Дар филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ аз рӯзи таъсисёбӣ то ба ҳол бештар аз 15 ҳазор шаҳрванди вилоят омӯзиш дида, соҳиби касбу кор гардидааст. Маркази таълимиро бонуи ҷавон, фаъолу ҷӯянда ва навовар Чаманоро Муаллимшоева роҳбар аст.
Ҳамеша як гӯшаи зебо ва нотакрору дидании намоишҳои фарҳанг ва ҳунари сокинони Бадахшонро офаридаҳои дастони соҳибсалиқа ва тахайюли рангину зебопарасти ҳунармандоне ташкил медиҳанд, ки дар марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят касб омӯхтаанд ва ё дар ин ҷо малакаашонро такмил додаанд.
Айни ҳол фақат дар Хоруғ 225 нафар ва бо ҳисоби филиалҳои марказ дар ноҳияҳо бештар аз 800 нафар аз рӯйи ихтисосҳои гуногун омӯзиши касбӣ мебинанд.
Кафшергари барқӣ, барқчӣ, муҳосиб, кор бо компютер, дуредгару деворгар, андовачӣ, пардозгар, рангуборчӣ, кандакор, ошпаз, қаннод, намадрезу бофанда, дӯзанда, борбанд, оҳангар, кандакор, муҳрабофу нигинсоз, тракторчӣ ва амсоли инҳо касбҳое ҳастанд, ки ашхоси зиёд барои омӯзишашон ба марказ муроҷиат мекунанд. Тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илм касбомӯзон метавонанд дар филиали марказ 52 номгӯи ихтисосҳоро аз бар намоянд.
- Маркази таълимӣ дар баробари омӯзондани касбҳои замонавӣ бо ҳунарҳои мардумӣ низ сару кор дорад. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани авлавияти рушди ҳунармандӣ ва сайёҳӣ ба эҳё ва тавсеаи бесобиқаи ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчун василаи даромади буҷети хонаводагӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон мусоидати беандоза намуд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сабаду палосбофиву кулолӣ барин ҳунарҳои мардумии фаромӯшшуда эҳё гардиданду дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам бештар рушд ёфтанд. Барои занони бофандаи сариштакори қадим пораҳои аз матои боқимонда ҳам қимат доштанду онҳо аз куҳнаколаҳо болишту тагандозҳои ҳаҷми гуногун тайёр менамуданд. Таъсис ёфтани курси қуроқдӯзӣ ва зуд шуҳрат ёфтани моли хушнамуди бонувони ҳунарманд дар бозори дохилӣ аён сохт, ки бонувони замони мо низ сариштакору эҷодкоранд,- мегӯяд Ч.Муаллимшоева.
Барои афроди зиёд қадамҳои нахустинашон ба сӯйи касби пурбаракат ва фаъолияти тиҷоратии муваффақона аз омӯзиш дар маркази таълимӣ оғоз гардид. Гулнисо яке аз он бонувон буд, ки мехост ба хотири беҳбуд бахшидани рӯзгораш худро ба тиҷорати хариду фурӯши молу мавод дар бозор занад. Лекин ба бахташ дар Хоруғ филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» таъсис ёфту вай, ки аз хурдӣ ёвари модараш дар пухтани нону шириниҳо буд, дар гурӯҳи омӯзиши қаннодӣ малакаашро такмил дод. Сипас, бо чанде аз таълимгирандагон, ки аз ҳисоби ашхоси камбизоат ва маълул ба омӯзиш фаро гирифта шуда буданд, корхонаи хурди қаннодӣ таъсис дод. Фарахшаҳо ва маҳсулоти қаннодии босифату бомазаи «Нисо» серхаридоранду айни ҳол он яке аз беҳтарин корхонаҳои қаннодӣ дар вилоят маҳсуб мешавад.
Чаманоро Муаллимшоева пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев фаъолияташро ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи нозироти раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ВМКБ оғоз намуд. Тавре мегӯянд, «ниҳол дар як ҷо месабзад» ва Чаманоро низ ҷойи корашро писандиду барои баргу бор гирифтани дарахти фаъолияташ бо кӯшишу ғайрати зиёд ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ пардохт. Кордон ва ташаббускор будани кадри ҷавонро ба назар гирфта, пас аз чанде ӯро мудири шуъбаи ташкилӣ -ҳуқуқӣ таъйин намуданд. Вай дар баробари ёрии ҳуқуқӣ расондан ба омӯзандагон дар ташкили намоишу фурӯши маҳсули ҳунармандон, ки тибқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд, ширкати фаъол меварзид.
Чанд сол қабл Чаманоро сарвари филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар Хоруғ таъйин гардид. Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории хуби маркази таълимӣ бо касбомӯзону ҳунармандон самараи хуб медиҳаду гӯшаҳои муаррифии фаъолияти муассиса дар намоишгоҳҳо аз тарафи бинандагони соҳибзавқ ҳамеша баҳои баланд мегиранд.
- Равнақ ёфтани касбҳои гуногун, ки муассисаи мо дар он саҳми босазо дорад, ба сифати мол дар бозор ва интихоби харидор ҳам таъсири мусбат мерасонанд. Барои мисол, акнун санбӯсаҳо, пирожнӣ ва дигар маҳсулоти дастии қаннодони чирадаст дар тӯйҳо ҷойи конфету шакалод ва печенеро, ки бештари онҳо воридотианду бо сифати паст ва ғайристандартӣ мебошанд, гирифтанд. Ин падидаи хуб асту ба пешгирии исрофкорӣ дар доираи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим мусоидат намудааст, - изҳор медорад Чаманоро.
Ба бовари Ч.Муаллимшоева маркази таълимӣ ба шаҳрвандон на фақат дар пайдо кардани ҷойи кор мусоидат мекунад. Бахусус ашхоси калонсол барои мутобиқ шудан ба шароити тағйирёбанда ва пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ба дастгирии равонӣ ниёз доранд ва аз чунин ёрии марказ бархӯрдор мешаванд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ чун дар аксари давлатҳои ҷаҳон дар Тоҷикистон аз самтҳои муҳими ҳалли мушкилоти иҷтимоии шаҳрвандон боқӣ мемонад. Ҳукумати кишвар ҳаматарафа барои ҳимояи ҳуқуқӣ ва касбии муҳоҷирон мусоидат менамояд. Барои муҳоҷирати меҳнатии ҳадафманд лозим аст, ки муҳоҷири меҳнатӣ соҳибкасб бошад, забони давлати қабулкунандаро хуб донад. Шаҳрвандони зиёде, ки азми муҳоҷират мекунанд, барои омӯзиши касб ва шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ ба маркази таълимӣ муроҷиат менамоянд. Вобаста ба талабот ба касбҳои зиёд дар муҳоҷирати меҳнатӣ, ба мисли сантехник, таъмиргари автомобил, арматурбоф, мебелсоз, ороишгари рӯй, мӯй ва нохун, борбанд, кафелзан, мураббия -парастор, ҷангалбон ва боғбон шаҳрвандон ба маркази таълимӣ рӯ меоранд. Танҳо тайи шаш моҳи соли равон аз рӯйи барномаи худмаблағгузор 117 нафар дар марказ омӯзиш дида, 86 нафар соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гашт.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вақтҳои охир кошонаҳои ҳусн «чун замбурӯғҳои баъди борон» арзи вуҷуд намуда, дар хизмати бонувон қарор гирифтанд. Коршиносон ин падидаро нишонаи беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии мардум арзёбӣ мекунанд, ки бар асари он акнун бонувон имконияти бештари орову торо доданашонро доранд. Дар тайёр намудани ороишгарон низ маркази таълимӣ саҳм мегузорад.
- Инсон табиатан зебопараст аст. Бубинед, офаридаҳои ҳар ҳунарманд ва соҳибкасб зебо, беназиру бемонанданд. Ҳанӯз дар синни мактабӣ нахустин офаридаҳои тахайюли бачагонаам дар либоси шеър дар саҳифаи маҷаллаи дӯстдоштаам «Машъал» чоп шуда, маро илҳом бахшиданд. Модарам ҷуробу тоқии зебо медӯхт ва ман ҳунари зебоофариниро аз модарам ёд гирифтам ва анъанаи хонаводагиро, - нақл мекунад ҳамсуҳбатам.
Падар корманди раёсати корҳои дохила бармаҳал фавтиду модар худ 10 фарзандро ба воя расонд ва соҳибмаълумот гардонд. Чаманоро меҳнатдӯстӣ, шикебоӣ, сабру тоқат, қобилияти хуби муошират бо мардум, некӣ ва накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи модарро дар худ дораду ба фарзандаш меомӯзад ва дар байни ҳамкорону омӯзандагони маркази таълимӣ низ бо ин хисоли ҳамида соҳибэҳтиром аст.
Дар маркази таълимии Хоруғ 5 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ барои омӯзиши асосҳои компютерӣ, забонҳои англисӣ, русӣ, тоҷикӣ, қаннод - ошпаз, барқчӣ -кафшергар ва муҳосибӣ дар хизмати омӯзандагон қарор доранд. Мудирияти марказ тасмим гирифтааст, ки синфхонаҳои омӯзиширо зиёд ва пойгоҳи моддӣ -техникиро боз ҳам бештар тақвият бахшад, то корафтодагон битавонанд, бо сифати баланд дар марказ касбҳои заруриро омӯзанд.
Ш. Мирзоҷалол,
ВМКБ