Таваҷҷуҳ ба ёриву дастгирии оилаҳои камбизоат, беморону ниёзмандон ва бо муқаррар кардани вазъи иҷтимоии оилаҳо дастрасии ниёзмандон ба ёрдампулию дигар хизматрасониҳои давлатӣ, аз иқдомҳоест, ки кишвари моро дар арсаи ҷаҳон чун давлати иҷтимоӣ ва ташаббускори Стратегияи байналмилалии коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ муаррифӣ намуд. Вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон дар баъзе навоҳии кишвар дар ин самт камбудиҳо ба чашм мерасанд.
Рӯйхати «махфӣ»
Бинобар маълумоти бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Кӯшониён дар ноҳия 5828 нафар афроди камбизоат ба қайд гирифта шудааст. Масъулони бахши мазкур аз интишори рӯйхати оилаҳои камбизоат худдорӣ намуданд. Ба суоли «Чаро баъзе эҳтиёҷмандони воқеӣ дар феҳристи мазкур шомил нашудаанд?», мутахассиси бахш Ҷумъахон Исматов далел пеш овард, ки шумораи расмии оилаҳои камбизоат набояд аз 18–20 дарсади нуфуси аҳолии ноҳия зиёд бошад. Бад-ин минвол, новобаста ба мушкилиҳои иҷтимоии хеш хонаводаҳое мисоли Мирзоевҳо аз кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳия аз имтиёзҳои давлатии ба ниёзмандон равона гардида, маҳрум шуданд.
- Вақте барои дастрасӣ ба кумакҳои иҷтимоӣ ба мақомоти марбута муроҷиат намудем, онҳо гуфтанд, ки «мо бояд шумораи аҳолии камбизоатро коҳиш диҳем»,- қисса дошт Юсуф Мирзоев. – Агар ин кор аз дасти мо меомад, беш аз ду даҳсола бе ҷойи кор, сарсону саргардон намегаштам. Дигар сокинонро намедонам, аммо худ аз замони қатъи фаъолияти маҷмаи маишии «Саодат»-и шаҳри Бохтар бекор монда, рӯзгори худ ва зану як фарзандро гузаронда наметавонам.
Дар ҳамин ҳол раиси маҳаллаи мазкур Иноятхон Абдуллоева иброз медорад, ки на ҳама талабгорони санади камбизоатӣ ҷавобгӯи меъёрҳои муқарраргардидаанд. Мо ҳар як муроҷиати расмии сокинонро дар мавриди дастгирии иҷтимоӣ ба унвонии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия ирсол мекунем ва то кунун аз 63 хоҷагии кӯчаи Мирзо Турсунзода теъдоди кофии сокинон санади камбизоатӣ гирифтаанд.
Кумакҳои иҷтимоӣ: «Ман нагирам, кӣ мегирад»?
Феълан сокиноне, ки аз имтиёзҳои иҷтимоии давлат огаҳӣ доранд, саъй мекунанд, ки ба хотири пардохтҳои хизмати коммуналӣ, таҳсилоти фарзандонашон дар макотиби олӣ ва ташхису табобати ройгони тиббӣ санади камбизоатӣ ба даст оранд. Бо мақсади ҳолпурсии ниёзмандоне, ки аз имтиёзҳои тиббӣ бархӯрдоранд, роҳ сӯи беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён гирифтем.
Гулнора Қосимова, сокини шаҳраки Исмоили Сомонӣ бо нишонаҳои бемории зардпарвин дар шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуда буд. - Мо дар ҳисоби оилаҳои камбизоатем ва боре санади онро дар хонаамон ҳам дида будам. Аммо, ба фикрам, он ҳуҷҷат барои кумак дар пардохти истифодаи барқ буда, баҳри ташхису табобати ройгон ба кор намеояд, - андешамандона изҳор дошт мусоҳиби мо. – Дар овони хурдӣ дар чашмам сӯзан расиду аз як дидаи бино маҳрум шудам. Азбаски, барои одамони имконияташон маҳдуд пайдо намудани шуғлҳои муносиби музднок мушкил аст, ман барои гирифтани нафақаи маъюбӣ ба идораҳои дахлдор муроҷиат кардам, аммо бенатиҷа.
Гулнора то бозгашти шавҳараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар хонаи зодмандони худ зиндагӣ кард. Орзу дошт, ки лоақал маблағи лозим пайдо карда, гавҳараки кафидаи дидаи нобинояшро бо чашми сунъӣ иваз намояд. - Болои сӯхта намакоб, гирифтори як навъ вируси гепатит шуда, дар шуъбаи сироятӣ бистарӣ шудаам. Табибон омилҳои сироятшавиамро муайян карда наметавонанд,- маъюсона қисса дошт Гулнора Қосимова. – Ду маротиба ҷарроҳӣ шуда, аз як дидаи бино маҳрумам, болои ин ҳама гирифтори гепатит шудам… Бо ин ҳама бекорию беморию имкониятҳои маҳдуд аз ягон имтиёзу кумакҳои давлатие, ки барои камбизоату маъюбону ниёзмандон нигаронда шудаанд, бархӯрдор нестам,- гӯён аснои аксбардории мо ӯ чеҳраашро бо кафи дастонаш пинҳон мекард.
Аз рӯзи дар беморхона бистарӣ шудан, танҳо барои якчанд ташхисҳои тиббӣ беш аз 360 сомонӣ маблағ масраф намуда, нархи дорувории ҳар амалиёти чакрагие, ки шабонарӯзӣ ба тани ӯ гузаронда мешавад, 160 сомонӣ аст. Барои табобати бемории зардпарвини ғайрирӯдавӣ, яъне, тавассути хун сироятшуда, маблағҳои зиёд лозим аст ва умеди Гулнора ба пайвандонаш аст, ки аз куҷо тавонанд, маблағ пайдо намуда, фарзанди худро табобат намоянд?
Тибқи маълумоти Ҳабибулло Худойназаров, духтури сироятшиноси шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён, қарори № 600 ба шуъбаҳои таваллуд, сироятӣ, бемориҳои кӯдакона ва маркази ёрии аввалияи тиббӣ дахл надорад. Бемороне, ки санади камбизоатӣ ва ё маъюбӣ надоранд, барои хизматрасонии ташхисгоҳҳои тиббӣ, ки тибқи қарори мазкур фаъолият доранд, маблағи муайян мепардозанд.
Дар мавриди таъйини нафақаи иҷтимоӣ ба Гулнора масъулони комиссияи машварати тиббии ноҳия иброз доштанд, ки барои шахсони аз як чашми бино маҳрум буда, нафақаи маъюбӣ таъйин карда намешавад.
Садое аз тангнои хонаҳо
Сокинони ноҳияи Кӯшониён изҳор медоранд, ки масъулони сатҳи маҳал дар рафти бақайдгирии оилаҳои камбизоат, таъйини нафақа ба маъюбони воқеӣ, тақсимоти одилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандони воқеӣ ба тақаллубкорӣ роҳ дода, эътимоду боварии мардумро аз даст медиҳанд.
- Ҷудо намудани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандони ҳақиқӣ аз мавзӯъҳои доғи деҳот ба ҳисоб меравад, - мегӯяд сокини Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия Зебуннисо Ҳайдарова. – Дар хонаву дари мансуб ба хусуру хушдоманам ду оилаи бузург, яъне оилаи мову бародари шавҳарам сукунат дорем, ки ҷамъ аз 6–7 оила иборат буда, шумораи умумиамон ба 25–30 нафар мерасад. Дар қитъаи ҳавлии мансуб ба ҳамсарам, ки 5 сотихро дар бар мегирад, 3 ҷуфт оилаи мову фарзандонамон зиндагӣ дорем. Ҳолиё боз се писари аз 16 то 26 сола дорам, ки дар оянда оиладор шуда, ба манзилҳои алоҳида эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Аҳволи ҳавлии моро бубинед, ки замини корам як сӯ истад, дар оянда ҷойи роҳгардӣ намеёбем, ба хонаҳои ба якдигар часпидаи саҳни ҳавлиашон ишора дошт Зебуннисо.
Меҳмон баҳона,…
Аз муносибати масъулони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бармеояд, ки эшон вазифаи худро фақат дар иҷрои супоришу дастурҳои мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ мебинанд. Ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ куҷо, мардум барои гирифтани як имзои одӣ соатҳо дар қабулгоҳи раису котиби ӯ интизорӣ мекашанд. Бемасъулиятӣ дар тинати мансабдорони баъзе шаҳраку деҳоти ин ноҳия ба ҳадде одат шудааст, ки: «Аз дастоҳи иҷроия меҳмон дорам»,- гуфта, рӯзи дароз мардумро паси дарҳои худ интизор мемонанд. Ҳафтае пеш бо ҳамин баҳона раисаи шаҳраки Исмоили Сомонии ин ноҳияро пайдо карда натавонистем. Инак, дар соати 10:25 субҳи 20-уми июн котибаи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ки худро Равшанбӣ Валиева муаррифӣ кард, ҳузур надоштани раису котиби ҷамоатро ба омадани меҳмонон рабт медод. Ҳол он ки тибқи маълумоти шуъбаи маънавиёти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, вохӯрии намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни баъзе соҳаҳо аз ҷумла, масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён баъди нисфирӯзӣ муқаррар гардида буд.
Назари халқ: «Мансабдорон назорат шаванд!»
Он лаҳза дар қабулгоҳи раиси деҳот чанд тан аз корафтодагон ҳам итминон доштанд, ки раис дар ҳуҷрааш аст, вагарна чаро котибаву чанд тан афроди шабеҳи ронандаву дигар наздикони раис дам ба дам дари раисро ангушт зада, вориди дафтари корӣ мешуданду барои дигар муроҷиаткунандагон як ҳарфи коғазпеч садо медод: «Раис ҳамроҳи меҳмонон баромада буду имрӯз намешавад». Ин аҳвол корафтодаеро ба хашм овард, ки оҳиста сӯи ман гуфт: «Бачам, ба ҳукуматдорони болоӣ бирасонед, ки дар идораҳои давлатӣ камераҳои дутарафа насб кунанд. Онҳо ба роҳат нишаста, моро тамошо мекунанд, пас, дар қабулгоҳи раисон ҳам экранҳои калон бошанд, то бубинем, ки онҳо дар ҳуҷраҳои корӣ ба чӣ корҳо машғуланд?
Дарвоқеъ, талаби ба намоиш гузоштану назорат аз рӯи фаъолияти ҳаррӯзаи мансабдорон ҳаққи қонунии халқ аст, ки ғанисозандаи буҷети маҳал ва як рукни муҳими давлат ба ҳисоб мераванд. Аммо то куҷо чунин пешниҳоди мардумӣ барои ҳукуматдорон қобили қабул аст, суолест, ки посух мехоҳад.
Ҷ. Усмон,
ноҳияи Кӯшониён