Имрӯз таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат шарти асосии солимии мардум ба ҳисоб меравад, ки ба ин масъала давлату Ҳукумат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аммо, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила маҳсулоти пастсифатро ба бозори истеъмолии кишвар ворид месозанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои мукаммал гардондани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохториро зарур донист.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 595 Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, таъсис дода шуд.
Тавре Абдулваҳҳоб Афғонов, сардори Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, маълумот дод:
- Марказ ташхиси гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, асал, равғани растанӣ, меваву сабзавот ва растаниро амалӣ менамояд. Он дар се самти корҳои ташхисӣ фаъолият мебарад, самти соҳаи байторӣ, самти соҳаи фитосанитарию карантини растанӣ ва самти санҷиши сифати тухмӣ, - мегӯяд А. Афғонов.
Дар самти соҳаи байторӣ ташхиси бемориҳои сироятии ҳайвонотро, ки метавонанд аз ҳайвон ба одам гузаранд, месанҷанд. Ҳангоми воридоти молу маҳсулоти озуқаворӣ ба кишвар сертификати мутобиқат, сертификати истеҳсол, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва аввалияи давлати содироткунанда ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ аз ҷониби намояндаи дидбонгоҳи раёсати кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт аз назар гузаронда мешавад. Ва ҳатман аз он молу маҳсулот ва борҳое, ки таҳти назорати мақомоти бехатарии озуқаворӣ қарор доранд, намунаҳоро ба марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ барои хулосабарорӣ мефиристанд.
Дар дидбонгоҳҳои назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ, озмоишгоҳҳои хурд амал мекунанд. Онҳо танҳо ташхиси аввалияи молу маҳсулоти рустанӣ, ба мисоли меваву сабзавотро мегузаронанд.
Имрӯз дар кишвар 23 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ: 1 маркази миллӣ, 3 маркази вилоятӣ ва 19 маркази шаҳрӣ, ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ ва минтақавӣ амал менамоянд. Ҳамчунин, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таъминоти бехатарии озукаворӣ амал мекунанд.
Ба мисол, маҳсулоти гӯштие, ки ба Тоҷикистон ворид мегардад, танҳо пас аз ташхис ва гирифтани шаҳодатномаи роҳбаладикунандаи марказ то ба анбори нигаҳдорӣ дохил мешавад. Тибқи тартиби қонунгузорӣ ширкати воридкунанда муваззаф аст анбори нигаҳдории молу маҳсулоти озуқавориро қаблан аз аттестатсияи шароити истеҳсолӣ гузаронад. Аттестатсияи мазкур аз ҷониби марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ гузаронда мешавад.
Маводи воридотӣ, инчунин, аз санҷишу ташхиси Агентии «Тоҷикстандарт» гузашта ба муҳлати се моҳ сертификати мутобиқат дода мешавад. Ҳангоми ба талабот ҷавобгӯ набудан ё надоштани иҷозатномаи кишвари воридкунанда, молу маҳсулот нобуд ва ё баргардонда мешаванд.
Соли 2018 аз бозорҳои истеъмолии кишвар 2 ҳазору 649 намуна ё зиёда аз 4 тонна молу маҳсулот баъди ташхис бесифат дониста шуда, аз муомилот бароварда ва нобуд карда шуданд. Инҳо маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, намак, асал ва меваю сабзавот мебошанд.
- Марказ алҳол бо ҳама таҷҳизоти зарурии муосир таъмин аст ва мутахассисони аз чор се марҳилаи омӯзишро барои кор кардан дар таҷҳизоти муосир гузаштаанд. Баъди пурра аз худ намудани малакаи кор бо ин таҷҳизот мутахассисони мо метавонанд пурра ташхисҳои оид ба бехатарии маводи озуқавориро анҷом диҳанд, - афзуд сардори марказ.
Барои боз ҳам пурзӯр ва самаранок намудани кор дар ин самт Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
- Дар ҷаласаи 11 - уми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, дар ҷамъбасти соли гузашта, зимни баррасии масъалаи рӯзнома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз фаъолияти мақомоти аъзои шӯро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки тибқи таҳлилҳо дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоии ба саломатӣ хатарнок ва пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам фаъолияти мақомоти аъзои шӯро қаноатбахш нест, - иброз намуд Ситора Шерзода, муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт», ки ҳамзамон муовини раиси шӯрои мазкур аст.
Сарфи назар аз корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳоло ҳам бо айби бархе аз соҳибкорон, ки манфиати худро аз манфиати давлату миллат боло мегузоранд, ба бозор маҳсулоти пастсифат ва ба талаботу меъёрҳои стандартӣ номувофиқ ворид мешаванд.
Тавре масъулони соҳа иброз намуданд, бо мақсади пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ба бозори истеъмолӣ соли 2018 дар гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи Поён» 42, 8 тонна моҳии яхкардашуда ва 131, 5 тонна маҳсулоти гӯшти паранда, ки бе иҷозатномаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ворид гардида буданд, боздошт ва бозпас гардонда шуданд.
Аз ҷониби озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 994 ҳазору 965 ташхис гузаронда шуда, 33 тонна маҳсулоти гӯштиву ширӣ, 57 ҳазору 137 дона тухм, зиёда аз 85 тонна меваю сабзавот, 587 кг моҳӣ, 1 ҳазору 145 литр равғани рустанӣ ва 208 кг асал ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздошт ва тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шуданд.
Хушбахтона, соли 2018 дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқавории гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо мақсади пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат, зараррасонҳои карантинӣ ва барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ боз 8 озмоишгоҳи ташхиси бехатарии озуқаворӣ таъсис ёфт.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти минбаъда низ татбиқи қонунҳои амалкунанда, таҷҳизондани озмоишгоҳҳои ташхисии соҳа, тақвият додани назорати бозори истеъмолӣ ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулоти бесифат ва хатарнок ба нақша гирифта, оянда ҳамчун ниҳоди навтаъсис дар ҳамбастагӣ бо идораҳои марбута метавонад дар бартарафсозии мушкилоти соҳа саҳми назаррас дошта бошад.
P.S.: Дар сурати хариди маводи хӯрока ва тамоми маҳсулотҳои дигари шубҳанок ё муҳлати истифодабариаш гузашта ба телефонҳои 988-50-22-22; 233-68-69 занг занед
Далер Сафар