Ҳар гоҳе субҳидам аз хоб чашм мекушоям, садои хушҳилони паррандагон, осмони софу беғубор ва нилгуни Хоруғи азизам, маро ба ваҷд меорад ва шукронаи Худои мутаъолро мекунам, ки дар кишварам сулҳу амонӣ ҳукмфармост.
Оре, сарчашмаи ин тинҷиву осудагӣ, сулҳу амонӣ ин Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст, ки 27 июни соли 1997 бо заҳмат, ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расида, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Мо зодагони замони Шӯравӣ ҳамасола идҳои зиёдро бо хушиву хурсандӣ ҷашн мегирифтем. Яке аз азизтарину дӯстдоштарини ин ҷашнҳо барои ман Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки ба туфайли он ва бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба он расидем. Бо шарофати Рӯзи Ваҳдати миллӣ бошад, соҳибистиқлолии кишварамон пойдор монд ва мо сокинони Тоҷикистон имрӯз дар фазои ҳамдигарфаҳмию дустӣ, муҳаббату рафоқат зиндагии осоишта дорем.
Чаро Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ман азизу муътабар аст? Бо амри тақдир солҳои 1988-1996 дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Ванҷ дар вазифаҳои муфаттиш, ёрдамчии прокурори ноҳия ва муддати каме ба ҳайси прокурори ноҳия адои вазифа доштам. Баъди моҳи октябри соли 1992 воридшавии гурезагон аз минтақаҳои ҷануби кишвар ба вилоят оғоз гардид. Ҳамарӯза саҳарии барвақт гурезагони иҷборӣ дар болои мошинаҳои боркаш, “камаз”-ҳо ба майдони марказии ноҳияи Ванҷ ворид шуда, гурезагони ноҳияи Ванҷро мефуроварданд ва баъдан ба шаҳри Хоруғ раҳсипор мешуданд. Аҳолии ноҳия корвони мошинҳоро пешвоз гирифта ба онҳо нон, мева ва дигар маводи озуқавории дар бисоташон доштаро пешкаш мекарданд. Хеҷ гоҳ аз хотирам фаромӯш намешавад, ки занҳо барои кӯдаки хурдсоле, ки дар бағали модараш болои кузови мошина вафот кардааст, чи қадар ашки ҳасрат рехтанд.
Шомгоҳон фарзандони гурезагон хона ба хона гашта, нон металабиданд ва мардум чизе, ки дар хона доштанд бо онҳо тақсим мекарданд. Ин буд оини меҳру муҳаббат, одаму одамгарӣ.
Рӯзи истироҳат буд. Санаи 9 апрели соли 1995. Соатҳои 4-5-и бегоҳ аз ҷониби яке аз қувваҳои мусаллаҳи зидидавлатӣ ба заставаи сарҳадии “Пайшанбеобод” ҳуҷум карданд. Садои гиряи кӯдакон, доду ғиреви ҳамсояҳо ба осмон мепечид. Мардум пиёдаву савора ба Ванҷи Боло раҳсипор гаштанд.
Он рӯз чи будани ваҳшати ҷангро бо чашми сар дидам, ки чӣ тавр беморхонаи ноҳия аз ҷавонони навхати захмбардошта пур шуд. Аз рӯзи баъд роҳро баста ягон касро ба маркази ноҳия даромадан ва баромадан намемонданд. Ҳамарӯза аз соати 8-и пагоҳӣ сар карда, чархболҳои сарҳадбонони Россия ба маркази ноҳия парвоз карда, ба болои кӯҳҳо оташ мекушоданд, ки он садои даҳшатбор дошт. Азбаски роҳ ба маркази ноҳия маҳкам буд, ғизои сокинон тамом шуда, баъди муҳосираи 2-ҳафтаина рӯзи 21-апрели соли 1995 қатори корвони мошинаҳо бо кӯмаки башардӯстона ба маркази ноҳия расиданд, ки хурду калон дар 2 тарафи роҳ корвони мошинҳоро бо ашки шодӣ истиқбол мегирифтанд.
Моҳи ноябри соли 1995 маро барои ба дигар вазифа таъйин кардан ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд. Аз маркази ноҳияи Ванҷ то шаҳри Душанбе зиёда аз 40 дидбонгоҳро гузаштем.
Ва имрӯз вақте ман баромади духтари 21-солаи ироқиро аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид оиди ваҳшониятҳо нисбати ӯ, аҳли оила ва ҳамдеҳагонашро мехонам, тариқи телевизион ваҳшати ҷангҳои Сурия ва Ироқро мебинам, шукронаи осмони соф, осудагӣ, тинҷиву амонӣ, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар кишварамро мекунам.
Шукрона аз он мекунам, ки имрӯз вақте ба шаҳри Душанбе сафар мекунам, аз он харобаҳо, лавозимотҳои ҷангии қад-қади роҳҳо партофта асаре намебинам. Шукрона аз роҳҳои ободу бароҳат, биноҳои муҳташаму замонавӣ, гулгаштҳои зебои Ватан. Чеҳраҳои болидаи мардум, хандаи беғаши кӯдакон, ҷавонони пешрафтаву занбондонро мебинаму меболам.
Хушо ба ҳоли чунин миллат, сарнавишт ва тақдири он, ки дар китоби таърихаш ҷашни тиллоие дорад бо номи Рӯзи Ваҳдати Миллӣ. Таърихи сулҳи мо имрӯз барои ҷаҳониён дарси ибрат асту чун таҷрибаи сулҳофарӣ эътироф гардидааст. Мо бояд онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва барои наслҳои оянда чун муқаддасот ба мерос гузорем.
Ғаюрова Фаросатмо,
сокини шаҳри Хоруғ,
роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии занон барои адолат