Истадхон Саламова, раиси ҷамъияти «Дӯстӣ» – и тоҷикони шаҳри Саратови Федератсияи Россия, зодаи Исфараи бостонӣ ва макони хушбоду ҳавои Тоҷикистони азиз, модари ду шаҳписар - Анварбеку Зафарбек, бонуи хонадони ҳуқуқшинос Равшанбек Саламов.
Ӯ соли 1981 мактаби миёнаи рақами 33 деҳаи Кулкандро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст. Дар омӯзишгоҳи технология ва биохимияи шаҳри Саратов таҳсил карда, баъдан коллеҷи технологӣ-химиявиро ба итмом расондааст ва муддате чанд ба ҳайси лаборант-таҳлилгар дар Саратов фаъолият намудааст. Минбаъд фаъолияти хешро дар бонки Осиёимиёнагии «Молбулак» идома додааст.
Шиносоии нахустинам бо Истадхон соли гузашта дар шаҳри Маскав дар форуми байнипарламентии Тоҷикистону Россия ба вуқӯъ пайваст. Бо ҳам хеле суҳбат кардем ва дарёфтам, ки Истадхон бонуи хеле ватандӯсту фаъол ва нафаре мебошад, ки дасти мададашон ҳамеша ба ҳамватанони дар шаҳри соҳили дарёи бузурги Волга буда мерасад. Шаҳри Саратов ба минтақаи Приволжеи Россия мансуб буда, дорои зиёда аз ду миллион аҳолӣ аст. Дар қатори дую ним миллион аҳолии Саратов панҷ ҳазор ҳамватанони мо низ сарбаландона аз пайи кору зиндагианд.
Истадхон Саламова соли 2015 бо шавҳараш Равшанбек, ки ҳуқуқшиноси варзидаест, тасмим мегиранд, то барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанон дар шаҳри Саратов ҷамъияти тоҷиконро бо номи «Дӯстӣ» таъсис диҳанд.
– Ибтидои ҳама кор душвор аст, вале маро волидонам тавре тарбия кардаанд, ки пеши мушкилиҳо набояд сар фуруд орам ва падари зиндаёдам, ки ангишткани машҳури Шӯроб буданд, хислатҳои сабурӣ, ташаббускорӣ ва меҳнатдӯстиро ба мо ҳамеша талқин мекарданд, - мегӯяд ин бону.
- Баъзан аз нафароне, ки таърихи халқи худро наомӯхта, орӣ аз саводи кофӣ ба Россия меоянд ва баъзан бо эродҳои носолими хеш боиси афсурдахотирии дигарон мегарданд, сахт андуҳгин мешавам. Хоҳони онам, ки ҳамаи он ҷавононе, ки озими Россия ё кишварҳои дигар мешаванд, пеш аз сафар бояд дар баробари касбомӯзӣ ақаллан бо роҳи фаҳмондадиҳӣ бо таълими ройгон аз фанҳои таърих, ҳуқуқ, забон ва адабиёт ва ғайра фаро гирифта шаванд. Дар баробари ин, оид ба қонунҳои амалкунандаи Федератсия Россия маълумоти мухтасарро доро бошанду забони русиро низ донанд.
Вақте ки мо ҷашнҳои бузурги Наврӯз, Ваҳдати миллӣ ва фестивалҳои гуногуни расму оин ва хӯрокҳои миллиро доир менамоем, мардуми таҳҷоӣ ба мардуми тоҷик бо назари мусбат менигаранд. Хоҳони онам, ки фарзандони тоҷикон, ки дар Россия ба дунё меоянд, забони тоҷикӣ, расму оин ва фарҳанги волои ниёгони худро фаромӯш насозанд. Писарони ман ҳар куҷо ки бошанд, аз тоҷик будани хеш ифтихор мекунанд, - афзуд ин бонуи матинирода.
Дар тарабхонае, ки онро бону Истадхон таъсис додааст, бештар хӯрокҳои лазизи тоҷиконаро таҳия карда, ба мизоҷон пешкаш менамоянд. Писари хурдии ӯ дорои нонпазхона буда, нону кулчаҳои хуштамъу хушмазаи тоҷиконаро ба мизоҷони ин шаҳр пешкаш месозад. Барои беҳтар кардани шароити буду боши ҳамватанон ва мардуми Осиёи Марказӣ, ки ба шаҳри Саратов меоянд, бону Истадхон ва шавҳараш бинои чандқабатаеро сохтаанд, ки дар ошёнаи аввали он ошхона бо нархи хеле дастрас ҷойгир аст. Ошёнаи дуюм ва сеюми онро чун меҳмонхона муҷаҳҳаз кардаанд, ки арзиши истиқомат дар як шабонарӯз 300 рубли русиро ташкил медиҳад.
Ба чеҳраи нуронии ин бонуи ватандӯсту боҷасорати тоҷик нигариста, касро ҳисси ифтихор аз ҳастии чунин ҳамватани бонангу номус фаро мегирад. Роҳбарони ҷамъияти тоҷикони Россия, ки аксари онҳо мардонанд, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҳамватанонро ҷиҳати фароҳам овардани шароити зист ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо мебояд, ки аз ин бонуи хирадманд сабақ омӯзанд.
Садбарг БОҚИЕВА,
шаҳри Саратови ФР