Сол ба сол дар Тоҷикистон теъдоди кошонаҳои ҳусн афзуда, талаботи мардум низ ба он зиёд гаштааст. Вале, суоле ба миён меояд, ки магар дар чунин толорҳои ороишӣ, ки хизматрасонӣ аксаран бо истифодаи як асбоб сурат мегирад, тозагӣ то куҷо ба талабот ҷавобгӯ аст?
Дар баъзе толорҳои ҳусн одитарин қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ риоя намегарданд. Хабарнигори мо аз чанд кошонаи ҳусни пойтахт дидан кард.
Кошонаи ҳусни «Наргис», ки дар хиёбони Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ воқеъ аст, яке аз толорҳои зебои сермизоҷ маҳсуб меёбад. Мушоҳида гардид, ки яке аз пардозгарон бидуни ниқоб ва дастпӯшак ба тоза кардани нохунҳои дасти бонуе машғул аст. Рӯи мизи кориаш ба ҷуз аз лавозимоти ороишӣ чизҳои зиёдатӣ бетартиб меистоданд. Ин бону либоси махсуси корӣ низ ба бар надошт. Пас аз ним соат мизоҷи ӯ рухсат шуду берун рафт ва зани дигаре назди ӯ нишаст. Қайчиеро, ки нохунҳои мизоҷи қаблиро тоза кард, ба даст гирифту ба пахта андаке спирт рехта, онро ба таври худ пок кард ва корашро идома дод. Асбоби махсуси тамйизкунанда ба мушоҳида нарасид. Ин нуқтаи нохунороӣ дар толори умумӣ ҷойгир аст, ки фарши он на ҷорӯб дида буду на латтаи тар. Ҷевонҳои ҳар кадоме аз пардозгаронро, ки пур аз ҷиҳози ороишӣ буданд, чанг «оро» медод. Ҳол он ки пас аз анҷом додани ҳар амали поккорӣ бо маҳлули хлор шуста баромадани фарши толор муҳим ва ҳатмист, вале аён буд, ки дар ин ҷо амали муҳимро ба эътибор намегиранд.
Дар кошонаи ҳусни воқеъ дар наздикии дорухонаи «Гарант»-и пойтахт низ чунин манзараи ҳузновар мушоҳида гардид. Ин ҷо пардозгар ба тоза кардани нохунҳои пойи мизоҷе машғул буд. Агарчи барои анҷом додани ин амал ҳуҷраи алоҳида ҷудо гардида бошад ҳам, пардозгар на дастпӯшак дошту на ниқоб. Асбоби махсуси тамйизкунӣ низ мавҷуд набуда, олоти кории ӯ низ танҳо аз як асбоб иборат буд. Мутахассис дар рафти кор бо дастони ношуста ба зангҳои телефонӣ ҷавоб медоду суҳбат меорост. Қайчии мавриди истифодаро дубора бо маҳлули спирт тамйиз намекард.
Мутобиқи қоидаҳои санитариву гигиенӣ ҳангоми ороиш додани дасту пойҳои мизоҷон пардозгар бояд либоси ягонаи корӣ, аз қабили хилъати сафед, дастпӯшакҳои резинӣ, ниқоб, пешдоман ва сачоқчаҳои шахсиро доро бошад. Ҳаммомчаҳо барои нарм кардани пӯсти дасту пой, мавҷудияти оби гарму сард, чароғи равшанидиҳанда, пурбин, сандуқи махсус барои нигаҳдории асбобу анҷом, маҳлулҳо барои безараргардонӣ, асбоби махсуси тамйизкунӣ, ҷевон барои либоси тоза ва асбоби махсус барои гирифтани либосҳои як бор истифодашуда ҳатмӣ мебошанд. Пардозгар зоҳиран низ бояд ба ин пеша худро мутобиқ гардонад, аз қабили пурра ҷамъ кардани мӯйи сар ва зери сарпӯши тиббӣ пинҳон кардани онҳо. Пурра қайчӣ задани нохунҳои дасти худ ва бо ранги паст ороиш додани онҳо. Мутаассифона, ҳеҷ кадоме аз ин қоидаҳо дар ин кошонаи ҳусн риоя нагардидаанд.
Дар кошонаи ҳусни «Шукрона», ки дар маркази савдои «Садбарг» ҷойгир аст, манзараи пешин гӯё такрор меёфт. Пардозгар, пас аз қайчӣ задани мӯйи сар, аз шонае истифода мебурд, ки мӯйи сари чандин нафарони қаблӣ бо он шона карда шуда буд. Бидуни шустану пок кардан, ӯ хизматрасонии худро ба дигар мизоҷон идома медод. Шояд бо ин роҳ интиқол ёфтани хоришаки пӯсти сар, захм ва дигар навъи бемориҳоро намедонист. Ва ҳам дар натиҷаи ба ҳам расидани хуни мизоҷон сироят ёфтан аз бемориҳо, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва ғайра аз эҳтимол дур нест.
Сачоқе, ки бо он сари як нафар пок карда мешуд, бе шустушӯй дар рӯи асбоби либос хушккунанда хушк карда, дубора мавриди истифодаи дигар мизоҷон қарор мегирифт ва ҳеҷ кадоме аз онҳо дар ҷевони махсус нигоҳ дошта намешуданд. Дар ин росто, мизу курсиҳои ин макон олудаи чирку нопокиҳост. Тӯли як соати мушоҳида ҳеҷ як асбоби истифодашуда на тамйиз гардиду на шуста.
Дар кошонаи ҳусни «Нигин», воқеъ дар наздикии МТМУ №1 пойтахт низ фаъолият таассуфовар будааст. Пардозгаре бо сари ранголудаи ҳанӯз нашуста абрувони мизоҷеро мечид. Ҳатто сарпӯше ҳам надошт. Аз либоси ягона ва пешдоман дараке набуд. Бо як чустак абрувони ду нафарро чида, бо як мӯқалам ранг мемолид. Ҳатто бо маҳлули спирт чустакро тоза намекард. Мебоист, ки пас аз ҳар маротибаи чидани абрӯ чустакро дар маҳлули безараргардонӣ на кам аз 15 – 20 дақиқа нигоҳ дошта, сипас мавриди истифода қарор диҳад. Аммо…
Тибқи қоидаҳои маъмули санитарӣ ҳама гуна асбобу воситаҳое, ки барои ороиши дасту пойҳо, абру, мӯйи сар ва амсоли инҳо истифода бурда мешаванд, қабл аз он бояд ҳатман ҷӯшондан ва ё дар асбоби тамйизгарӣ безарар гардонида шаванд. Он асбобҳое, ки ҳангоми ҷӯшондан эҳтимолияти обшавӣ доранд, дар моеи «каретник» муддати 1 соат нигоҳ дошта мешаванд. Ин моеъ аз кислотаҳои карбол, формалин, гидрокарбонати натрий, кислотаи борний ва об омода мешавад. Вале, мутаассифона, дар ҳеҷ кадоме аз кошонаҳои ҳусни зикргардида аз ин моеъ истифода накарданд ва шояд оид ба он маълумоте ҳам надошта бошанд. Дорувориҳои ниёзи аввал, аз қабили йод, пахта, дока ва хокаи маргансовка низ дар ин толорҳо мавҷуд набуданд, ки барои ороишгарони дасту пой маводи зарурӣ маҳсуб меёбанд, зеро дар вақти амалиёт захм бардоштани ангуштони дасту пой аз эҳтимол дур нест.
Мухбири мардумӣ