Обунаи шаҳрвандони алоҳида ва идораву муассисаҳои ВМКБ ба нашрияҳои даврӣ афзоиш ёфта, дар соли равон ба 39 ҳазору 829 нусха расид. Бонуи хаткашон Суман Худоёрова дар тарғиби обуна ва фаврияти дастрас намудани матбуоту муросилот ба мардум саҳмгузор аст.
Ин бонуи гармрӯи резапайкар ва чолокро ҳар рӯз бо бастаи маҷаллаву рӯзномаҳо дидан мумкин аст, ки барои расонданашон ба хонандагон шитоб дорад. Касе боре дар кӯча зиёд истодану ҳамсуҳбат шуданашро бо нафаре ёд надорад. Хонандагони зиёд дар идораву муассисаҳо ва маҳаллаҳо омаданашро интизор мешаванду медонанд, ки ин бонуи тозакор матбуот ва муросилотро сари вақт барояшон дастрас менамояд. Ӯ ба 67 идораву муассиса ва сокинони чор маҳаллаи шаҳр хизмат мерасонаду касе боре ҳам аз вай шикоят набурдааст.
- Дар баробари таъмини фаврияти дастрасии матбуот ва муросилот дар фурӯши нашрияҳое, ки бидуни обуна ба почта ворид мешаванд, фаъол асту аз ин ҳисоб маблағи зиёдтар нисбат ба дигар ҳамтоёнаш ба корхона ворид месозад. Шахси хеле масъулиятшиносу коргар аст, - мегӯяд дар бораи хаткашон сардори КФВД-и «Почтаи тоҷик» дар вилоят Маъруф Шониёзов.
Дар хоҷагии ноҳияи Шуғнон аз ӯ чун коргари меҳнатдӯст ва серғайрат ва дар мактабе, ки соле чанд китобдор буд, чун корманди ҳалолкору нисбат ба иҷрои вазифааш сахтгиру серталаб, ёд мекунанд. Вақте шавҳар карду ба шаҳр омад, соҳиби се фарзанд гардид. Атфол калонтар шуданду модар тасмим гирифт, ки бо дастмузди кораш дар сомони рӯзгордории хонаводаашон ҳисса гузораду чун дар шароити танқисии ҷойи кор дар шаҳр барояш пешниҳод карданд, ки фарроши идораи почтаи вилоятӣ шавад. Ӯ ин корро бе дудилагӣ пазируфт.
Почта он рӯзҳо танқисии шадиди молиявиро аз сар мегузаронд. Бинобар маоши кам, бештари хаткашонҳо ба иҷрои вазифаашон бо дилсардӣ муносибат менамуданд. Аммо, ин ҳолат ба рӯҳияи бонуи коргар таъсире надошту ӯ бо ҷидду ҷаҳди зиёд рӯзе чанд бор муассисаро тоза мекард. Масъулиятшиносиву покизакорӣ, ҳамеша дилдодаи кор будану таҷрибаи муошират бо хонандагон, ки ӯ ҳангоми ба сифати китобдор буданаш ҳосил намуда буд, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти коргоҳ берун намонд. Ҳолатҳое иттифоқ афтоданд, ки чун нафаре аз хаткашон аз беморӣ ва ё сабаби дигар ба кор ҳозир шуда наметавонист, Суман бо дархости мудирияти почта дар расондани матбуоту муросилоти фаврӣ ба мизоҷон ёрӣ медод.
- Дар маъракаи обунаи имсола дар вилоят шаҳрвандони алоҳида ва идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Дарвоз пештозанд. Инро аз як тараф чун нишонаи беҳтар шудани сифати мазмуну мундариҷаи матбуот ва боло рафтани сатҳи фарҳангӣ - маърифатии хонандагон ва аз сӯйи дигар беҳбуд ёфтани вазъи фаврияти дастрас намудани матбуот медонам, - изҳор дошт Маъруф Шониёзов.
Пош хӯрдани таъминоти мутамарказ ва оғози нобасомониҳои сиёсиву иқтисодӣ ба фаъолияти почта низ зарари ҷиддӣ расонданд. Соли 1995 обуна ба нашрияҳои даврӣ дар вилоят ҳамагӣ 800 нусхаро ташкил дод.
Дар чунин шароити душвор соли 1996 КФВД «Почтаи тоҷик» таъсис ёфта, дар муддати кӯтоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳо вазъи буҳронӣ ба тадриҷ бартараф ва фаъолияти бештари шуъбаҳои алоқа аз нав ба роҳ монда шуданд. Айни ҳол дар вилоят 41 шуъбаи алоқа ба мардум хизмат мерасонад.
Барои тақвияти даромади соҳа роҳбарияти муассиса бар асоси оинномаи хизматрасонии ғайрисоҳавӣ дар шуъбаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фурӯши молҳои дафтардорӣ ва рӯзномаҳои давриро ба роҳ монд. Аз моҳи январи соли 2016 «Почтаи фаврӣ» ташкил гардид, ки тавассути он муросилоти мизоҷон ба нишони таъйиншуда дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар муддати 72 соат ва ба кишварҳои дуру наздик дар муҳлати аз 7 то 10 рӯз дастрас мегарданд.
Ба гуфтаи М. Шониёзов, агарчи хаткашон шуғли мардона маҳсуб мешавад, дар таърихи «Почтаи тоҷик» дар ВМКБ бонувони зиёд бо меҳнати самаранок ва пуршараф дар рушди соҳа, ба вижа дар паҳнсозии матбуот нақши сазовор доранд. Суман Худоёрбекова, тарғибгари фаъоли матбуоти даврӣ, яке аз он бонувонест, ки анъанаҳои беҳтарини муассисаро идома медиҳад.
М. ҶАЛОЛ,
ВМКБ