Ҳамасола занони ҳунарманди тоҷик барои рушду равнақ додани ҳунарашон аз Грантҳои президентӣ баҳравар мегарданд. Танҳо дар соли 2019 - 80 бонуи ҳунарманд дар пешниҳоди лоиҳаҳояшон барои дарёфти грант муваффақ шудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
- Соли равон ба кумита 211 лоиҳаи соҳибкорзанон барои дарёфти Гранти президентӣ пешниҳод шуда буд, ки танҳо 80 лоиҳа соҳиби грант шуд. Маблағи ҷудогардида барои ин лоиҳаҳо, 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, - иброз дошт Идигул Қосимзода, раиси кумита.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки сар аз соли 2006 то 2018 – ум 16 млн. 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Грантҳои президентӣ ҷудо гардида, аз ин ҳисоб 2 ҳазору 578 ҷойи кори доимӣ ташкил шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 3 ҳазору 500 нафар занону духтарон ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.