Симои шаҳру ноҳияҳои кишвар сол ба сол ҳусну таровати рӯзафзун мегирад, вале сафариёни масири Душанбе - Хоруғ ободонӣ ва зебоии шаҳраки Қалъаихумб ва деҳоти гирду атрофи онро ба мақоми аввал мегузоранд. Роҳбари Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб бонуи созанда, соҳибтаҷрибаву масъулиятшинос ва меҳрубону меҳмоннавоз Шаҳригул Қодирова оид ба таҳаввулоти солҳои охир дар маркази ноҳия ва деҳоти гирду атрофи он чунин гуфт:
- Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро «ду боли иқболи Тоҷикистон» метавон унвон дод. Кас, вақте ба ҳаёти амн, осуда ва авҷи созандагиҳову ободкориҳо менигарад, беихтиёр ҳаққонияти ин суханонро дарк мекунад. Истиқлолият ва Ваҳдат барои ширкати фаъоли мардум дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ шароит фароҳам оварда, дар баробари Ҳукумат соҳибкорони соҳибдилу ташаббускор низ саъй меварзанд, ки дар шукуфоии гӯшаи диёр саҳми босазо гиранд.
Аз минбари зери шаҳчанори шаҳрак Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохта шудани роҳи замонавии байналмилалии Душанбе – Кӯлоб - Дарвоз - Қулма мужда дод, ки ҳодисаи таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии тамоми сокинони ҷумҳурӣ гардид. Бо маблағгузории давлат дар ҳудуди деҳот Парчам ва Нишони давлатӣ, бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, биноҳои шуъбаи маориф, прокуратура, комиссариати ҳарбӣ арзи вуҷуд намуда, мактабҳои нав ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта ва ё навсозӣ шуданд.
Корхонаи дӯзандагии «Кохи бонувон», ки бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори олиҳиммат бунёд ёфт, яке аз калонтарин ва замонавӣ аз лиҳози таъминоти техникӣ ба шумор рафта, айни ҳол дар он бештар аз 70 бону соҳиби ҷойи кор аст. Дар меҳмонхонаи панҷситорадори «Карон палас»-и маркази ноҳия, ки ҳамеша мизоҷони зиёд дорад, ба меҳмонон хизматрасонии олидараҷаи байналмилалӣ пешниҳод мешавад. Мумфарш гардидани се километр роҳи маркази ноҳия ва пурра навсозӣ шудани мактаби №1 ҳам бо маблағгузории соҳибкорони ободкору созанда сурат гирифта, майдони баргузории машқҳо ва мусобиқот дар ихтиёри варзишгарон қарор дода шудааст.
- Дар деҳот 8 ҳазору 545 нафар сукунат дошта, аз деҳаи Паткуноб то Гишон 24 деҳаро дар бар мегирад, - гуфт раис.
Ба занон бештар бовар кард
Дар даврае, ки Шаҳригул мактабро хатм намуд, духтарон одатан духтур ва ё муаллима шудан мехостанд. Ҳисобу китоб асосан кори мардона ҳисоб меёфту дар идораву муассисаҳои давлатӣ мутахассисони ҳисобчӣ ва иқтисоддон аз ҳисоби бонувон ангуштшумор буданд.Чунин муносибат ба азми ин духтари аълохон ва якрав дар мавриди интихоби касб таъсир гузошту тасмим гирифт, ки ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорад ва соли 1984 бо дипломи аъло ва ихтисоси иқтисодчии банақшагирии хоҷагии қишлоқ онро хатм намуд.
- Имрӯз ба шарофати сиёсати гендерӣ бонувони зиёд дар вазифаи ҳисобчиву иқтисодчӣ кор мекунанду роҳбарии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодиро бар дӯш доранд. Занон шараф, обрӯ ва нуфузашонро дар оила ва ҷомеа хеле гиромӣ медонанду талош меварзанд, ки вазифаҳояшонро содиқона ва софдилона иҷро намоянд. Аз тарафи дигар, покизакорӣ, дақиқназарӣ, масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи бонувон боис мешаванд, ки шумораашон дар сохторҳои молия ва иқтисод афзоиш ёбад,- баён медорад ҳамсуҳбатам.
Масъулияти раисӣ
Дар таърихи ВМКБ ҳамагӣ як ё ду нафар зан колхоз ва ё совхозро роҳбарӣ намудааст, ки Шаҳригул Қодирова яке аз онҳост. Коргарони совхози номдори «Сарҳадчӣ» дар қатори раисони зиёд раисаи ҷавон ва серкору сахтгирашонро дар ёд доранд, ки чӣ гуна аз мардон кам намеомаду барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва сафарбарии азму ирода ва неруи коргарон ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ талош меварзид. Нигоҳи бурро ва боварибахши роҳбари ҷавони хоҷагӣ аз саҳифаҳои маҷаллаи «Агропромышленный комплекс Таджикистана» собит месозанд, ки хоҷагии номбурда анъанаҳои пешравии истеҳсолиро бо роҳбарии зан боз ҳам бештар афзоиш додааст. Дар саҳроҳои ин совхоз ифтихори бонувони тоҷик Фотима Суфихонова (ёдаш ба хайр) обутоби меҳнатӣ ёфта, соли 1960 вақте ба бари синааш Ситораи тиллоии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро овехтанд, ҳар бонуи арсаи меҳнат ҳавас мекард, ки ба ӯ баробар шавад.
Норасоии мутахассисони риштаи ҳисоб ва иқтисод боис гашт, ки ӯро иқтисодчии комиҷроияи ноҳия таъйин намоянд. Дар ҷараёни кор қобилияти ташкилотчигиаш зоҳир шуда, ӯро ба вазифаи котиби комитети ҷавонони совхози «Сарҳадчӣ» пешбарӣ намуданд. Кумитаи комсомолии совхози мазкур мақоми кумитаи комсомолии ноҳиявиро дошт, зеро аз рӯи шумораи аҳолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ яке аз калонтаринҳо дар ноҳия маҳсуб меёфт. Роҳбарияти ноҳия бо назардошти таҷрибаи истеҳсолӣ ва ташаббускорӣ кадри ҷавонро ба вазифаи директори совхоз пешниҳод намуданд.
- Одатан, мардум ба раис, ки мошинсавор аз бригада ба бригада хабар мегирифт, бо ҳавасу ҳасад менигаристанд, вале кор хеле душвор буд, зеро барои афзоиши самаранокии истеҳсолот фарҳанги хуби муносибат бо мардум, таъмини саривақтии хоҷагӣ бо техника ва тухмии хушсифат лозим буду қатори автомашинаҳо бо тухмии картошкаро аз Тоҷикобод роҳбаладӣ мекардам. Дар ун солҳо, ҳамчунин, мактаби олии комплекси агросаноатиро хатм намудам ва дар қатори 75 раису директори колхозу совхози ҷумҳурӣ ягона шунаванда-зан будам, - мегӯяд ӯ.
Шаҳригул Қодирова бо фаъолияти пурсамар дар вазифаҳои масъул дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ саҳм гузоштааст.
Дар он рӯзҳои сангин аҳолии ноҳия аз ҳисоби ҳиҷрати дохилӣ қариб ду маротиба афзуда, назорати марз хеле суст гардид, беназмӣ ва ноумедӣ дар қалбҳои мардум лона гузошт. Вале, мақомоти маҳаллӣ дар чунин шароити душвор лаҳзае фаъолияташро қатъ накарду кормандон дар сахттарин лаҳзаҳо ҳам бо боварӣ ба ояндаи нек вазифаҳои хидматиашонро иҷро менамуданд.
Шаҳригул Қодирова ба ҳайси сармутахассиси идораи андоз ва сипас мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия бо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалӣ марбут ба моҳияти андозситонӣ дар пур намудани буҷети ноҳия ва ҳалли масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ҳамкорӣ бо мардум, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлат хизматҳои арзанда анҷом дод.
Роҳбар ва модари хушбахт
Қиблагоҳам - собиқадори ҷангу меҳнат ҳангоми муддате кору зиндагӣ дар ноҳияи Ваҳдат модарамро, ки зодаи Сарихосор буд, ба ҳамсарӣ гирифта, ба зодгоҳаш Қалъаихумб овард, - қисса кард ҳамсуҳбатам.
Ин бонуи саодатманд дар баробари сарвари муваффақ модари хушбахт аст. Бо ҳамсараш Раҳмонхӯҷа Ҷӯрахӯҷаев (равонаш шод бод) се фарзандро ба камол расонд.
Ёфт ном аз мардумаш…
Чанде қабл сокинони ноҳия Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск ва пеш аз ин Дабири кулли СММ Антонио Гуттеришро дар истироҳатгоҳи «Чорчаман» ва «Кохи бонувон», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб пазироӣ намуданд. Меҳмонони олиқадр дар баробари тамошои табиати асрорангези як гӯшаи бостонии кишвар аз молҳои бо завқи баланд офаридаи ҳунармандони маҳаллӣ таассуроти нек бардошта, изҳор доштанд, ки Тоҷикистонро барояшон бештар кашф карданд.
Солҳои охир иҷрои муташаккилонаи нақшаи сафарбарӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҳама пеш дар ҷумҳурӣ барои ноҳия анъана шудааст. Сокинони ватандӯсту ватанпарвари Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб таҳти сарварии бонуи ташаббускору ташкилотчӣ дар ин ҷабҳа низ пешрав ҳастанд. Барои ширкати фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳот раиса чанде қабл бо Ифтихорномаи вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва борҳо бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва вилоят сазовор гардидааст.
Бонуи соҳибэҳтирому соҳибтаҷриба, эҷодкору созанда ва принсипноку ташкилотчӣ Шаҳригул Қодирова вазифаи хидматиашро бо масъулияти баланд ба ҷо меораду меҳнати содиқона ӯро ба манзалати яке аз чеҳраҳои шинохта ва шоистаи бонувони муваффақ баровардааст.
Ш.МИРЗОҶАЛОЛ,
ноҳияи Дарвоз