Дар масъалаи оростани дастархон дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон бархе аз муҳтавои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хубӣ бархӯрдор нашуда, сару садоҳо мекарданд, ки ҳаҷму андозаи дастархонро низ муайян намудаанд ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар ин рӯз ба манзили сокинон омада, аз дастархон дидан хоҳанд кард.
Тавре ки Саттор Маҳмудзода – сардори раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, дар мавриди чигунагии ҳаҷм ва андозаи дастархон ягон санади меъёрӣ -ҳуқуқӣ таҳия нашудааст. Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни мазкур соли 2017 ворид гардиданд, дар банди 4 моддаи 7 омадааст, ки дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, роҳ додан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ манъ аст.
- Дастархони маънавии идона ҳамон аст, ки он бо анвои хӯрданӣ лабрез нагардад, балки камхарҷу хоксорона ороста шавад. Мақсад аз таҳияи чунин хон суханони нек гуфтан ва ёд кардан аз гузаштагони хеш ва дуову фотиҳа кардан аст. Аз шириниву шакалодҳои гаронарзиш, ки ба нархи 1 килограмми он метавон 2 кг гӯшт ва ё 1 халта орд харид кард, худдорӣ намудан ба манфиат мебуд. Шириниҳои ватанӣ бо сифати хуб ва нархи дастрас хеле зиёданд. Аз уҳдаи пухтани ҳалво ва дигар хӯрокҳои миллӣ аксари бонувони тоҷик ба хубӣ мебароянд, ки, бешубҳа, дар муқоиса бо анвои дар шакли тайёр харида хеле арзонтар аст, - иброз дошт С. Маҳмудзода.
Муслиҳиддин Хоҷамирзода, корманди масъули раёсати мазкур, иброз дошт, ки танҳо масъулони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соли 2018 дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон аз манзили хизматчиёни давлатии минтақаҳои гуногуни кишвар дидан карданд. Маълум шуд, ки онҳо, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳо ва кормандони дигар мақомот мувофиқи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, ба зиёдаравӣ роҳ надодаанд.
- Мувофиқи маълумоте, ки аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад ва парвандаҳое, ки оид ба Қонуни мазкур рабт доранду аз судҳои шаҳру навоҳии кишвар дастрас мегарданд, зиёдаравӣ дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дар соли 2018 ба қайд гирифта нашудааст ва имсол низ тасмим гирифтаем, ки чунин рейдҳоро роҳандозӣ намоем, - гуфт М. Хоҷамирзода.
- Сарфаю сариштакорӣ дар адабиёти классикӣ низ зикр ёфтаанд. Дар «Шоҳнома» Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:
«Туро дахлу харҷат баробар будӣ,
Замона туро чун бародар будӣ», - зикр намуд С. Маҳмудзода.
Масъулияти дастрас кардани анвои хӯрданӣ барои дастархони ид бештар бар дӯши мардони хонадон аст. Онҳо пайи дарёфти маблағ чанд рӯз пеш худро ба бозорҳо мезананд. Фарҳод Каримзода, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки моҳе қабл аз ид ташвишу изтироб ӯро ором намегузорад, ки барои оростани дастархон то куҷо имконият пайдо хоҳад кард.
- Шуғли асосиам таъмиру тармими чархҳои мошин аст. Корам гоҳе барор мегираду гоҳ не. Маблағе, ки ба даст меорам, баъзан дар рӯзгор намерасад. Пеш аз ид барои харидани анвои дастархон ҳатто маблағ қарз мегирифтам. Аз ин рӯ, қонуни танзимро бо хушнудӣ қабул дорам. Акнун намоишкорӣ аз байн рафту таърифу тавсифи дастархони ҳамсоягонро намешунавем, - иброз дошт бо қаноатмандӣ Ф. Каримзода.
Ба гуфтаи М. Хоҷамирзода, шахс набояд дар оростани хони идона аз қудрат ва тавони худ маблағи бешро сарф намояд. Барои омода кардани дастархони пурдабдаба аз хешовандон, аз бонкҳо ва аз дигар нафарон қарз гирифтан ва худро ба доми қарз афкандан куллан ноҷоиз аст.
Ташвишу такопӯи бонувонро низ ҳамагӣ медонанд. Муддати ду ва ҳатто аз он зиёдтар шабонарӯз мижа таҳ накарда, бо истифода аз маҳорати кадбонугии хеш нону кулчаҳои зиёди танӯрӣ, орзуқу чагалдак, ҳалвову кулчақанду фарахша ва даҳҳо навъи дигари шириниҳо таҳия мекарданд.
Сокини шаҳри Душанбе Гуландом Амирова, ки дар яке аз ниҳодҳои давлатӣ фаъолият менамояд, иброз дошт, ки анъанаи шаб нахобида то саҳари солеҳон таҳия намудани анвои хӯрданӣ барои хони идона ҷозибаи махсусе дошт, ки муждаи нек аз ҷашни дарпешистода меовард. Аммо, барои занон сарборӣ буду исрофи маҳсулоти ғизоии зиёде дар пас дошт.
- Мақсад аз оростани дастархони маънавӣ он аст, ки дар рӯзи иди Рамазон ва Қурбон мардум аз ҳоли якдигар хабардор шуда, ниёзмандону барҷомондагон, ятимон ва маъюбонро фаромӯш насозанд, ба онҳо дасти мадад расонанд ва ба хурсандии хеш онҳоро низ шарик созанду баҳрашон хушбахтӣ эҳдо намоянд, - афзуд ҳамсуҳбатам.
С. ШАРИФӢ