Ё қиссаи бонуе, ки ба василаи сабр ва хиради азалӣ хонаи обод, падари фарзандонашро ҳифз карда тавонист…
Қатора бо суръат ҷангалзорҳои анбӯҳ, чакалакзорҳо, маҳаллаҳои аҳолинишин, истгоҳҳоро пушти сар мемонд. Ба гулҳои бунафшранги канори роҳҳо, ба дарахтони сарву ёл нигаристан касро фараҳ мебахшид. Ҳарчанд як ҳафта боз дар роҳем, ҳанӯз ҳам ба Шарқи Дур нарасидаем. Дашту ҷангалзорҳои Россия гӯё беинтиҳоянд…
Субҳи барвақт ба шаҳри Владивосток расидем. Ростӣ намедонистам куҷо меравему кӣ моро пешвоз мегирад. Писарам, ки ҳамроҳам наворбардорӣ мекард, каме асабӣ шуда, «чаро ҷое омадем, ки касе моро пешвоз намегирад?». Оромона мегӯям: «ист, тоҷикеро бинем, кор ҳал мешавад». Зеро хуб медонам, тоҷикон аз азал меҳмоннавозу дастбахайранд. Бинам, ҷавоне телефони ҳамроҳ дар даст бо касе тоҷикӣ гапзанон меояд. Гуфтам, тоҷикем, касеро намедонем. Лаҳзае пас бо телефон касеро суроғ кард. Баъди ним соат мошине бо як марду як зан омада, моро бо ду дасти адаб ба хонаашон бурданд.
Хонаи тозаву озода бо фазои орому осуда, ба мусофирони чанд шабонарӯз саргардон ҷойи роҳат буд. Баъди шустушӯй сари як пиёла чой нишастем. Бонуи хона Маҳина ба ҳайси ҳуқуқшинос фаъолият доштаасту ҳамсараш соҳиби мағозаҳои либосворӣ дар шаҳри Владивосток, фарзандонашон яке мактабхону дуи дигар муҳассили донишгоҳҳои Владивосток будаанд.
Аз онҳо фаҳмидем, ки дар ин шаҳр тоҷикон ба тиҷорат шуғл варзида, қисмате дар сохтмонҳо, ҳамчунон, ба ҳайси духтуру муаллим, хуллас дар ҳама самтҳо фаъолият доштаанд…
Ба сайри Владивосток, ки шаҳри бандарист, баромадем. Фарзандони Маҳинабону ва Фаррух моро ҳамроҳӣ мекарданд. Мушоҳида мекунам, фарзандон тарбиятдидаанду муштоқи дидори ҳамзабоне. Маҳина, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, тавонистааст дар тарбияи фарзандон нақши хубе гузорад.
Чун ҳар журналист, мехоҳам аз паҳлуҳои зиндагиашон бохабар бошам. кам нестанд мардоне, ки аз оила дур мемонанд, ё ин ҷо омада зану фарзандро дар нимароҳ монда, пушти зани дигаре мераванд. Чанд рӯзе, ки дар хонаи онҳоям, хостори ба дигар ҷо рафтанро мекунам, вале онҳо намегузоранд. Хуллас Маҳинабонуро чун бештари бонувони сарбаланди тоҷик меҳмондӯсту самимӣ, вафодори оилаву хонадон ёфтам.
Эҳсос намудам, ки Маҳинабону намехоҳад дар бораи зиндагиаш ҳарф занад, вале нозукона риштаи суханро ба сӯи мақсуд кашидам.
Ниҳоят бонуи хушрафтор ба гуфтор омад. Дар Тоҷикистон бо муҳаббат хонадор ва соҳиби ду фарзанд шудем. Шавҳарамро дӯст медоштам, шояд аз ҳамин сабаб ба бисёр рафторҳои ноҷояш чашм мепӯшидам. Аз аввал ҳам борҳо бероҳагардӣ мекарду парвои хонаву дар надошт, вале сабрро пеша мекардам. Мекӯшидам дар ин бора хусуру хушдоманам камтар донанд. Ба падару модари худам низ чизе намегуфтам.
Чандин сол пас чун ба Владивосток омадем, фарзандонам тамоман хурд буданд. Чанд ҳафта дар хонаҳои беодами партофташуда як борониро пӯшида, мехобидем. Ҳоли зори моро дида кампирҳои рус ду аробачаи кӯдакона оварданд, ки дар он кӯдаконро хобонем.
Шавҳарам дар бозор савдо мекарду ман дар як дукон ғизоҳои тайёр мефурӯхтам ва дар як гӯшаи он бо кӯдакон пардаеро кашида, хоб мекардем.
Баъзан шабҳо шавҳарам ба ҳамон дукончаи будаамон ҳам намеомад. Фаҳмидам, ки бо духтарони бадгашт ҳамроҳ аст. Агар бегоҳӣ меомад, ҳамон ҳам масту аласт. Ҳоли зори маро дида рускампире дар хонааш, ки сеҳуҷрагӣ буд, бароямон як ҳуҷраро ҷудо кард. Акнун дигар шавҳарамро рӯзҳо ҳам намедидам. Кӯдаконро дар назди он кампир монда, ба кор мерафтам. Зеро, агар рӯзе наравам, аз кор пеш мекарданд. Худам дар кору ҳушам дар фарзандон.
Ҳамсарам рӯзи маошгириамро медонист, омада, қисми зиёдашро гирифта, ба айшу ишрат дода мешуд. Борҳо хостам бачаҳоямро гирифта ба зодбум баргардам, вале намедонам аз чӣ бошад, дилам аз худам дида ба фарзандонам месӯхт.Намехостам онҳо бе падар калон шаванд, дилшикаста бошанд.
Зимистон. Як бегоҳ саросема ба хона омадам. Писари кампири хона масту аласт аз куҷое омада, маро ба хона роҳ надод. Кӯдаконро гирифта берун баромадам, ҳаво бағоят сард ва торик буд. Ашкҳоямро аз сардӣ ҳис намекардам. Хостам ба шавҳарам занг занам, аммо телефонаш чун ҳарвақта хомӯш буд. Зери боми хурдакаки даҳлез ларзида меистодем, ки як ҷавони ӯзбек, ки дар ҳамсоягӣ мезист, аз кор баргашта, маро бо ду кӯдаки аз сардӣ карахтшуда дида, дилаш сӯхт ва маро ба хонаи як кампири шиносаш бурда хоҳиш кард то моро як шаб ҷойи хоб диҳад.
Василисахола баъди оббозӣ ба бадани кӯдаконам ким чи хел равғани рафъкунандаи хунукиро молида, чою шири гарм нӯшонда хобонд. Чойи гарму мураббои мармиҷон ба бадани карахтшудаам гармию оромӣ бахшид, аммо баробари ҳар як пиёла чой ашк рухсораҳоямро мешуст.
Бонуи хона меҳрубон ва зиндагидида буд. Намехостам дар бораи шавҳарам чизе бигӯям, чун дар оилаи серфарзанд калон шуда будам. Модарам пайваста ба таъкид мегуфт, зиндагӣ аз пастиву баландиҳо иборат аст, инсон хоҳ зану хоҳ мард бояд сирри хонаашро пинҳон дорад. Агар баромада равам, ҳоли ду кӯдак чӣ мешавад? (Он замон ду писар доштам). Намехостам фарзандонам азобу таънаи бепадариро кашанд, гуфтам бо чашмони ашкбор ба Василисахола.
Субҳи дигар фарзандонамро боз ба ҷои пештара бурда, ба кор рафтам. Нисфирӯзӣ ҷавондухтари ҳомилае маро суроғу пай карда омад. Ва иддао бардошт, ки ин кӯдаки батнам аз шавҳари туст. Он лаҳзаҳо худро чӣ гуна доштам, намедонам, қариб аз ҳуш мерафтам, вале ҳамкоронам маро дошта ба курсие шинонданд. Ба он духтар гуфтам, шавҳари мепартофтагӣ надорам ва кӯдаконамро намемонам зиндаятим шаванд.
Духтар хеле шаттоҳӣ карда таҳдидкунон баромада рафт. Бегоҳӣ шавҳарам ширакайф ба хонаи иҷораамон омад. Аксеняхола ӯро накуҳиш дод, ки аз арақнӯшию беҳудагардӣ касе обрӯ нагирифтааст, чаро фикри фарзандон, зани меҳрубонатро намекунӣ. Агар Худо ба писари ман чунин зан медод, ҳоло мо дигар хел мезистем…
Шавҳарам гӯё ӯро намешунид, хӯрокашро хӯрда, таҳдид кард, ки бо он духтар сар ба сар нашавам, зеро ӯ метавонад моро аз ин шаҳр хориҷ кунад.
Рост ба чашмонаш нигариста гуфтам, кӯдаконамро ятим намекунам. Рав, ҳар чӣ қадар хоҳӣ, бо даҳҳо зан гард, вале дон мо доим туро мунтазир мешавем. Фаррух шунидани чунин суханонро интизор набуд. Ӯ гумон бурд ман доду фарёд зада, аз хона пешаш мекунам ва ё баромада меравам.
Занону духтарони ҳархела меомаданду мерафтанд, аммо ман ҳам паст намеомадам, наметарсидам.
Шабҳо хоб намерафтам, рӯйҷои хоб медӯхтам, то аз маблағи бадастомада пули иҷораву хӯрокро диҳем. Бо вуҷуди маълумоти олӣ доштан, хонаҳои мардумро рӯбучин мекардам то маблағе пайдо намояму соҳиби хонаи худ шавем. Бо вуҷуди сарсониҳо кӯдаки сеюмро ҳам таваллуд кардам. Медонистам, шавҳарам духтардор шудан мехоҳад. Аз хусуру хушдоманам миннатдорам, ки маро таъкид мекарданд, сабур бошам, ҳамааш хуб мешавад. Писарашонро насиҳат медоданд, ки ягон кас ҷойи зану кӯдак, хонаи ободро гирифта наметавонад. Ва ҳеҷ касе чун зани тоҷик наметавонад вафодору сабур бошад
Оҳиста - оҳиста шавҳарам дид, ки ман ғавғо намебардорам, ин қадар таҳқиру мазамматро таҳаммул мекунам, аз кирдораш ҷое ба арз нарафтам, ҷанҷол накардам, дар ҳузури дигар занон ҳимояаш кардам. Нахуст ӯ нӯшидан, баъд ҳарҷогардиашро партофт…
Акнун ёфтагиашро ба хона меовард. Баъди тарки нӯшидану ҳарҷогардӣ кораш омад кард. Аз он ба пас дар се сол мо соҳиби ҳавлӣ шудем. Дукаса заҳмат кашидем, ба мақсад расидем. Ҳар сол волидон хабаргирӣ меоянд ё ки мо худ меравем.Сарфи назар аз гаронии роҳкиро, мо барои писари калонӣ арӯсро аз Тоҷикистон интихоб кардем.
Ҳоло мешунавам, ки қисме аз оилаҳо бо баҳонаи ночизе вайрон мешаванд. Пештар барои вайрон нашудани оилаҳои ҷавон одамони бообрӯи маҳал миёнарав мешуданд. Падару модарон кӯшиш ба харҷ медоданд, то оила мустаҳкам бошад…
Ба хона баргаштем. Фаррух кафгиру табақ дар даст машғули ошпазӣ буд. Субҳ сари мизи хӯрокхӯрӣ, Маҳина то идора рафта меоям, гуфта рафт. Фаррух тавассути телефон ба шогирдонаш супориш дода, назди мо нишаст. Ба гӯшае андешамандона нигариста, гуфт: «апаҷон, ман Маҳинаро чун гавҳари ноёфт болои сар мекунам. Афсӯс, мардон, баъзан ҳиссиёти беақлонаро аз тафаккур боло медонанд.
Агар Маҳина маро партофта мерафт, кӣ медонад, ҳоли ман чӣ мешуд. Худо мегӯям, ки ҳама вақт болои сари фарзандон сарбаланд бошад. Дигар зан ба ҷойи ӯ тоқат намекард. Вале тарбияи хуб, ки дошт, фикри худаш не, балки фикри фарзандон, зиндагии ободи оилавиашро кард. Хушбахтам, ки имрӯз ба ҳама некиҳои рӯзгор расидем».
Садбарг БОҚИЕВА,
Шарқи Дур