Зулфияхоним Додова нав ба пайроҳаи айёми тиллоии ҷавонӣ қадам ниҳода буд, ки марги беамон модарашро рабуду тарбияи додарчаҳои хурдсол бар дӯшаш афтид. Апаи мушфиқу меҳрубон додарҳояшро ба воя расонд, хононд ва хонадор кард. Вай аз он меболад, ки арвоҳи модарро шод намуд.
Вақте додари калониашро хонадор карду пас аз чанд вақт барои дувумаш арӯс номзад шуд, иддае маслиҳат доданд, ки барои тӯй ҳанӯз барвақту домод бояд фикри сохтани хонаи алоҳида кунад. Зеро замона дигар шудаасту акнун ҳавлии замонавӣ барои ду келин танг меояд. Дар бархе аз чунин ҳолатҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зери таъсири ин гуна «маслиҳатҳо» ва филмҳое, ки ҳаёти шоҳона тарғиб мекунанд, иддае аз ҷавонон ба манзури фароҳам сохтани шароити иқтисодӣ рӯ ба ғарибӣ меоранд, то манзил ва автомобил бихаранд ва сипас издивоҷ кунанд. Фариштаи бахт бар рӯйи кам андар ками ҷавонон механдаду онҳо кори хуби сердаромад меёбанд. Вале, дасти бештари ҷавонон ба гиребони орзуи пулдор шудан норасида мемонаду онҳо солиёни зиёд дар корҳои вазнин заҳмат мекашанд ва сафи ҷавонони муҷаррад меафзояд.
Апаи ҳалиму меҳрубон, рӯзгордида ва дилфароху дасткушод ба гапи касе гӯш надоду паёпай чор келин ба ҳавлии падар, ба маҳаллаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ овард. Ӯ хулқу атвори додарони хоксор, сабур ва тифоқашро хуб медонист, ки душвориҳои иҷтимоии муваққатиро таҳаммул мекунанду аҳлона дар бартараф намуданашон талош меварзанд. Хушбахтона, сунҳорҳо ҳам тарбиятдида буданду касе аз онҳо аз тангии шароити маишӣ ба даре шикоят набурд. Дар ин хонавода, ки саробонашонро Зулфияхоним медонанд, ҳама бо ихлосу эҳтиром ӯро модар мехонанд. Чанде қабл як оила ба манзили нав кӯчид. Насиба, Гавҳара ва Паймона - се келини дигар ҳанӯз дар ин ҳавлии падар бо шавҳаронашон умр ба сар мебаранд.
Зулфияхоним нав як сол аз рӯйи ихтисоси матбаачӣ дар маркази ҷумҳурӣ омӯзиш дид, ки модар аз дунё гузашт. Барои тарбия ва таъмин намудани рӯзгори додарон ва хоҳарчаи хурдсолаш маҷбур шуд, ки дар ҷустуҷӯи кор шавад. Барои идораҳо дар он вақт мутахассисе лозим буд, ки қобилияти ҳуруфчинӣ дар дастгоҳи чопӣ ва таъмир кардани онро дошта бошад. Ин қобилияти Зулфияхоним сабаб шуд, ки ӯро зуд ба кор даъват намуданд. Дар зарфи зиёда аз 20 сол ӯ аввал котибаи раиси комиҷроияи ноҳия ва сипас раиси ноҳия буд. Барои бехато ва босифат чоп кардану дастгоҳи чопиро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштан, ҳамеша таъриф мешунид ва ҳар раиси навомада, чун тозакориву чолокиашро дар иҷрои супоришҳои вазифавӣ медид, аз кораш қаноатманд мегардид. Биноан, солиёни зиёд ҳамчун котиби ивазнашаванда монд. Сипас, бо хоҳиши худ Зулфияхоним ба комиссариати ҳарбӣ ба кор гузашт ва дар ин ҷо ӯро ба вазифаи коргузор пазируфтанд.
Хонаводаи Додовҳоро намуна меоранд, ки дар ин ҷо ҳусни тафоҳум байни аъзои хонавода ҳукмфармо ва рӯз ба рӯз қавитар мегардад. Вақте Насиба - омӯзгори фанни забони русӣ ба кор меравад, дилпур аст, ки тифли хурдсолашро сунҳораш Гавҳара монанди гавҳараки чашм нигоҳубин ва корҳои мондаро саранҷом медиҳад.
- Дар хонаводаи нав пайвандон аз ҳар келин интизор доранд, ки бо қадами муборак хайру баракати бештар меорад. Ҳар яке аз мо мекӯшидем, ки ин умедро бароварда созему ин хона ва ҳавлиеро, ки дар он зиндагӣ дорем, тақсим намекунему баробар аз худ медонем. Аз ин рӯ, барои ҳамеша тозаву озода ва зебо нигоҳ доштани ҳавлӣ ва иҷрои дигар корҳои хоҷагидорӣ бидуни ҳавола намудани кор ба якдигар саъй меварзем,- мегӯяд Насиба.
Дар ҷавоб ба ғамхориҳо дар ҳаққи кӯдаки хурдсол муаллима ба фарзандони дигари хонавода забони русӣ ва англисӣ меомӯзонаду дар рӯзҳои истироҳат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки саҳми бештаре дар рӯзгордорӣ гузорад.
- Мекӯшам, ки зани додаршӯям имконияти бештари машғул шудан ба вазифаи касбиашро дошта бошад. Зеро, дониши хуб додан ба шогирдон савоб асту бо сарфаи вақти муаллима дар ин кори савоб саҳм мегирам,- изҳор медорад Гавҳара.
Бино ба мушоҳидаи шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хоруғ Камила Мусаввирова дар бештари маворид ихтилофҳои ночиз боиси муроҷиати зану шавҳари ҷавон барои талоқ ба шуъба мегарданд. Ба гуфтаи вай, дар яке аз чунин ҳолатҳо зану шавҳари ҷавон дар ҳоле дархости талоқ пешниҳод намуданд, ки худашон хомӯшона ба замин дида медӯхтанду ба ҷойи домод хоҳар ва ба ҷойи арӯс холааш даъво мекарданд ва ҳар тарафе худро қурбони нобаробарии иҷтимоии тарафи дигар медонистанд. Вақте ба даъвогарон фаҳмонда шуд, ки тибқи Кодекси оила дахолат ба зиндагии оилавии зану шавҳар манъ асту асли моҷаро баррасӣ гардид ва ба зану шавҳари ҷавон ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ расонда шуд, онҳо аз раъяшон гаштанд ва боз як оила аз парокандашавӣ наҷот ёфт.
- Барои зиндагии босаодати оилавӣ чӣ чизро муҳим мешуморед ва чӣ тавр бароятон муяссар мегардад, ки дар муносибати се оила оромиву суботро нигоҳ доред, - мепурсам аз Зулфияхоним.
- Моддигароӣ ҷойи арзишҳои маънавиро тангтар мекунад. Вале, ба фикри ман, дар ҷомеаи анъанавии мо, хушбахтона, мафҳуми саодат ва хушбахтии оилавӣ ҳанӯз барои бештари ҷавонон ҷанбаи маънавӣ дорад ва шукр мегӯям, ки дар пояи чунин эҳсос ва боварӣ оилаҳои додаронам бунёд ёфтанд. Адолат ва гузаштро омили асосии ҳамдигарфаҳмӣ мешуморам. Ман ҳеҷ вақт ба ҳаёти оилавии онҳо дахолат намекунам ва додарҳову сунҳорҳоямро чун фарзанди хеш медонам. Шояд барои ин бошад, ки дар хонаводаамон ҳусни тафоҳуми комил ҳукмфармост, - баён медорад Зулфияхоним.
- Апаамон барои зиндагии шахсиаш вақт надошт. Саропои вуҷудашро ба тарбияи додарон ва хоҳарамон бахшид. Хоҳарамон Назурмо дар Донишгоҳи кишоварзӣ таҳсил намуду соҳиби ихтисосу бахти оилавӣ гардид. Ҳарчанд фироқи модар душвор аст, апаи меҳрубону дилсӯз нагузошт, ки худро бепарастор ҳис кунем, - мегӯяд додари хурдӣ Назир Додов, ки сарбаландона хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, айни ҳол ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кор мекунад.
Зулфияхоним худро бонуи саодатманд мешуморад, зеро орзуву омоли модар бароварда шуду фарзандон рӯзгори босаодат доранд. Хонаводае, ки дар он муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстдорӣ, дилсӯзӣ, қаноат, накукорӣ ва ҳурмату эҳтироми ҳамдигарӣ солор аст, воқеан, саодатманд ва хушбахт аст.
М. Саид,
ноҳияи Ванҷ