи мардуми атрофро ҷалб сохт. Чанде аз наврасон хоҳиш карданд, ки онҳоро ба шогирдӣ бипазиранд.
Муаррифӣ дар Арабистони Саудӣ
Соли 2018 барои хонаводаи онҳо бобарор буд. Зану шавҳар дар озмуни маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд беҳтарин ҳунарманд дониста шуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд низ ҳунари онҳоро қадр намуд. Абдураҳим Шарифов барои маҳсулоти армуғонӣ сазовори Сипосномаи раиси вилоят гардид. Писараш Бадриддин дар озмуни вилоятии беҳтарин маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон ғолиб омад. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаводаи онҳоро «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» донист. Сазовори дипломи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ гардиданд. Абдураҳим Шарифов лауреати озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Агентии «Тоҷикстандарт» дар соли 2018 шуд.
Соли навро аҳли хонавода бо комёбӣ истиқбол карданд ва дар озмуни вилоятии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» сазовори дипломи дараҷаи сеюм гардиданд ва аз ҳама шодиовар он буд, ки маҳсули ҳунари онҳо ба фестивали байналмилалии этнобозор дар Арабистони Саудӣ роҳ ёфт.
Абдураҳим Шарифов тӯли даҳ рӯзи моҳи марти соли равон қариб 80 намунаи расму наққошиҳои офаридаи аҳли хонадонро, ки аксар дар мавзӯъҳои таъриху фарҳанги тоҷикон ва манзараҳои афсонавии Тоҷикистон буданд, ба сокинон ва меҳмонони Арабистони Саудӣ намоиш дод, ки сазовори сертификати фестивал гардиданд.
- Мувофиқи талаботи фестивал намунаҳо 9 рӯз намоиш дода мешуданд ва ман ҳамзамон дар пеши чашмони тамошобинон асар меофаридам, - таассуроташро бо хушнудӣ баён дошт усто Абдураҳим. – Онҳоро, махсусан, тасвирҳои Масҷиди Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Хуҷанд, боғи Хоҷа Камол, бозори Панҷшанбе, минётурҳои аз рӯйи асарҳои ҷовидонии адабиёти классикӣ ба мисли «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», ғазалҳои Ҳофиз, рубоиёти Хайём офаридаамон ба ваҷд меоварданд. Вақте ки манзараҳои боғоти Тоҷикистонро медиданд, бовар намекарданд, ки чунин меваҳои тиллоӣ, ба мисли зардолу дар замин меруста бошанд. Обшорони кӯҳистони тоҷик онҳоро мафтун сохта буд ва онҳо орзу менамуданд, ки боре сайри кишвари биҳиштосои мо кунанд. Афсӯс, ки барои фурӯши маҳсулот танҳо рӯзи охирин рухсат дода шуд, вагарна ман ҳамаи осорамро фурӯхта метавонистам…
Шароит беҳбудӣ мехоҳад
Як ҳуҷраи ҳавлии Шарифовҳо аз асарҳои офарида, чорчӯбаҳои тайёру нимтайёр, масолеҳ ва дигар лавозимот пур шудааст. Нияти тӯй кардан ва ба ин ҳуҷра овардани келинро дар нақша доранд. Онҳо ҳайрон мондаанд, ки чизҳои ҳуҷраро ба куҷо кӯчонанд. Алҳол барои дар саҳни ҳавлӣ сохтани устохона имкони молиявӣ надоранд. Ният доранд, ки бо ин мақсад, яъне сохтани устохона, ки ҳамзамон фурӯшгоҳи осорашон низ хоҳад буд, лоиҳае пешниҳод кунанд, ки шояд дастгирӣ ёбад. Ҳамзамон, роҳбарони шаҳри Хуҷанд ваъда додаанд, ки дар растаи ҳунармандон, ки дар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Қалъаи Хуҷанд» бунёд хоҳад шуд, барои онон ҳуҷрае ҷудо менамоянд.
- Ҳунармандон алҳол дар фурӯши асарҳояшон душворӣ мекашанд. Хуб мебуд, ширкатҳои сайёҳии кишвар ба тариқи шартнома намунаи осори моро харида, дар мавзеъҳои муҳими сайёҳии мамлакат ба намоишу фурӯш гузоранд, - мегӯяд Абдураҳим Шарифов. – Бар он боварам, ки осори армуғонии мо ба сайёҳони хориҷию дохилӣ писанд меафтад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд